ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ХУРОСОН МУҲТАРАМ САФАРЗОДА РАҲМАТУЛЛО БАХШИДА БА “РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА”

Ҳозирини гиромӣ!

Чӣ хеле, ки ба ҳамагон маълум аст, бо дарназардошти Қатъномаи Созмони Миллали Муттаҳид (СММ)  аз 20 сентябри соли 1993 таҳти № 47/237 15 май дар  тамоми ҷаҳон ҳамчун “Рӯзи байналмилалии оила” эълон гардида, аз соли 1994  ҳамасола таҷлил карда мешавад.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи Шумо иштирокчиён ва сокинони ноҳияи Хуросонро бо Рӯзи байналмилалии Оила табрик намуда, дар хонадони Шумо файзу баракат, осмони софу беғубор, дустиву рафоқат ва фарзанди солим орзу менамоям.

Бояд қайд кард, ки оила дар ҳама давру замон муқаддас ва рукни ибтидоиву асосии давлат ҳисобида мешавад. Оила нахустин пойдевори иморати мӯҳташами давлатдорист ва ҳарчанд пойдевори иморат мустаҳкам бошад, он ҳамон қадар пойдору бошукӯҳ мегардад.

Оила ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ дар ташаккули шахсияти инсон аҳамияти муҳим дошта, пойдории он барои рушди босуботи ҷомеа хеле муҳиму зарурӣ мебошад. Воқеан ҳам ҳар як кишвар вобаста ба хусусиятҳои иҷтимоию фарҳангии худ ба оила муносибати хоса дорад. Дар кишвари мо низ оила ҳамчун ячейкаи аввалини ҷомеа эътироф шуда, таҳти ғамхории давлат қарор дорад. Заминаи мавҷудаи устувори меъёрии ҳуқуқӣ, сар карда аз Конститутсия ба оила муносибати хоса дошта, тибқи моддаи 33- и Конститутсия, давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад. Ҳар кас ҳуқуқи ташкили оиларо дорад. Мардон ва занон, ки ба синни никоҳӣ расиданд, ҳуқуқ доранд озодона ақди никоҳ банданд. Дар оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқанд. Мавқеи аъзои оила аз якдигар сахт вобаста мебошад. Пайғамбарамон Ҳазрати Муҳаммад (с) дар яке аз ҳадисҳояш гуфтааст, ки «Издивоҷ кунед, то зиёд гардед, зеро рӯзи Қиёмат аз зиёд будани умматам ифтихор хоҳам кард».

Мавриди қайд аст, ки Конститутсияи кишвар модару кӯдакро таҳти ҳимоя  ва ғамхории давлат қарор дода, падару модарро барои тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнатро барои нигоҳубин ва таъмини падару модар масъул гардонидааст.

Чуноне ки Президенти кишвар, мӯҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон қайд намуданд:  “Оила ҳамчун падидаи иҷтимоиву ҳуқуқӣ маҳаки асосии ҷамъиятро ташкил дода, дар сатҳи Конститутсияи кишвар барои ҳифзи он ва таҳти ғамхории махсуси давлат фаро гирифтани модару кӯдак аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҳамаи чораҳои зарурӣ андешида мешаванд”.

Ҳозирини гиромӣ !

Дар яке аз Паёми худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масоили мубрами ҷомеаро мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дода, қайд намуданд: “Масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон, дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи проблемаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад”.

Воқеан, нақши оила ҳамчун ҷузъи асосии ҷамъият дар тарбияи фарзанди солим, бомаърифату ватандӯст басо бузург аст. Мо бояд чунин оилаҳое бунёд кунем, ки дар он муҳаббати ҳақиқӣ, иззату эҳтироми байниҳамдигарӣ ҳукмфармо бошад. Зеро ки оила ҷузъи хурдтарини давлат буда, чӣ қадаре, ки оила мустаҳкам бошад ҳамон қадар давлат устувор мегардад ва имкониятҳои мо дар бунёди ҷомеаи ҳақиқатан демократӣ зиёд мешавад.

Ҳифзи муҳити анъанавии оилаи тоҷик ё худ муҳити тоҷикона дар он василаи муҳими нигоҳдошти урфу одат ва анъанаҳои неки ниёгон буда, тавассути он таҷрибаи иҷтимоию фарҳангӣ аз як насл ба насли дигар мерос гузошта мешавад.

Таърих тӯли садсолаҳо исбот намудааст, ки хонаводаи тоҷик ҳазорон фарзандони фарзонаро ба дунё оварда, ба камол расонд, ки онҳо барои халқу миллати худ хизматҳои шоёни таърихиро ба анҷом расонидаанд. Пас, месазад, ки дар ин марҳилаи муҳиму тақдирсоз, баҳри таҳкими оила ҳамаҷониба талош намоем, то  ин муҳит поку беолоиш ва осудаю ором бошад.

Ҳозири гиромӣ!

Ҷаҳони муосир имрӯз беш аз ҳар давраи дигар ҳассосу мураккаб гардида, ифротгароӣ ва терроризм ба як зуҳуроти ниҳоят ташвишовар ва зиёда аз ин, ба вабои аср мубаддал гардидааст.

Ин раванди хатарнок масъулияти падарону модаронро боз ҳам зиёдтар карда, аз онҳо зиракӣ, ҳушёрӣ, назорати доимии фарзандон ва ба тарбияи онҳо ҷиддӣ машғул шуданро тақозо менамояд.

Бахусус, модарони азиз метавонанд ва вазифадоранд, ки бо насиҳат ва эҳсоси муҳаббати модаронаи худ наврасону ҷавононро аз гаравидан ба гурӯҳу созмонҳои ифротиву террористӣ эмин доранд, ба онҳо сабақи дурусти ҳаётӣ диҳанд ва нагузоранд, ки фарзанди бо ҳазор ранҷу заҳмат парваридаи онҳо бадкирдору бадбахт шавад.

Зеро ба ҷуз модар каси дигар аз дили фарзанд огоҳ нест ва фарзанд низ модарро беҳтарин ва нахустин муаллими ҳаётии худ медонад.

Масъалаи дигаре, ки имрӯз боиси ташвиши аҳли ҷомеа гардидааст, ҷудо шудани оилаҳои ҷавон мебошад.

Дар бартараф кардани ин мушкилот низ оила нақши муҳим мебозад ва яке аз сабабҳои ҷудошавиро мо дар дуруст ба роҳ намондани тарбияи фарзандон ва омода накардани онҳо ба ҳаёти мустақилона мебинем.

Мутаассифона, баъзе падару модарон ба фарзандони худ аксари масъалаҳои ҳаётӣ ва нозукиҳои зиндагиро намефаҳмонанд, ки дар натиҷа духтарон бе тайёрии оилавӣ ба шавҳар мебароянд ва ба мушкилоти хонаводагӣ тоб наоварда, хонавайрон мешаванд.

Ба тарбияи фарзандони худ эътибори ҷиддӣ дода, онҳоро дуруст ба воя расонед, маърифати оиладориро ба нури чашмонатон хуб таълим диҳед, ба онҳо маданияту одоб омӯзонед, то онҳо беҳтарин ворисони шумо гардида, кишвари моро бо ақлу дониш, фарҳангу маърифат ва ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносии шоистаи худ зеби даврон гардонанд.

Дар охир ҳамаи Шумо ва дар шахсияти Шумо тамоми мардуми ноҳияро ба муносибати “Рӯзи байналмилалии оила” табрик намуда, ба Шумо пеш аз ҳама саломатӣ, саодати рӯзгор, осмони софу беғубор ва барори кор таманно менамоям.

Иди оила муборак !

Ташаккур ба диққататон, саломат бошед!