ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ ХУРОСОН МУҲТАРАМ РАҲМАТУЛЛО САФАРЗОДА БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Хабарҳо

Ҳозирини гиромӣ!

6-уми ноябр аз қабули санади сарнавиштсози давлату миллат, яъне Конститутсияи кишвар 23 сол сипарӣ мегардад.

Бинобар ин, ҳамаи шумо, ҳамдиёрони азизро бо ифтихору шодмонӣ ба муносибати ин санаи воқеан таърихӣ табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар яки шумо сулҳу осоиш ва ба кишвари маҳбубамон суботу пешрафти рӯзафзун орзу менамоям.

Ҳозирини муҳтарам !        

Имсол Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мардуми сарбаланди ноҳия  ҳамчун ҷашни муқаддаси таърихӣ бо дастовардҳои арзанда ва бо шукӯҳу шаҳомати хоса истиқбол гирифта истодаанд. Дар арафаи ин ҷашн пахтакорони ноҳия аз иҷрои нақшаи пахтасупорӣ баромаданд.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки агар ба даст овар­дани истиқлолият зарурати қабули Конститутсияи давлати муосирро ба миён гузошта бошад, қабули ин ҳуҷҷати муҳимми сиёсиву ҳуқуқӣ барои бунёди давлати соҳибистиқ­лола­мон заминаи устувор ба вуҷуд овард ва дар раванди таҳкими ҳоки­мияти давлатӣ ва аркони давлатдорӣ нақши барҷаста бозид.

Дар Конститутсия таъмини соҳибихтиёрӣ, истиқ­ло­­лият ва тамомияти арзии Тоҷикистон вазифаи асосии давлат эълон шуда, дар айни замон ба хотири ҳимояи ин арзишҳои конститутсионӣ ва ташаккули муназзаму муътадили давлати навини тоҷикон таѓйирнопазир будани шакли идораи кишвар, тамомияти арзӣ, моҳияти демок­ратӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат аз ҷумлаи мақсадҳои бунёдии Конститутсия эътироф гардид.

Аҳаммияти таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он ифода мегардад, ки ин санади сарнавиштсоз барои таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ замина гузошт ва омили асосии кафолати устуво­рии ҳаёти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон гардид.

Бо дарназардошти он, ки пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа натиҷаи сулҳу оромӣ ва ваҳдату ягонагӣ мебошад, дар Конститутсия дарҷ гардид, ки Тоҷикистон ҳамеша сиёсати сулҷӯёнаро дар амал татбиқ менамояд.

Дар таҳия ва омодасозии Конститутсияи даврони истиқлолият нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят назаррас аст. Ҳанӯз моҳи декабри соли 1993 дар арафаи муҳокимаи умумихалқии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сардори давлат чунин иброз дошта буданд: “Имрӯз вақти он расидааст, ки мо дар роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявӣ аз сухан ба амал гузарем, ки асоси эҷоди ин навъи давлатро Конститутсияи нави ҷумҳурӣ мегузорад”.

Бояд гуфт, ки Конститутсияи мо хусусияти миллӣ дорад, зеро он бо иродаи мардуми сарбаланди кишвар қабул гардида, дар ин ҳуҷҷати муҳим суннатҳои таърихии давлатдорӣ ва ѓояҳои инсондӯс­тонаи халқи фарҳангсолори  тоҷик­ инъикос ёфтаанд.

Мо дар сатҳи Конститутсия ба ҷомеаи ҷаҳон эълон доштем, ки халқи Тоҷикистон озодӣ ва ҳуқуқи шахсро арзиши олӣ шуморида, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф мекунад ва ҷонибдори бунёди ҷомеаи адолат­парвар мебошад.

Ҳамчунин, дар Конститутсия таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ мақсади фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ қарор дода шуд.

Халқи Тоҷикистон бори нахуст баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон гардида, кафолати ҳуқуқи шахс ба гуногунандешӣ, озодии сухан ва виҷдон муқаррар гардид.

Раванду рӯйдодҳои замони муосир тақозо мекунанд, ки ҳар як шаҳрванди кишвар ҷиҳати риояи меъёрҳои Конститутсия ва дар маҷмӯъ, меъёрҳои қонунгузории кишвар ва дарки амиқи моҳияти онҳо ҳамчун воситаи муҳими таъмини озодӣ, адолати иҷтимоӣ ва баробарҳуқуқӣ ҳамеша кӯшиш намояд.

Зеро дар шароити пуртаззоди дунёи имрӯза ва таъсири торафт афзояндаи равандҳои ҷаҳонишавӣ мо танҳо бо ҳамин роҳ метавонем, ки татбиқи ҳадафҳои неку созандаи пешгирифтаи давлати ҳуқуқбунёду демократии худро таъмин кунем ва заминаҳои адолати иҷтимоиро дар кишварамон тақвият бахшем.                 

Вазъи мураккаби баъзе минтақаву давлатҳои ҷаҳон бори дигар ҳар як фарди бедордил ва бонангу номуси ҷомеаро водор месозад, ки қадру манзалати зиндагисози сулҳу оромиро хуб дарк намояд ва дар доираи Конститутсия ва қонунҳо ба хотири ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон талош варзад. 

Конститутсия чун ҳуҷҷати муътабару муътамади тақдирсоз тавонист ифодагари манфиатҳои халқ бошад, миллати тоҷикро дар арсаи олам муаррифӣ намояд. Аз ин рӯ, вазифаи ҳар  шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки онро эҳтиром ва риоя намоем.                             

Дар ин роҳ ба ҳар яки шумо, ҳамдиёрони азиз, рӯҳи матин, нерӯи тоза ва дастовардҳои назаррас орзумандам ва бовар дорам, ки ҳадафҳои созандаву бунёдко­рона минбаъд низ илҳомбахши зиндагии ҳар як фарди бонангу номуси ноҳия хоҳанд буд.

Бори дигар ҳамаи шумо, ҳамдиёрони азизро ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон табрик гуфта, бароятон саломативу шодкомӣ, бахту саодат ва сарфарозии поянда орзу менамоям.

Ҳамеша саломату сарфароз бошед!

Ташаккур.