ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ХУРОСОН МУҲТАРАМ САФАРЗОДА РАҲМАТУЛЛО БАХШИДА БА ҶАШНИ «РӮЗИ МОДАР»

Хабарҳо

     Модарон ва хоҳарони гиромӣ!     Ҳозирини арҷманд!

     Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерӯбахши рӯҳу ҷон мебошад.

     Маҳз ба ҳамин хотир, мардуми тоҷик ва умуман, аҳли башар ба ин олиҳаи беҳамтову ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии ӯро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меоранд.

     Зеро меҳру муҳаббат ва файзу сафои модарон бо айёми эҳё шудани табиат таҷассумгари идомаи ҳаёт ва фардои нек мебошад.

     Ба ифтихори ин ҷашни бисёр мубораку фараҳбахш, яъне «Рӯзи модар» модарону бонувон, духтарон ҳамаи шумо, ҳозирини арҷмандро аз самими қалб табрик гуфта, бароятон хушбахтиву иқболи нек, толеи баланд ва рӯзгори ободу осударо орзу менамоям.

     Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми телевизионииашон  бахшида ба «Рӯзи модар» 07 марти соли 2017 қайд намудаанд, ки: «Мо ин рӯзро махсус чунин ном ниҳодем, то ки эҳтироми амиқу арҷгузории хосаи худро ба бузургиву зебоӣ ва азамату олиҳимматии модарони поксиришту офарандагони ҳаёти инсонӣ собит созем.

     Зеро аслу ҷавҳари Рӯзи модарро муҳаббату самимият, покиву садоқат ва ҳурмату эҳтироми беандоза нисбат ба зан-модар ташкил медиҳад». Меҳру муҳаббати беинтиҳои модарон аст, ки ҳар сол ин ҷашн бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардида, мо – фарзандонро водор месозад, ки ба қадру манзалат ва бузургиву фурӯтании модарону бонувон арҷгузорӣ кунем ва қарзи фарзандии худро дар наздашон ба ҷо орем. Онҳоро ҳамчун мавҷуди муқаддасу азиз эҳтиёт кунем ва ҳамеша дӯстдору дилбардорашон бошем.

     Суруди аввалине, ки ба гӯши фарзанд расида, ӯро хоби роҳат мебахшад, аллаи рӯҳнавози модар аст.

     Меҳри модари мушфиқу ғамхор барои ҳар як фарзанд аз оғӯши гаҳвора ва айёми тифлӣ оғоз ёфта, ӯро то лаҳзаҳои вопасини умр раҳнамоӣ мекунад ва мадору қувват медиҳад.

     Яъне бӯи биҳиштии модар ва лаззати шири поку сафедаш аз машоми фарзанд ҳаргиз фаромӯш намегардад.

     Беҳуда нест, ки гузаштагони хирадманди мо ҳанӯз чанд ҳазор сол қабл ҷашни модарро бо номи «Сипандормуз» таҷлил мекарданд ва ҳар субҳ рӯзи худро бо ниёиши неку хайрхоҳонаи «Дуруд ба зан, дуруд ба мард, дуруд ба зиндагӣ» шурӯъ менамуданд.

     Аз ин бармеояд, ки Рӯзи модар муборактарин рӯз аст ва хизмати фарзанд дар қиёси ранҷу заҳматҳои модар фақат қатрае аз баҳрро мемонад.

     Зан – модар муҷассамаи гӯёи зиндагӣ ва ширинтарин лафз дар забони одамӣ мебошад.

     Имрӯз бо қаноатмандӣ метавонем изҳор намоем, ки занону модарони мо дар ҷомеа мақому мавқеи сазовор доранд ва арзишҳои оиладорӣ, инсонӣ ва миллиро дар миёни фарзандони худ ва ҷамъият бо масъулияти баланд тарғиб менамоянд.

     Дар урфият мегӯянд, ки зани соҳибмаърифату боиффат гавҳар ва зани ҳунарманду кадбонуи сариштакор хазина аст.

     Ба ин маънӣ, занону модарони мо хазинаи бебаҳое мебошанд, ки тамоми қувваи худро барои тарбияи фарзандони соҳибмаърифату ватандӯст, дорои ахлоқи ҳамида ва ба ҳаёти мустақилона омода намудани онҳо сарф месозанд.

     Модари тоҷик ҳазорон нафар фарзандони бонангу номус, ҷасуру ватандӯст, абармардони хирадманду фарзона, сиёсатмадорони номдору фидокор ва номбардори миллатро ба дунё оварда, дар оғӯши пурмеҳри худ ба камол расонидааст ва онҳоро дар роҳи хизмат ба халқу Ватан раҳнамоӣ кардааст.

     Аз ин хотир, дӯст доштан, эҳтиром кардан, ба қадри ранҷу заҳмат ва меҳру муҳаббати модар расидан қарзи инсонии ҳар як фарзанди бедордил ва бонангу номус мебошад.

     Агар ободиву суботи ҷомеаро осоишу оромии ҳар як оила таъмин намояд, дар навбати худ, ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифат ва тандурустии зан – модар сарчашма мегирад.

     Таҷрибаи ҳаёт ва таърихи башарият собит месозад, ки дар ҳар кишваре, ки ба модарону бонувон арҷи бештар мегузорад, аҳолии он осудаву пешрафта мебошад.

     Дарвоқеъ, ба шарофати модар ҳаёт дар рӯи замин бардавому пойдор ва маҳз ӯ олитарин муқаддасоти башарӣ мебошад.

     Аз ин рӯ, барои ҳар яки мо симои аз ҳама маҳбубу меҳрубон ва нотакрору ҷовидона модар аст.

     Модар бароямон на танҳо азизтарин шахс, балки гаронбаҳотарин сарвати миллату давлатамон ба шумор меравад.

     Дили тавонои модар муҳаббатро мепарварад, рӯҳафтодаву дилшикастагонро умед мебахшад, ба ҳар кадоми мо боли парвоз ва нерӯи зиндагӣ ато мекунад.

     Бинобар ин, мо вазифадорем, ки қадру манзалати занону модаронро ба таври шоиста ба ҷо орем ва дар хотир дошта бошем, ки сарчашмаи бузургии кулли бузургони ҷаҳон модар аст.

     Ҳозирини гиромӣ!

     Сарвари давлат дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ  соли 2018 – ро дар кишвар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карда, баҳри ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фурӯши чунин молу маводҳоро аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод кард.

     Ҳоло дар кишвари мо имконият фароҳам оварда шудааст, ки занон дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа баробари мардон ширкати бевосита ва фаъол дошта бошанд.

     Барои духтарону занони хонанишин дар  ноҳия  Маркази касбомӯзӣ ва дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот корхонаҳои дӯзандагӣ, адрасбофӣ ва қолинбофӣ ташкил карда шуда, занону духтарони мо дар онҳо кору фаъолият намуда истодаанд.

     Бо вуҷуди ин, қисми зиёди занону духтарон ҳоло ҳам соҳиби касбу кор ва шуғли муайян набуда, ба захираҳои иҷтимоӣ, маънавӣ ва моддӣ кам дастрасӣ доранд.

     Барои ислоҳи чунин вазъият моро зарур аст, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огоҳии кадбонуҳо ва модарону хоҳарон тадбирҳои иловагӣ андешем, дар маҳалҳо соҳибкории хонаводагӣ ва соҳибкоронеро, ки дар ин самт фаъолият доранд, дастгирӣ карда, ҷалби духтарону бонувонро ба омӯзиши касбу ҳунар, аз ҷумла ҳунарҳои дастӣ ва дигар навъҳои косибӣ ҳарчӣ бештар вусъат диҳем.

     Ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки занону бонувони соҳиби касбу ҳунар ҳамеша рӯзгори ободу осуда доранд, ба қадри заҳмати мардон бештар мерасанд ва худашон низ ҳеҷ гоҳ хору муҳтоҷ намешаванд.

     Бонувони азиз!

     Ба наврасону ҷавонон омӯзонидани муносибатҳои оилавӣ, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии онҳо ва омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона аз ҷумлаи муҳимтарин арзишҳое мебошанд, ки ба мустаҳкам шудани оила мусоидат менамоянд.

     Барои бунёди оилаи солим, таъмини зиндагии орому осуда ва бартараф кардани мушкилиҳо ба навхонадорон зарур аст, ки мазмуну муҳтавои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» – ро  ҷиддӣ аз худ намуда, маърифати оиладории худро ҳарчӣ бештар баланд бардоранд.

     Аҳли ҷомеа бояд дар самти баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона ва пешгирии вайроншавии оилаҳо чораҳои доимии тарбиявӣ андешанд.

     Бовар дорам, ки бо кӯшишу талошҳо мо метавонем ба ҷавонон дар интихоби роҳи дурусти зиндагӣ кумак расонем ва риояи анъанаҳои миллии оиладориву солимии ҷомеаро таъмин намоем.

     Ҳамчунин, аз ҷониби фарзандон нигоҳубину ғамхорӣ намудан дар ҳаққи падару модар тавассути Конститутсия танзим гардида, дар ин асос дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” зикр шудааст, ки: «фарзанди болиғ ва қобили меҳнат уҳдадор аст, ки падару модари худро нигоҳубин карда, онҳоро дар синни пиронсолӣ аз ҷиҳати моддиву маънавӣ дастгирӣ намояд».

     Модарону бонувони азиз!

     Шумо дар раванди тарбияи фарзандон нақши ҳалкунанда доред ва набояд фаромӯш созед, ки тарбияи фарзанд дар навбати аввал вазифаи муқаддаси падару модар ва баъдан мактаб ва ҷомеа мебошад.

     Бояд гуфт, ки баланд бардоштани сатҳи маълумоту маърифат дар миёни занону духтарон шарти муҳимтарини беҳтар гардидани дараҷаи зиндагӣ, коҳиши камбизоатӣ, ҳалли масъалаи шуғл ва рафъи бекорӣ мебошад.

     Аз ин лиҳоз, волидайн ҳар қадар ба тарбия ва сатҳи саводнокии фарзанд бештар таваҷҷуҳ намоянд, ҷомеа ҳамон андоза пеш меравад, нерӯи инсонӣ тақвият меёбад ва мушкилоти оилаву ҷомеа камтар мешавад.

     Дар баробари ин, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки баъзан миёни иддае аз занон зиёдаравӣ ба назар расида, дар маъракаву чорабиниҳои оилавӣ сарфаю сариштакорӣ риоя намешавад.

     Агар ин камбудиҳо бартараф гардида, пеши роҳи хароҷоти барзиёд ва зоҳирпарастӣ гирифта шавад, табиист, ки буҷети хонавода афзуда, вазъи зиндагии оилаҳо боз ҳам беҳтар хоҳад гашт.

     Беҳуда нагуфтаанд, ки: “ба миқдори сари сӯзан сарфа кардани зан баракатро дар хонадон дучанд меафзояд”.

     Ин ишораҳо моро водор месозанд, ки маъракаҳоро камхарҷ гузаронем, зиёдаравӣ накунем, ба қадри нозу неъмати зиндагӣ расем ва талаботи қонунҳои миллиамон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”-ро ба хотири рӯзгори ободу оилаи хушбахт ҳамеша риоя намоем.

     Модарону хоҳарони меҳрубон!

     Модар гаҳвораву оламро бо ҳам мепайвандад, рисолати пурзаҳмати парвариши наслҳоро ба дӯш кашида, бо сиришту замири покаш барои ҳастии фарзанд, ободии хонадон ва осоиши ҷомеа талош менамояд.

     Баробари ин, дар сари гаҳвораи тифлаш шабзиндадорӣ карда, камолоти ӯро интизор мешавад ва тамоми ҳастиашро ба парвариши ҷигарбандаш сарф намуда, аз роҳи сидқ мададгораш мегардад.

     Ин рисолати бузурги инсонӣ мақому мартабаи модарро боз ҳам муқаддасу беназир гардонидааст.

     Ба қадри шири поки модар нарасидан, заҳмати бедорхобиҳои ӯро фаромӯш кардан, ба падару модар ситам кардан ва дар пириву дармондагӣ ба қадри ранҷу азоби онҳо нарасидан бузургтарин гуноҳ аст.

     Мо фарзандон агар тамоми умр ба модари худ хизмат кунем, бо ранҷи шабзиндадорӣ ва заҳмати ӯ ба хотири тарбияву ба камол расонидани мо баробар шуда наметавонад.

     Бояд ҳамаи мо модарони худро дӯст дорем, нисбат ба онҳо меҳрубону ғамхор бошем, иззаташонро ба ҷо оварда, ҳаргиз озорашон надиҳем ва нигоҳи пур аз меҳру шафқатро аз онҳо дареғ надорем. Қарзи фарзандии мо дар назди шахсияти мубораку биҳиштии модарон ҳамин аст.

     Мо дар симои шумо духтарону бонувони азиз олиҳаи бахту саодат ва зебоиро мебинем.

     Шумо бо меҳру вафоятон шӯълаи ишқу умедро абадӣ гардонида, эҳсоси инсониро дурахши пурҷило бахшидаед.

     Аз ин рӯ, кӯшиш намоед, ки ин сарвати бебаҳои ҳаёти худро ҳифз карда, меҳру муҳаббатро дар қалби хеш беолоиш ва фурӯзон нигоҳ доред, оиларо асоси зиндагии худ қарор диҳед ва сабуру қаноатпеша бошед.

     Аҳли ҷомеа ва фарзандони худро ҷиҳати ҳифзи истиқлолияту озодӣ, амнияти давлатӣ, суботи сиёсӣ ва таҳкими пояҳои ваҳдати миллӣ раҳнамоӣ карда, барои бунёди давлати пешрафтаю соҳибтамаддун, дунявию демократӣ талош варзед ва номбардори ин Ватан ва хоки муқаддаси ниёгони хеш бошед.

     Ҳар кадоми шумо, модарону хоҳарони гиромӣ, тараннумгари зебоӣ, нигаҳдорандаи меҳру муҳаббат ва идомабахши анъанаҳои неки гузаштагонамон буда, дар замири фарзандон меҳри Ватан, падару модар, эҳтироми калонсолон ва арҷ гузоштан ба инсониятро ҷой медиҳед ва онҳоро чун боғбони насли одамӣ парвариш менамоед.

     Бо ҳамин умеду орзуҳои нек, шумо, модарону бонувони арҷмандро бори дигар ба муносибати ҷашни фархунда – Рӯзи модар табрик гуфта, ба ҳар кадоми шумо ва ба ҳамаи бонувону хоҳарони ноҳия тандурустиву саодатмандӣ ва дар ҳаёти оилавиатон меҳру муҳаббат, бахту иқболи нек ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям.

     Дуруд ва ҳамду сано ба модар – фариштаи ҳаёт ва ҳомии зиндагии башар дар рӯи замин!

     Сано ба модар – ин олиҳаи меҳру шафқат, раҳнамову раҳбар ва азизи ҳар як хонадон!

     Ҷашн муборак бошад, модарону хоҳарони азиз!