УСТОД АЙНӢ, “МУЛЛО”-ҲОИ БУХОРО ВА “ОЗОДАНДЕШОН”-И ХОИН

Хабарҳо

     АНДЕША. Имсол, аниқтараш 15-уми апрели соли равон ба зодрӯзи асосгузори адабиёти муосири тоҷик, яке аз поягузорони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ расо 140 сол пур мешавад. Росташро гӯям хонандаи закитабъи ман чун аз насле ҳастам, ки замони шӯравӣ аз рӯи осори ҷовидонаи ин пири хирад таълим гирифта ва ба воя расидаем ва осору зиндагиномаи устод дар ҳаёти мактаббачаи шӯравии тоҷик чун нақше дар санг аст, хеле пештар мехостам, ки ба хотираи дурахшонии устод сатре иншо кунам.

     Аслан дар бораи ҳаёту фаъолияти устод чи дар Тоҷикистон ва чи дар хориҷи кишвар  он қадар зиёд навиштаанд, ки ба қавле дигар барои навиштан ҳатто «ҷои сӯзанпартоӣ» низ боқӣ намондааст. Дар ин росто диққати манро яке аз силсилақиссаҳои бисёр аҷиб, фоҷиангез, то андозае олудаи мазҳака бо номи «Ҷанги муллоён бо аробакаш», ки ҷамъи ин қиссаҳо сар карда аз ин қиссаи зикршуда оиди аробакаш шаш ададро ташкил медиҳанд аз «Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ аз овони наврасӣ сахт ба худ  кашидааст. Банда чун ҳуқуқшиносам ва бо қонунҳои мурофиавии кишварҳои шарқу ғарб ва аҳди қадиму аҳди ҷадид хуб ошно ҳастам ин силсилақиссаҳои устод басо диққатовар ва ҳатто аз замони мактаббача буданам низ бароям мояи ҳайрат ва андеша буд. Чун ҷомеъаи шӯравӣ то андозае ҷомеаи пешрафтаи ҷаҳон буд ва дар фанни «Асосҳои давлат ва ҳуқуқ» оиди мурофиаи ҷиноятӣ, ҷазои судӣ, нақши прокурор, адвокат, судя , адолати судӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон тибқи конститутсия зиёд мехондем ва сари масъалаи авалияти ҳаёти инсон дар фанни «Ҷамъиятшиносӣ» низ омӯзише доштем, ин қиссаи «Фоҷиаи аробакаш» маро сахт ба шигифт меовард.

     Имрӯз бошад бо боварӣ иброз медорам, ки дар такя бо фаъолияти кориям дар мақомоти тафтишотӣ ва прокуратурӣ метавонам, ки ин қиссаи ҳаёту мамоти инсонро дар Бухорои амирии ибтидои даҳаи дуввуми  асри ХХ, ибтидои даврае, ки мамолики ҷаҳон бо дастовардҳои бузургии техникӣ, фарҳангӣ, илмӣ,рушди қонунгузориҳо, ҳуқуқҳои конститутсионии инсон фарҳанг, рушди босуботи саноати китобчопкунӣ , матбуот, радио, соҳаи кино, алоқа ноил гашта босуръат пеш мерафт ва нахустин техникаҳои телевизионӣ дар арафаи коркард қарор доштанд ба риштаи таҳқиқ ва хулосабарорӣ кашам.

     Устод дар ин қисса бо тафсил чунин ривоят мекунад, ки дар Бухорои амирӣ, дар сари мазори Баҳоваддин Нақшбанд ҳар сол, дар моҳи савр, аз 22-июми апрел то 22-юми май , чор ҳафта ва ҳар ҳафта барои занону мардон сайр барпо мегашт. Ин сайр бинобар вақти шукуфтани гули сурх барпо гаштанаш бо номи «Гули сурх» байни мардум маъруфияти томе доштааст. Бо ин сайру гашт агар аҳолии деҳот бо савории худ мерафта бошанд, пас аҳолии шаҳр бо савории кироя мерафтанд ва бо иборае кирокашонд дар ин давра байни мазори Баҳовиддини Нақшбанд ва шаҳри Бухоро «бозори тафсоне» доштаанд.

     Дар аробаҳои кирояи раванда, ки болопӯш будаанд одатан 10-12 нафар одами беборро аробакашҳо гирифта ба сӯи мазор аз кирокашхонаи «Мазор» ном кирокашхонаи шаҳр ба сайргоҳ мебурдаанд. Дар роҳ одатан аробакашҳо пули кирокаширо ҷамъ карда аз мусофирон мегирифтаанд. Зеро дар назди сайргоҳ аз зиёдии одамон, баъзе мусофирон метавонистанд, ки байни анбӯҳи одамон зуд ғоиб гашта, пули аробакашро барои хизмати кирокашиаш надиҳанд.

     Дар яке аз рӯзҳои сайри «Гули сурх» , дар рӯзи чоршанбе 5 нафар мулло, аз муллоҳои калон набошанд ҳам, аз муллоёни «машҳури Бухоро» (устод Айнӣ айнан ин ибораро дар нохунак овардааст, ки ин нишонаи муллои чалласавод ва бо забони имрӯза аз муллоёни ифротӣ будани ин панҷгона башорат медиҳад -шаҳри Варқаи Зайниддин), аз мазори Баҳовиддин баромада, ба кирокашхонаи назди мазор омада, бе муайян намудани нархи киро ба аробаи каппааш нақшин, аспаш фарбеҳу бо пӯпаку шилшила  оро додашуда баромада , дар пеши нишасти ҷои аробакаш ҷой гирифтаанд. Чун аробакаш нархи кироро муайян намуданӣ шудааст, ин муллоён иброз доштаанд, ки дигар мусофирон низ чизеро диҳанд мо ҳамонро медиҳем. Нархи ҷои пеши ароба аз пасаш фарқ мекунад, шумо бояд якуним баробар зиёдтар аз ашхоси қафонишинанда ҳақ диҳед иброз доштааст аробакаш. Мо аз дигар одамон фарқ дорем. Моро баробари дигар одамон надон, аз ҳалқи аввом (яъне инсонҳои «оддӣ»- шарҳи Варқаи Зайниддин) моро бояд фарқ намоӣ иброз доштааст яъне аз муллоён. Мо муллои дуогар ҳастем, ба мазори Баҳоваддин зиёрат омадем на сайру гашт , панҷ вақт намозро тарк намекунем (рӯи рост минат гузоштан ба аробакаш ба хотири иҷрои яке аз фарзҳои дини ислом -шарҳӣ Варқаи Зайниддин). Мо дар ҳаққи мусулмонон дуо мекунем, моро ба қатори дигарон донистанат дар ҳаққи мо барои мо ҳақорат ҳисоб мешавад! Аробакаш баъди шунидани ин суханони муллоён ночор розӣ шудааст, ки ба хотири муллоияшон аз онҳо баробари дар пас нишастагон ҳақ гирад. Аробакаш 5 нафарро бо 1 тангагӣ аз ҳар нафар ба ароба гирифта, мунтазири равандагони дигарон будааст, ки муллоён талаб намудаанд, ки зудтар ба роҳ барояд. Аробакаш гуфтааст, ки аспаш фарбеҳ аст ва доимо 12 мусофир мегирад, ҳоло агар бо 10 мусофир равон шавад ғайр аз он маблағе, ки аз онҳо  намегирад боз 2 тангаи дигар зарар мебинад. Барои 2 танга шуда, моро азоб надеҳ иброз доштааст муллое. Агар 2 нафар гирӣ, мо маҷбур мешавем, ки дузону нишинем. То шаҳр расидан пойҳо мо озор ёфта, аз кор мебароянд. Гап сари 2 танга бошад, агар дуои моро гирӣ «Худо аз хизонаи ғайбаш, 2 тангаро 4 танга карда мерасонад». Аробакаш чун дидааст, ки бо ин муллоёни шилқин ва туфайлихӯр (устод онҳоро «тунди халахӯр» номидааст,ки маънояш дигагунатар аст) баҳсу мунозира бефоида ҳаст, барои ин ашхоси бефоидаро тезтар ба манзили мақсуд расондан, ночор аспашро ронда ба сӯи шаҳри Бухоро роҳ пеш гирифтааст. Аспи пурқуввати ӯ аз ҳама аробаҳо пеш гузашта, зуд мусофирони худро ба Ҷӯгихона ном мавзеъи шаҳри Бухоро бе каму кост ва гарду ғуборе расонидааст. Аробакаш мисли ҳарвақта онҷо аробаашро боздошта , аз мусофирон ҳақашро талаб кардааст. Он 5-нафари дар қафо нишаста, ки ҳамагӣ мардуми оддӣ будаанд зуд тибқи қавли додааашон ҳар кадомашон ба аробакаш 1-тангагӣ додаанд. Аммо муллоён баъди пичир-пичири зиёд ҳар кадомашон аз киссашон пули сиёҳ бароварда, онҳоро якто-якто шуморида, баробар ба нимтангагӣ, ҷамъан дуюним танга ба аробакаш додаанд. Аробакаш пули сиёҳи онҳоро дар тоқӣ гирифта гуфтааст, ин пул камаст ва муллое гуфтааст, ки дуюним танга ҳаст. Аробакаш ҳайрон гаштааст, ки аз рӯи қавлу қарорамон аз 5 нафар магар 5 танга набуд? «Ал қавлу билалъамали ло йӯътабару»-гуфтаанд дар китобҳо гуфтааст муллое. Аробакаш иброз доштааст, ки тақсирамон ин суханатонро нафаҳмидам, кани бо забони тоҷикӣ сухан кунед(маълум мешавад, ки аробакаш тоҷик будааст- шарҳи Варқаи Зайниддин). Муллое ин сухани арабиро чунин иброзу шарҳ додааст: «Қавли беамал, яъне масалан , гуфтори бе кирдор эътибор надорад» гуфтаанд дар китобҳо. Ман ин суханҳоро нафаҳмидам, ҳаққи хизмати манро диҳед ва манро аз дастмузди бечорагиям намонед тақсирҳо паст наомада ҳуқуқи худро ҳимоя карданӣ шудааст аробакаши бечора.

     Буду шуди хизмати мо ҳамин, мо барои ту пули дигар нахоҳем дод. Кам ҳам бошад ками моро ба ҷои пур бин. Мо дар ҳаққи ту ва ҳаққи фарзандонат дуо хоҳем кард. Барои зану фарзандони ман аз дуо бештан нон лозим ҳаст, ҳаққи манро диҳед, изҳор доштааст аробакаш. Муллоҳо даррав шавқун бардошта иброз доштаанд, ки ин «чапан» ба дуо шаккокӣ карда истодааст. Онҳо изҳор доштаанд, ки пул барояш нахоҳанд дод. Аробакаш ба ин ҳам розӣ гашта, пулҳои сиёҳро ба муллоҳо баргардонида, иброз доштааст, ки хизмати кардаамро ба арвоҳи падару модарам бахшидам, агар ба пулу дуои шумо барин «зоти шариф» нигоҳ карда истам аз кайҳо аз гушнагӣ мемурдам.Пулҳоятонро гирифта аз ароба фуроед то ман кори бечорагиямро карда гардам. Муллоҳо ӯро боз ба дуо ва худо шаккокӣ кардӣ гуфта гунаҳкор намуда, ба қозихона, назди қозикалон(қозӣ Бадриддин , ба гуфти устод Айни ҷоҳилтарин ва муттасибтарин қозикалони Бухоро-шарҳи Варқаи Зайниддин) бурданӣ мешаванд. Аробакаш базӯр дар муқобили ин шайтонсифатони бадтинат тоқат намуда, аз беҳаёӣ ва худсарии онҳо ба хашм омада, пули сиёҳи онҳоро ба замин ҳаво дода, фаромадани онҳоро талаб намуда, иброз доштааст, ки дар акси ҳол бошад онҳоро мисли пулҳояшон ба замин ҳаво хоҳад дод. Дар кофир будани ин аробакаш ҳеҷ ҷои шакку шубҳа намондааст гуфтааст муллое ва ба дигар мусофирон муллоҳо муроҷиат намудаанд, ки дасту пои аробакашро баста ӯро ба қозихона баранд, лекин мусофирон ба ин ҷанҷоли хавфнок ҳамроҳ ва гувоҳ шудан нахоста аз ароба фаромада ба ҳар тараф пароканда шуда рафтаанд. Аробакаш ба ин 5 нафар муллои шаттоҳ иброз доштааст, ки касе, ки дасту пои манро мебандад модараш ҳанӯз назоидааст ва аз болои ароба муллоёнро як-як бардошта ба роҳ ҳаво дода, бо аробааш ба кирокашхона рафтааст.

     Чи тавре, ки устод Айнӣ дар ин силсилақиссаҳояш овардааст, аз ин кор ӯ ва дӯстонаш ҳамон рӯз огоҳӣ ёфта, ҳатто номҳои ин 5 муллоро низ дониста гирифтаанд. Устод дар ёддоштҳои худ сифату рафтори ин муллоҳоро бинобар бо фоҷиа анҷом  ёфтани поёни воқеъаи кори аробакаш бо пуррагӣ кушода додааст.

     Чунончӣ, яке аз онҳо Ҷунбул-махдум ном дошта, як шахси 35 сола буда, қомати баланд ва бадани лоғар доштааст. Ӯ шабеҳи ҷуворрӣ буда, бо рӯи дарозрӯяи малла, абрӯи бемӯй, чашмони танги бемижгон ба  шағол барин ҳайвони маккор хело шабоҳат доштааст. Касби асосии ин Ҷунбул судхӯрӣ буда, маблағҳои пулии худро ба тоҷирони бозори орд ва ҳуҷрадорони мадрасаи Девонбегӣ бо фоида ба қарз медодааст. Агарчӣ ӯ таҳсилдидаи мадраса бошад ҳам тибқи гуфти устод саводи қазоие надоштааст, динтароши сахте буда, ҳамин тавр худро вонамуд мекардааст, ки агар ӯ набошад дини  ислом вайрон шуда меравад.

     Абдураҳмони Рафтор он вақт тахминан чиҳилсола дошта, бо калтагии ғафс ва фарбеҳии худ ба қавли мардуми Бухоро «ғӯладинг» будааст. Ҳангоми роҳ рафтан ӯ аъзои бадани худро ҷунбонида-ҷунбонида роҳ мерафтааст . Ба қавле «ҷилвагарӣ ва ишвагарӣ»-и ӯро дида мардуми Бухоро ба номаш калимаи «рафтор»-ро ҳамроҳ намуда будаанд(тибқи шаҳодати одамони он замон ӯ рафтори гурӯҳҳои маҳдуди имрӯзаро доштааст-шарҳи Варқаи Зайниддин).Ӯ муллои диндори сарватманде буда, аз мадрасаи Кӯкалтош чанд ҳуҷра ва аз растаҳо чанд дӯкон дошта, аз вақфи ҳуҷраҳо ва иҷораи дӯконҳояш пули калон ёфта, бо судхӯрӣ ва ҳуҷраҷаллобӣ сарвати ҳангуфте ҷамъ оварда, дар дин таасубгарӣ калоне будааст.

     Қиём-махдум низ аз шарикдарсони Абдураҳмони Рафтор буда, аз ӯ қоматбаландтар буда, дар даъвои диндорӣ ва таассуби динӣ аз ӯ камӣ надошта, дар мунозираҳои бесаводанд ва мазҳакавии муллоён мисли Абдураҳмони Рафтор чизеро нафаҳмида дод мезадааст(баҳси чунин муллоҳои чалласавод ва ҷоҳилро барои масъалаи содда ва нолозиме кас агар дар хотирааш ба риштаи  тасвир кашад беихтиёр хандааш меояд-шарҳи Варқаи Зайниддин) Қиём-махдум низ соҳиби чандин ҳуҷра буда, ба хариду фурӯш ва вақфи онҳо шуғл меварзидааст. Устод муллои дигари ин панҷгонаро дар қисмати ёдоварии Яҳёхоҷа , бо номи Қорӣ Самеъ бисёр хуб ба намоиш гузоштааст. Ба гуфти Устод, Қорӣ Самеъ ба қавле як муллои калон буда, саллаи калоне баста , тасбеҳи 100 донаро аз остинаш бароварда пичир-пичиркунон тасбеҳ гардонида роҳ мерафтааст. Бо ин амали худ ба мардум намоишкорона нишон додан мехостааст, ки ӯ ба зикри худо башғул ва тарки ин дунё кардааст, лекин дар асл бошад ӯ фиребгари гузаро, молимардумхӯр ва аз сифлае  беш набудааст. Яҳёхоҷа, ки худ аз хоҷазодагони  Бухоро будааст ва суханаш он вақт қуввате доштааст, ин авомфиребии муллои калонро дида, бо ҳуҷҷатҳои сохта ба қозикалон оиди азони ӯ будани ҳавлии Қорӣ Самеъ даъво бурда, даъвояш оиди ҳавлии Қорӣ Самеъ ба нафъи ин хоҷа қонеъ шудааст, лекин ҳангоми 15 ҳазор тангаи нақдро тибқи қарордод дар ҳузури қозӣ ба ӯ оварда супоридан, аз ин маблағ даст кашидаст.Танҳо як шарт гузоштааст, ки агар Қорӣ Самеъ қавл диҳад, ки дар кӯча тасбеҳ гардонидан ва мардумфиребиро бас кунад ӯ аз даъвояш мегардад. Қорӣ Самеъ ба ин розӣ шуда, дигар то охири умраш дар кӯчаҳои Бухоро тасбеҳ гардонида ӯро касе надидааст.Мардум бошад мегуфтаанд, ки «Зикри худо ва тасбеҳро бо 15 ҳазор танга фурӯхт».

     Мухторхоҷа бошад ба қавли устод аз муддарисони солхӯрдаи Бухоро буда, дар мадрасаи Кӯкалтош чанд ҳуҷра доштааст ва дар зоҳир одами бечора буда, он қадар даъвои диндорӣ ва таассуби динӣ низ надоштааст. Вобаста ба ин воқеъ ,бо ибораи содда «муллоҳои аробасавор» қарор додаанд, ки аробакашро ба қозихона кашида, ӯро барои «кофир» шуданаш ба қатл расонанд.

     Аллакай дар рӯзи дуюми, воқеъа ҷанги муллоён бо аробакаш дар шаҳри Бухоро овоза гаштааст, ки муллоён аз уламо (олимони дин) дар бораи кофир шудани аробакаш ривоят гирифта, сабаби кофирии ӯро дар он донистаанд, ки мавсуф уламо, шариат, расули худо, худо, дин ва шариатро гӯё дашном дода будааст. Аз ин сабаб ӯро дастгир ва  сангсор намуда мекуштаанд. Тибқи навиштаи устод Айнӣ дар рӯзи 3-юм аллакай овоза шудааст, ки қозикалон ба унвони амир ариза навишта мунтазири фармони ӯ будааст. Баъди содир шудани ҳукми амир, аробакашро дар майдони бозори хар ё дар беруни шаҳр, дар майдони машқи сарбоз сангсор карда мекуштаанд.Мардуми бекор ва ҳангоматалаб ҳаррӯз бо умеди тамошои сангсоркунии аробакаш (гӯё ҳайвонеро мекушта бошанд -шарҳи Варқаи Зайниддин) ба Регистон меомадаанд. Чун онҷо чизеро намедиданд, ба бозори хар медавиданд, аз онҷо бошад ба майдони машқи сарбозон рафта, баъдан чун қатли «кофир»-ро намедиданд , ноумед ба хонаҳояшон бармегаштанд. Ба гуфти устод бо шавқу ҳавас давидани мардум сабаб дошт, зеро онҳо ҷазои 75 чӯб задан ва гӯсфандвор куштани инсонро борҳо дида бошанд ҳам, лекин сангсоркуниро ҳеҷ гоҳ надидаанд. Аз ин рӯ барои онҳо дидани ин кори «нодир» басе муҳим будааст.

     Чи тавре устод менигарад Ҷунбул-махдум кӯча ба кӯча гашта, воқеъаи аробакаш ва сангсор намудани ӯро бо обу ранги зиёде нақл мекардааст. Чор нафар ҳамтои ӯ бошанд дар мадрасаи Кӯкалтош истода, ин воқеъа ва дурӯғҳои бофтаи худ оиди кофир шудани аробакаши бечора ва фатвои сангсоркуниро бо ифтихори баланд ба ҷомеаи гӯлу гаранг ва ҳангомаҷӯи Бухорои он вақта бо обу ранге, ки гӯё қатли инсон, як намоиши тӯёна бошад дар асри 20, асри илму техника, бо шавқ нақл мекарданд!

     Хотиррасон бояд намуд, ки баъди истиллои Осиёи Миёна ва васали Руссияи подшоҳӣ гардидани Аморати Бухоро, Руссияи подшоҳӣ сари масъалаи бархе аз анъанаҳои оини ғуломдорӣ ва феодалии ваҳшиёнаи ин минтақа то ҳадде чораҷӯӣ мекард. Масалан бевосита бо дахолати Вазорати корҳои хориҷии Руссия дар хонигариҳо ва аморати Бухоро ғуломдорӣ аз байн бурда шуд. Ҳамчунин ба қатлу куштори пайваста дар Регистони Бухоро, ки бархе аз онҳо бо тарзу усули даҳшатнокӣ асримиёнагӣ иҷро мегаштанд, генерал-губернатори Туркистон монеъа эҷод намуда, ба воситаи гумоштаи сиёсии худ дар аморат ба амири Бухоро супориш медод, ки қатлу куштори зиёду ошкороро дар қаламраваш камтар кунад, зеро ин амал ба обурӯи сиёсии ҳам Руссия подшоҳӣ ва ҳам Аморати Бухоро таъсири манфӣ хоҳад расонд. Аз ин рӯи амири Бухоро шахсан дар баамалбарории бархе аз ҷазоҳо бо гумоштаи сиёсии Руссия дар Бухоро машварат мекард. Хулоса амир баъди гирифтани аризаи қозикалон ва ривоияти уламо дар бораи кори аробакаш ба гумоштаи сиёсии Руссия дар Бухоро муроҷиат намудааст.Гумоштаи сиёсӣ бошад бо ин масъалаи нозук худ маслиҳат надода, ба генарал губернатори Туркистон муроҷиат менамояд. Генерал-губернатор дар ҷавоби амири Бухоро машварат додааст, ки агар сангсор кардани гунаҳкори дин аз рӯи шариат воҷиб бошад ҳам дар замони падару бобоҳои ҷаноби амир чунин воқеъа рух надодааст, инчунин дар дигар мамлакатҳои Шарқи исломӣ чунин корҳо дар ин наздикҳо рух надодаанд. Аз ин рӯ ҳангоми иҷрои ин корро боэҳтиёт бояд буд.Дар ин асос танҳо ба муроҷиати муллоёни даъвогар ва ривояти уламо қонеъ нагашта, маҳкаме ташкил кардан лозим аст (манзури устод инҷо мурофиаи судӣ-ҷиноятӣ аст-шарҳи Варқаи Зайниддин), ки ба маҳкамаҳои давлатҳои пешрафтаи олам монанд бошад. Барои ташкили чунин маҳкама (мурофиаи судӣ) касе аз ҷониби амир, айбдоркунандаи давлатӣ-прокурор, яке аз иштирокунандагони воқеъа -даъвогар, дигаронаш вазифаи шоҳидро ба ҷо оварда, аз тарафи гунаҳкор касе вакил (манзури устод адвокат -шарҳи Варқаи Зайниддин) интихоб гашта, ҳуқуқи ӯро ҳимоя намояд. Ҷаноби қозикалон раёсати маҳкама (раисии мурофиаи судӣ-шарҳи Варқаи Зайниддин)-ро ба зимма гирад.Ҳамчунин чун қозиюлқузот ривояти уламо ва аҳкоми шариатро низ иҷро намояд. Гуноҳи гунаҳкор агар дар чунин мурофиаи судӣ , ки ҳам қувваи қонунӣ дораду ҳам динӣ агар иҷро шавад ва ӯ ҷазои сазовори сангсориро низ гирад, он гоҳ даҳони мухбирони рӯзномаҳо ва беҳудагӯён (зиёиёни демократӣ, инқилобӣ, хориҷиён) баста шуда, нисбати амир ва ҳукумати императорӣ чизе гуфта наметавонанд.Хотиррасон бояд намуд, ки ҳодисаҳои ҳатто бидуни доир намудани маҳкамаи шариатӣ сангсор намудани одамон дар Бухорои амирӣ ва дигар кишварҳои исломи пайваста рух медод.Аз таърих маълум аст, ки чи гунна дар охири асри 18 ва ё ибтидои асри 19, замони ҳукумронии манғитиён дар Бухоро нонфурӯшеро, ки барои ба суоли муллобачаи ифротие бо шӯхи ҷавоб додани он , ки «ин нон , нони муллохӯрак» нест, дар замон ин муллобачагони бесавод ва ифротӣ ба куфр гунаҳгор намуда, дар худи ҳамон растаи бозор сангсор намуда, ба таври ваҳшиёна кушта буданд(шарҳи Варқаи Зайниддин).

     Баъди шунидани ин хабар ҳамарӯза кӯчаҳои Бухоро аз ҳангомаҷӯён ва тамошобинон пур шудааст.Қозикалон баъди 2-3 рӯзе муллоёни даъвогарро шабҳангом ба назди худ хонда Ҷунбул махдумро «муддаии умумии давлатӣ» (айбдоркунандаи давлатӣ- прокурор), Мухторхоҷаро «даъвогар», ки бояд ба маҳкама ариза дода, даъво мекард , ки «аробакаш бо гуфтани алфози куфр, кофир шуд», Қорӣ Самеъ, Абдураҳмони Рафтор ва Қиёми Махдум ҳамчун шоҳид қарор дода шудаанд.Онҳо чун одамони шоҳиду холис, ки ба аробакашу даъвогар Мухторхоҷа ҳеҷ муносибате надоштаанд, бояд шоҳидӣ медоданд, ки даъвои Мухторхоҷаро ҳақ асту рост. Баъдан аз ҷониби гунаҳкор (аробакаш) ҳимоягар – адвокат интихоб намудан лозим буд ва ба ин кор яке аз разилтарин, золимтарин ва шӯрапушти гузаро , дар айни замон гапдонтарин миршаб  Кали Қурбон, ки устод Айнӣ дар бораи «қаҳрамониҳояш» зиёд навиштааст интихоб гаштааст. Муллоён онҷо даъво кардаанд, ки аробакаш дар мурофиаи иштирок накунад, зеро ин кофир, ки аз зинда мондан умедашро кандааст ҳамаи онҳо ва ҷаноби қозикалонро дашном хоҳад дод. (Дар асл бошад тарси муллоён аз гуноҳи худи онҳо аз тарси рӯи об баромадани напардохтани маблағ иборат буд на чизи дигар- шарҳи Варқаи Зайниддин). Қозикалон ба хулосае омадааст, ки ӯро бемори барҷомонда нишон диҳанд.

     Фардои шаби дигар ноиби қозикалон Кали Қурбонро ба обхонаи арки Бухоро бурда, аробакашро бовар кунонидааст, ки Кали Қурбонро вакили худ қарор диҳад ва «баъди ӯро озод кардан» хизмати ӯ ва Қурбонро фаромӯш накунад ва худаш ба маҳкама наравад, зеро муллоён метавонанд ошӯб бардоранд.Хулоса дар ин маҳзҳакаи «иллоҳӣ» аробакаш ба вакилии Қурбон барои ҳимояи ҳаққу ҳуқуқҳояш розӣ мешавад ва Кали Қурбон ҳодисаи рӯйдоди воқеаҳои зиндагиро бо муллоён аз ӯ шунида мегирад.

     Баъде, ки мардуми Бухоро оиди таъини ин ашхос ба «мурофиаи судӣ» дарак меёбанд, баъзе аз ҳолдонҳо аз ханда рӯдакан мешаванд. Махсусан аз ҳимоягарии Кали Қурбон хандида мегуфтаанд, ки «Гург ҳимоятгари гӯсфанд шудааст», аз «муддаии умумии давлатӣ» (айбдоркунандаи давлатӣ- прокурор) таъин гаштани Ҷунбул- Махдум низ хандида «судхӯр исботкунандаи ҳуқуқи худою расул шудааст» гуфта механдиданд.

     Ташкил карда шудани мақоми шаръӣ ва қонунӣ (яъне мурофиаи судии шариатӣ ва қонунӣ) тибқи гуфтаи устод Айнӣ хело аҷоиботеро дар худ доштааст. Қозиқалон чун оддати муқаррарӣ дар даруни меҳмонхона, дар пеши дари боло менишастааст, дар беруни он чун дигар мурофиаҳои шаръи (шариатӣ), бурёро паҳн карда буданд, бо фарқи он, ки ин бурё нисбати бурёҳои дигар калонтару васеътар будааст.Дар рӯи бӯрё бо ибораи мадании мурофиаи судӣ «прокурор» Ҷунбул махдум «даъвогар» – Мухторхӯҷа, «шоҳидон» Қорӣ Самеъ, Абдураҳмони Рафтор, Қиёми Махдум менишастанд, «адвокат -вакили дифоъгар» Кали Қурбон аз ҳама каноратар ҷойгир будааст.

     Мулозим чун тартиби ҳаррӯза, аризаи даъвои шариатии Мухторхоҷаро гирифта ба қозикалон медиҳад. Қозикалон баъди азназар гузаронидани он хулосаи онро, ки дар он даъвогар нисбати аробакаш бо сабаби дашном нисбати худою расул  чун кофир даъво пешниҳод кардааст хонда, аз ӯ оиди вуҷуд доштани шоҳидонро пурсидааст. «Даъвогар» вуҷуд доштани шоҳидонро  тасдиқ намуда , Қорӣ Самеъ, Абдураҳмони Рафтор ва Қиём махдумро нишон медиҳад.Баъдан қозикалон аз шоҳидон оиди оиди ҳолаи кор мепурсад ва онҳо оиди дашному ҳақорати аробакаш гувоҳӣ медиҳанд.

     Аз ҳимоягари гунаҳкор Кали Қурбон оиди ҳолати кор мепурсад.Кали Қурбони «адвокат» то тавонист, аробакаши бечораро дар кофир шуданаш гунаҳкор намуда, ба замми ин ба ӯ дашномҳои қабеҳи бо иборае болохонадорро нисбат додан гирифт(шумо бубинед хонандаи закитабъ ва фарҳангии ман, ки вакили дифоъ ҳатто вазифаи хешро надониста, ба айбдоркунии шахси зери ҳимояаш қарор дошта камари ҳимат бастааст-шарҳи Варқаи Зайниддин).

     Қозикалон ривояти уламоро оиди «кофир» гаштани аробакаш ва даъвои шаръии онҳоро оиди сангсор кардани аробакаш ба ҳозирин қироат намуда, оиди ин ривоят аз «прокурор» Ҷунбул-Махдум мепурсад. «Айбдоркунандаи давлатии Аморати Бухоро, «прокурор» Ҷунбул-махдум» изҳор мекунад, ки ман ба ин ҳукми шариат розӣ нестам. Ӯ барои исботи суханҳои худ ба суханҳои «ҳимоягар» Кали Қурбон боз чанд ибораҳои тунди дашномиро илова карда, талаб менамояд, ки аробакаш бояд ҳам «ташҳир» (яъне ба расвоӣ дар кӯчаҳо гардонидаву шӯҳрат додани гуноҳи гунаҳкор аст) ва сангсорро карда шавад(яъне якбора ба ду ҷазо кашида шавад-шарҳи Варқаи Зайниддин).

     Бо ҳамин «мурофиаи судӣ» поён меёбад. Дар тавсияномаи ҳуқуқии гумоштаи сиёсии Руссия гуфта шуда буд, ки рафти мурофиа айнан  навишта шуда ва ҳар кас зери насабаш имзо гузорад (яъне аз тарафи котиби суд протоколи мурофиаи судӣ навишта шавад-шаҳри Варқа Зайниддин), лекин қозикалон ин корро иҷро накардааст. Тибқи ёддоштҳои устод Айнӣ, қозикалон ба гуфти худаш ин корро ба он хотир намекардааст, ки мардум боз нагӯянд ки «қозикалон маҳкамаи шаръиро ба сони маҳкамаи судҳои Руссия» даровард.Баъди тамом шудани мурофиа қозикалон муншии худро ҷеғ зада суханеро, ки вақти мурофиа гуфта будаанд аз забони онҳо худаш гуфта навиштаанд. Баъд ҳамагонро ҷеғ зада «протоколи мурофиаи судиро» имзо кунонидааст.Дашномҳои болохонадори Кали Қурбонро фаромӯш сохта , мирохӯрашро бо номи Ҳикмати Буз, ки дар дашномдиҳӣ устухон надоштааст оварда, аз номи Кали Қурбон иншо намудааст. Ин ҳуҷҷатҳо тариқи амири Бухоро ба консулгарии Руссия ирсол ва аз онҷо иҷозати ӯ баҳри сангсоркунии ин аробакаши бечора ва бегуноҳ баъди 15 рӯз гирифта шудааст.

     Бинобар зиёдии анбӯҳи одамони назди арк , қозикалон, раиси калон, миршаб дар ҳузури қӯшбегӣ ба хулосае омадаанд, ки ҳарду ҷазо яъне «ташҳир» ва «сангсор» , ки гумоштаи сиёсии Руссия ба он иҷозат дод , бояд якбора ба иҷро расонида мешудаанд. Барои иҷро ин ҷазоҳо қарор доданд, ки аробакашро ба уштуре савор  карда , дар шаҳр гардонида, дар айни замон «савобталабон» ӯро ба сангҳо зада рафтан гиранд. Барои  роҳ кушода бурдани аробакаш хостанд, ки мардуми тамошобинро фиреб диҳанд ва ин корро боз миршаби разиле чун Кали Қурбон ба зимма гирифтааст.Ӯ  бо себанди шабгардияш аз арк давида баромадааст, ба мардум гуфтааст, ки ӯ ба зиндон меравад то аробакашро ба майдони машқи амири сарбоз, ки онҷо гӯр канда шудааст гирифта барад. Издиҳоми бо иборае гӯлу гаранги давраи ибтидои асри 20-и шаҳри Бухоро (онҳоро аз ин боло наметавон ном бурд-шарҳи Варқаи Зайниддин) дар замон майдони назди аркро холӣ карда, ба сӯи майдони машқи сарбоз давида рафтаанд.Кали Қурбон аз дигар роҳ ба арк ворид гашта, аробакаши бечораро пояшро бо ресмон болои шутур маҳкам баста , дастонашро низ бо печонидани ресмон тариқи гирди китф маҳкам бастаанд баъдан Кали Қурбон (тасаввур кунед адвокати гунаҳкор!) ӯро аз дохили арк баровардааст ва аввалин сангро Ҷунбул-махдум  ба аробакаш зада дашноми болохонадореро соҳиб шудааст. Беш аз 500 нафар муллоён, амалдорон дар даст тӯрбаҳои пур аз санг (бо мақсади санг задану хуни ноҳақ рехтану савоб гирифтан-шарҳи Варқи Зайниддин) аз қафои уштур берун шудаанд.Аробакаши мазлум дар беруни арк ҳатто фурсати дашноме додан ба ин мардуми ваҳшихӯйро наёфта, бо нахустин санги ба сараш зада сараш кафида хуншоро гашта аз ҳуш рафтааст.Одамони оддӣ ва қадре боақлу сирати инсонӣ дошта на танҳо санг назадаанд балки аз дидани ин манзараи пурдаҳшат ба ваҳшат омада аз он рӯй гардонидаанд.Танҳо ҷаллодон, муллоён, 20-25 нафар муллобачаҳои ба гуфти устод Айнӣ девонаавзо сангзаниро давом дода ҷасади ба хун оғуштаи аробакашро дар кӯчаҳои Бухоро гардонида сангсор мекардаанд ва касеро, ки сангаш намерасидааст масхара мекардаанд(Ваҳшониятро бубинде бародарон то кадом дараҷа инсонро иртиҷои мекунад!).

     Устод Айнӣ, ки шоҳиди бевоситаи ин фоҷиаи бузург дар асри бузурги кашфиётҳои технологӣ ва фалсафаи ақлгароӣ- асри 20 будааст дар ёддоштҳояш менигорад: «Ман дар умри худ якум бор дидам, ки одам бо тарбияи бад ва адамҳои ваҳшиёна чи қадар аз диди одамгарӣ баромада , аз ҳайвоноти дарранда ҳам бадтар мешудааст.Ин мазлумро он қадар сангсор карда буданд, ки дигар чашму абрӯ намонда, ҳама ҷо канда ва устухонҳояш баромада буданд. Устод Айнӣ ва ёронаш дигар тоқати дидани чунин манзараи мудҳишро накарда ,ба паскӯчае даромада, бе ягон сухане ба ҳуҷраҳои худ даромада рафтаанд(ҳис мешавад, ки таъсири ин фоҷиа ва дар айни замон мазҳакаи олами ислом дар иҷрои муллоёни Бухоро ба равшанфикрони Бухоро он қадар таъсири сахти равоние расонидааст, ки дигар маҷоли муколламе ва сухане гуфтанро надоштаанд-шарҳи Варқаи Зайниддин).

     Устод натиҷаи иҷрои ҷазои «ҳукми шаръӣ ва ҳукми қонунӣ» -ро рӯзи дигар фаҳмидааст, мурдаи аробакашро баъди гардондану сангсор намудан дар кӯчаҳои Бухоро ба назди арк оварда, аз аркони давлати исломӣ  оиди чи кор кардани мурдаи аробакашро пурсидаанд. Бо супориши аркони давлати исломӣ панҷ нафар ҷаллод мурдаи аробакашро дар болои уштур тариқи дарвозаи Урганҷ барои дар қатори лошаҳои ҳайвонот барои ғизои лошшахӯрон партофтан ба найзори беруни шаҳр бурдаанд. Ҳангоми ба ҷои таъиншуда расидани ҷаллодон , аз найзор панҷ нафар шахси рӯяшон бо ниқоб баста пайдо гашта, ба ҷаллодон ҳуҷум намуда, як ҷаллодро кушта, ба як ҷаллоди дигарро зарари ҷисмонӣ расонида, се ҷаллоди дигар гурехта рафтаанд, мурдаи аробакаши бечораро(ба андешаи банда метавон гуфт, ки аробакаш, ки барои ҳаққи ҳаллоли меҳнатияш аз тарафи муллоёни ҷоҳили давр бо ваҳшонияти гӯшношунид кушта гашт , болотар аз шаҳид аст! -шарҳи Варқаи Зайниддин) дар намад печонида , ба даруни найзор даромада рафтаанд.

     Мақсади иншои ин мақола хонандаи азиз нишон додани таассуб,ҷаҳолат, ифротгароии муллоёни ҷоҳил ва сарварони аморати Бухоро(давлати ба нои исломӣ), ки динро дар зарфи 1000 соли охир воситаи азамату айшу ишрат худ қарор дода , бееҳтиромӣ, беадолатӣ, бе ҳуқуқиро нисбати халқи  меҳнаткаши Бухоро  дар ин давлати қафомондатарини ҷаҳон Аморати Бухоро (ин давлат аз лиҳози тараққӣ ва инкишоф аз Афғонистони онвақта хело қафо меистод- шарҳи Варқаи Зайниддин) , ба авҷи аълояш расонида буданд мебошад.Ин ашхоси ҷоҳил зери ба ном қонунҳои шариатии аз дақёнус боқимондаи ва ба рушди тараққиёти ҷомеъа созгор набуда такя намуда, меҳнаткаши бечораеро бо даъвои чанд муллои бесаводу ҷоҳил ба ҷазо кашидаанд ва дар ин кори «шариатпаноҳии»-и онҳо раёсати Аморати Бухоро ва ҳукумати «Оқпоши рус» ба онҳо ҳидоятгар буданд ва аслан аз адлу инсофи дини мубини ислом ва фармудаи бузургтарин ҳуқуқшинос, қозӣ ва прокурори 1000 солаи олами ислом ҳазрати Имом Абӯҳанифаи Куфӣ(дуруд бар рӯҳи поки ӯ) бо андешаҳои ифротии худ фарсахҳо дур будаанд!

     Шумо фирк кунед, ки фурӯ аз инқилоби аввалини буржуазии Ҳолландия дар охири асри 16, инқилоби Англия ва бахусус инқилоби бузурги буржуазии Фаронса дар охири асри 18, чи гуна кишварҳои ғарбӣ, амрикоӣ, қисмате аз кишварҳои осиёӣ зуд тараққӣ намуда, дар заминаи тараққиётҳои бузурги фановарӣ, маорифпарварӣ, илму теҳникӣ, фарҳангӣ ба чи комёбиҳое ноил нагаштанд!Дар ин замина рушди босуботи илму техника, ҷорӣ гаштани таҳсили шакли имрӯзаи маориф ва интишору тараққиёти саноати полиграфӣ, нашрияҳои даврӣ, донишгоҳу донишкадаҳо шуурнокии ин миллатҳо хело пеш рафт ва дар ин асос конститутсияҳои аввалин қабул гаштанд , ки қонунҳои асосии чунин кишварҳое мисли Фаронса, ИМА, дигар кишварҳои аврупоӣ ба тараққиёт ва рушди бемислу монанди қонунгузориҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, хоҷагӣ, оилавӣ ва дар ин замина қабули санадҳои башардӯстӣ, инсонпарварӣ,маорифпарварӣ, ҳимояи ҳаққу ҳуқуқҳои мардум, рушди сохторҳои мурофиаи ҷиноятӣ, ҳуқуқ ба ҳимояи муҷрим, қабули кодексҳои ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ ва дигар кодексу қонунҳои маданӣ дар асрҳои 18 ва 19 оварда расонид ва замони рӯйдоди воқеъаи фоҷиаи «аробакаши бухорӣ» бошад ин солҳои баъди 1910-уми солшумории масеҳӣ, ин давраи инкишофи босуръати қоннунҳои муттамадини ҷаҳонӣ буд!Дар ин муддат системаи мурофиаи судӣ-ҷиноии ҷаҳон пурра шакл гирифта, ҳамчунин системаи нигоҳдории гунаҳгорон дар ҷойҳои ҳабси пешакӣ (тавқифгоҳҳои ҳабси пешакӣ) ва дар ҷойҳои адои ҷазо (зиндонҳо) низ дар давлатҳои муттамадини насронӣ ва бархе аз кишварҳои пешқадами буддоия хело мукаммал гашта буданд.Масалан, шарту шароити зиндонҳои кишварҳои Шведсия, Ҳолландия, Дания, Олмон,Фаронса ва дигар кишварҳои муттамадинро, ки зиндониён бо се вақт хӯроки гарм, ҳаммоми ҳарҳафта,ёрии тиббӣ, хизматрасонии барои он вақт хело баланди аврупоӣ таъмин буда, аз бозиҳои варзишӣ, китобхонаҳои дохили зиндон бо адабиёти бойи ҷаҳонӣ, маҷаллаю рӯзномаҳо, барномаҳои радиоӣ, намоиши филмҳои гуногун дар ибтиои асри 20 пайваста таъмин буданд наметавон ҳатто бо зиндагии аъёну ашрофӣ бухорӣ, ки ба ғайр аз мисли гов ошомидану истифодаи китобҳои кӯҳна кори дигаре надоштанд ҳатто қиёс нокарданист(тасвири канахона ва ё обхонаҳои амириро аз навиштаҳои устод Айнӣ ва дигар нависандагон ва ё ёдоварии академик, ховаршиноси маъруфи русу шӯравӣ Семёновро оиди зиндони беки Ҳисор ба ёд овареду хулоса бароред -шарҳи Варқаи Зайниддин).Ҷаҳолат оё аз ин зиёдтар мешавад,ки ҷасади ин мазлумро боз ба макони лошахӯрон , назди ҷасади сагу пишаку хар бурда мепартоянд то насибаи лошахӯрон гардад! Куҷост инҷо оини ҷавонмардӣ ва мусулмонӣ,куҷост ҳурмату эҳтироми ҷамҷинси худ, куҷост эҳтироми мурдаи инсонӣ?!(аз кӯдакиям ҳеҷ аз хотирам намеравад, вақто, ки дар деҳа , назди чойхона говеро сар мезаданд, бегоҳи подаи деҳро аз чаро бармегардонданд, гову гӯсолаи зиёде ҳафтаҳои дароз ба назди ҷойи хуни рехтаи ҳамҷинси худ ҷамъ гашта, бӯ кашида бо иборае навҳасароӣ мекарданд.Ана акнун хонандаи закитабъи ман ҷомеъаи муслимини Бухорои «шарифи» солҳои аввали асри 20 – ро бо амали ин ҳайвонҳои безабон ва сӯги онҳоро барои ҷамҷинси куштаи худ бо куштори аробакаши бегуноҳ ва «савобгирии мулоёни аҷириқ» муқоиса намо ва худ баҳо деҳ!).

     Ҳатто дар Руссияи подшоҳӣ, ки бо ибораи болшевикон «зиндони халқҳо» номида мешуд ва аввалин ислоҳотҳои судии монанд ба кишварҳои пешқадами аврупоӣ дар замони Пётри кабир(масалан , ҷорӣ кардани иниститути прокуратура дар соли 1722), санадҳои зиёди ҳуқуқӣ ва ислоҳоти судии замони Екетаринаи Бузург(қабули қонунҳои мукаммали ҷиноӣ, ба дараҷаи пасттарин расонидани ҷазои ҳукми қатл ва дар омади гап бояд гуфт, ки фарзияи «Аз оне, ки як бегуноҳ ҷазо дода мешавад, бигузор 100 гунаҳгор аз маҳбас озод карда шавад» мутталиқ ба ин зани бузург аст) ва ахиран реформаи машҳури системаи судии соли 1864, ки Руссияро ба кишварҳои аврупоӣ наздик намуда буд, чунин беқонунии мислаш дида нашудаи «Аморати Бухорои шариф», ки худро ҳомии дини мубини ислом метарошиданд дида намешуд!Дар як қиссаи таърихиям бо номи маҳбуси «Қалъаи Ной» мисол оварда будам, ки Николайи 1 аз сабаби сохтани маҳбасхонаи бетиреза барои маҳбусони сиёсӣ (декабристҳо) тахминан 90 сол пеш аз фоҷиаи абобакаши бухорӣ гирифтори мазамати ҷомеъаи зиёиёни рус ва шоҳзодахоним қарор гирифта, ин амалро бардурӯғ ба гардани генерал Лапарский партофта буд ва ба зуди дар маҳбасхона тирезаҳои калони ҳаводаро шинонида буданд!

     Ин аблаҳони «шариатпаноҳ»-и бухорӣ ҳатто ба ҳамон «тавсияномаи ҳуқуқии генерал-губернатори Туркистон оиди ташкил намудаи мурофиаи судӣ-ҷиноятии монанд ба тамаддуни баланди башарӣ» низ расидагӣ карда натавонистанд ва бо ин кору амалашон барои оламиён ва ҷаҳони муттамадини шарқу ғарб ва насли ояндаи мардуми худ ба гуфти мардуми юнонӣ як саҳнаи «траги-комедия» (намоишномаи фоҷиавӣ-мазҳакавӣ)-ро ба ёдгор гузоштанд!Хулосаи ман ҳамчун ҳуқуқшинос ва бардоштам аз ин воқеъа чунин аст!

     Шумо бубинед, ки аз номи худову расул ва шариати исломӣ (уламо!) фатво додаву кор гирифта, аробакашеро, ки шояд чанд хӯранда дошт ва бо арақи ҷабин, меҳнати ҳалол мекард ва зану фарзандонашро мехӯронд бе ҳеҷ гуноҳ бо дурӯғҳои тарҳрезӣ гаштаи панҷ муллои судхӯри риёкор ба ҷавобгарӣ кашида ,боз 500 нафар ба ном улламову муллоён ва тибқи гуфтаи устод Айнӣ ҳамчунин 20-25 нафар муллобачаҳои девонаавзо (ифротгароёни гузаро-шарҳи Варқаи Зайниддин) ва халқи аввоми ҷоҳилу нодон дар асри 20, асри бемислу монанди пешравиҳои техникӣ ва ақлгароӣ ба хотири «савоб» гирифтану куштани инсони бегуноҳе ба сӯи ӯ санг меандозанд ва аз расидани сангу пош хӯрдани хуни арғувонии инсони бегуноҳе(ҳатто бигузор гунаҳгор ҳам бошад -шарҳи Варқаи Зайниддин) ҳамагӣ лаззат мебаранд!

     Ин рафтори ин ҷамоати «шариатпаноҳ»-ро танҳо бо амали Гитлеру Чингизхон, Мусолини ва Темурланг, ки аз худ дар саҳфаи таърих танҳо аз куштаҳо пуштаҳо сохтанро ба ёдгор гузоштаанд метавон муқоиса кард на чизи дигар.

     Ба рости аз чунин манзараҳои он давра рух дода, шарми кас меояд, лекин чи кунем, ки ин кишвару ин мардумро дар 1000 соли бедавлатӣ «шариатпаноҳоне» чун шайхулисломи давлатдории Оли Сомон ва рӯҳониёни дигари муттасиби Бухоро бо фатвою хиёнати худ дар моҳи октябри соли 999  аз муқовимат дар муқобили аҷнабиёне чун Насри Қарахонӣ ва Сабуктегин берун кашида,барои 1000 соли минбаъда давлатдориро барои қабоили аҷнабӣ ва «шариатпаноҳии худ» таъмин карда, дигар на дар Бухоро ва на дигар кишварҳои исломии Осиёи Марказӣ реформаи давлатӣ (аз ҷумла судӣ) то соли 1920 ,то замони аз байн рафтани Аморати Бухоро гузаронида нашуд ва шарқи исломӣ дар хоби ғафлат қарор дошт ва муттасифона ҳоло низ ин аъмол дар бархе аз кишварҳои исломӣ давом дорад ва мо худ шоҳиди бе ҳеҷ асос бо фатвои муллои ҷоҳиле сангсор намудани духтараке дар кишвари ҳамсоя ва ҳамзабони худ Афғонистон бо номи Фарзона гаштем.Ҳатто маъхазҳои гузаштаи дури халқамон, азҷумла китоби муқаддаси «Авасто» ва ёдгориҳое чун «Мотиконе ҳазор дотестон», «Ёдгории Заррирон» чунин кору амалу чунин «адолати судӣ»-ро дар таърихи худ ёд надорад, зеро ҳамагӣ сарчашмаҳои ҳуқуқи ҷиноии халқамон дар гузаштаи дур хело ҳам башардӯстона буданд ва ин сарчашмаҳо имрӯз мояи ифтихори миллати сабаланди мост!

     Тазодро бубинед, ки баъди зиёда аз 30 соли ин мурофиаи  ба қавле «мудерн» намудаи «шариатпаноҳони» Бухоро дар мувофиқа ва ёрии «ҳуқуқӣ»-и бо давлати Руссияи подшоҳӣ (тарзи аврупоии мурофиаи судӣ), соли 1947 Созмони Миллал Муттаҳид , Эъломияи ҳуқуқи башарро дар қироати аввал қабул кард ва ин қонуни умумибашарӣ имрӯз сарчашмаи ҳуқуқии тамоми қонститутсияҳои кишварҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқии олам оиди ҳаққу ҳуқуқи инсон(азҷумла иҷрои ҷазо, тарзи нигоҳ доштану ҳимояи ҳуқуқӣ ҷинояткорон) гардидаст ва мояи қабули ин эъломияи умумибашарӣ низ сарчашмааш аз ҳамин шаҳр, яъне шаҳри Бухоро манша гирифтааст!Зиёда аз дуюним ҳазор сол пеш, аз ин сарзамин аввалин шоҳаншоҳе пайдо гашт, ки аввалин импературии ҷаҳонро таъсис дод ва аъмоли бошардӯстӣ, адлу инсофаш машҳури офоқ гашт ва маншури ӯ оиди ҳуқуқу озодиҳои инсон сарчашмаи қабули Эъломияи ҳуқуқи башари имрӯза гаштааст ва номи худаш бошад ба китобҳои худовандии аҳли насоро ва яҳудия дохил гаштааст!Ин фарзанди шарафманди мардуми тоҷик Куруши Кабир аст ва ӯро бо адолатпарастӣ то имрӯз кулли мардуму кишварҳои ҷаҳон мешиносанд.Зеро дар тинати мардуми оринажод он давра ба ғайр аз инсондӯстӣ ва андешаю пиндори неку рафтори нек, омилҳои динни муттаасибона ва ифротгароёна он замон ҳанӯз реша надавонида буд!       

     Устод Айнӣ, ки шоҳиди бевоситаи ин фоҷиаи пурдаҳшат дар асри бузурги кашфиётҳои технологӣ ва фалсафаи ақлгароӣ- асри  20 будааст чи тавре, ки дар боло ишора намудем  аз мушоҳидаи ин манзара сахт ба риққат омада иброз медорад, ки «Ман дар умри худ якум бор дидам, ки одам бо тарбияи бад ва адамҳои ваҳшиёна чи қадар аз диди одамгарӣ баромада, аз ҳайвоноти дарранда ҳам бадтар мешудааст!» Ин ёддоштҳои устод оиди ин «мурофиаи судӣ» ва тасвири ҷоҳилияти муллоёни риёкор, ҷоҳилу дур аз нишонаи одамгарӣ ва муллобачагони бесавод ва ифротӣ имрӯз дар шароити пешравии бемислу монанди  нанотехнология, ҷанги иттилоотӣ пеш аз пеш дар тарбияи ватандӯстӣ, ақлгароӣ ва мубориза бо бесаводӣ ва ҷоҳилии андеша (ба назари банда тафаккури паст ва нодонӣ ояндааш ин ҷоҳилист, аз фосилаи ҷоҳилӣ то терроризму ифротгароӣ бошад қадаме беш нест!) нақши намоёнеро бозида метавонанд. Ана ҳамин ҷоҳилон, кишвари моро садсолаҳо аз рушду нумӯъ ва истифодаи дастовардҳои беҳтарини техникӣ ва илмии ҷаҳони муосир ба қафо мекашиданд (айнан мисли фикру андешаи салафиёни имрӯза) соли 1920 дар як кудето (инқилоб) ҳамаро бар асари ҷоҳилӣ ва қашшоқии фалсафаи андеша ва тафаккури танги ифротӣ, ки кишварро асрҳо аз рушду инкишоф боздоштанд ҳама чизро бохтанд! Имрӯз ҳам баъзан гуруҳҳои бадхоҳ анҷумане бо ном “озодандешон” таъсис дода, ҳамон ҷаҳолету ситамро мехоҳанд дигарбора ба сари миллати тоҷик таҳмил созанд. Аммо ин “озодандешон” ба қавли устод Айнӣ худ тарбияи бад доранд. Устод тарбияи бад гуфта инҷо пеш аз ҳама чаласаводӣ, шуури пасти ҷомеъа,фаҳмиши динро ба таассуб ва то дараҷаи баланди ифротӣ бурдани онро аз тарафи муллоёну муллобачагонро бешаку шубҳа дарназар дорад на чизи дигарро. Оре ин суханҳои устод, ки дар даҳаи дуюми асри 20 аз андешааш гузаштаанд ва баъди солҳои 40-уми асрии пор ёддошт гаштаанд,муттасифона имрӯз дар асри нанотехнология ва кушоиши кайҳонӣ ҳамоно дар ҷомеъаи исломӣ давом дорад, ки ин боиси нигаронӣ ва афсӯз аст!  

     Президенти кишвар, Пешвои миллат ба масъалаи пешгирии терроризм ва ифротгароӣ, пешгирии шикасти андеша ва тафаккури аҳолӣ ва ба хусус ҷавонон диққати хоса медиҳанд ва мо инро бори дигар зимни Паёми роҳбарии хеш ба Маҷлиси Олии кишвар санаи 22-юми декабри соли 2017 ба хуби мушоҳида намудем. Танҳо дар соли 2017 зиёда аз 100 кишвари олам дучори ҳуҷуму зарари террористону ифротгароён қарор гирифта, мутаасифона қисмати бузурги ин ашхосро фарзандони кишварҳои исломӣ, ки бо сабабҳои сустии тараққиёти техникӣ, фарҳангӣ, соҳаи маорифи ҷомеъаи исломӣ ва мисли кишварҳои насоро нагузаронидани реформаҳои ҷадид ба ин ҳол  муддати бештар аз 500 сол боз инҷониб гирифторанд гашта истодаем.Аз ин рӯ рушду тараққиёт ва муносибати боақлона бо зиндагӣ, фаҳмиши ақлгароёна ба дину расму оинҳо, фалсафаи илм ва амният(ибораи бисёр хуби илмӣ ва то андозае шоиронаи устод Саймуъмин Ятимов) ва баромадан аз таҳаюлоти бардагии омехта бо андешаи динии ифротгароёна хамирмояи тарбияи ҳар як хонадони на танҳо мардуми тоҷик, балки кулли ҷомеъаи исломӣ бояд қарор гирад.Дар ин роҳ инкишофи рушду тараққии шариати насоро омӯзанда аст.Ин мардум 500 сол боз , баъди давраи Эҳё ва реформаҳои бузурги динӣ ва давлатӣ зина ба зина, сол ба сол, аср ба аср то имрӯз шариати динии худро бо қонунҳои дунявӣ, илмӣ ва ақлгароӣ мутобиқ намуданд ва имрӯз бо тараққиётҳои азиме пешрави ҷомеъаи башариянд(чунин реформаи тағиротҳои вобаста ба пешравии инсониятро дар аҳкоми шариати ҷомеъаҳои будоия, ҳиндуия ва яҳудия ба хуби мушоҳида намудан мумкин аст).Калисои Рим ва папаҳои он дар ин муддат тавонистанд, кашфиётҳои Коперник(ситорашинос, ки дар гулхан сӯхта шуда буд), Галило Галилей(пайваста ба  суди икивизатсионӣ барои кашфиётҳо ва ҳимояааш аз назарияи Коперник кашида мешуд) Мендел (барои қонуни ирсият) эътироф намоянд ва ҳатто аз рӯҳи онҳо пӯзиш пурсанд! Дар ҷомеъаи исломӣ низ сар карда аз Аналҳақу Фирдавсӣ , Сино, Берунӣ то Аҳмадии Донишу дигар олимони барои кашфиёташон аз диндорони муттаасиб ва ифротӣ азияткашида хело зиёданд , ки имрӯз дурустии андешаашон исбот ёфта ва ҳамагон ифтихори ҷомеъаи исломӣ ва башариятанд, лекин надидем, ки аз рӯҳи поки онҳо ҷомеъаи исломие бахшиш пурсида бошад!

     Кишварҳои исломиро низ мебояд аз ақл, ва тафаккур кор бигиранд на аз хашму ғазаб (терроризм ва ифротгароӣ)!

     Устоди маъруф, бостоншиноси сатҳи ҷаҳонӣ, академик Юсуфшоҳи Ёқубшоҳ аз вайронаҳои қалъаи Ҳулбук чанд сол муқаддам шоҳкосаеро ёфта буд, ки онҷо чунин навишта шуда буд: «Хашму ғазаб нишонаи бохтан аст!». Оре ин суханони ҳакимонаи ниёгонамон, ки зиёда аз 1000 сол пеш гуфта шудаанд, барои ҷомеъаи исломӣ дар роҳи пешгирии терроризм ва ифротгароӣ беҳтарин ҳикматест! Беҳуда миллати мо масале надорад, ки ақл пешравӣ давлат аст!

     Мо беақлии ҷомеъаҳои исломиро дар мисоли инқилобҳои рангаи тарҳрезигаштаи кишварҳои муттарақӣ ва пешрафта, ки тариқи ихтироъи воситаҳои алоқаи кайҳонӣ , истеҳсоли телефонҳои мобилӣ, компютер, телевизонҳо бо мавҷгиракҳои кайҳонӣ ва дигар асбобу олотҳои зудраси электронӣ, ки ин ихтироотро ба кишварҳои исломӣ ба маблағи садҳо миллиард доллар фурӯхта, боз барояшон сомонаҳо ва барномаҳои махсуси динӣ-мазҳабиро барои ҷангандозӣ ва ифротӣ намудани аҳолии мусулмон тарҳрезӣ ва месозанд (дар бисёр ҳолатҳо ин барномаи сохтаашонро бо нархи миллардҳо доллар ба ин ҷомеъаи қафомондаи муслимин мефурӯшанд!) ва ҳадафҳои сиёсӣ ва иқтисодии худро тариқи ин ихтирооташон пиёда месозанд ба хубӣ мушоҳида менамоем!

     Бо ибораи дигар аз мост, ки бармост! Тамоми бадбахтии уммати исломӣ ва беобурӯ намудани дини исломро низ аз ҷоҳилию ифротигароии анна ҳамин «нухбагону шариатпаноҳон»-и дини ислом ,ки динро танҳо дар ришмонӣ ва саллаи чор метра бастан ва ваъзгӯии ривоятҳои афсонавӣ ва ҳизбтарошӣ мебинанд бояд ҷуст(ба ёд биёред ба ном эшони «саллакабудро»,ки дини мубини ислому Қуръони азимуншаънро ба қавли ҳазрати хоҷа Ҳофиз «доми тазвир» намуда буд) вагарна дини ислом дини ақлгаро, адаб, фарҳангпарвар, сулҳпарвар ва башариятдӯст аст! Фикр мекунам, ки сари масъалаи воқеъаи фоҷиабори тарбияи нодуруст, ки шахсро ба ифротгароӣ ва манқуртӣ мебарад ин силсилақисаҳои устод Садриддин Айнӣ барои насли имрӯза омӯзанда аст.То ҷавонон сайъ кунанд хонанд, донишҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ,техникӣ, физикӣ, ихтироъкории худро ба дараҷаи хело боло баранд ва наҷоти дини мубини ислом ва фарҳанги хело бойи исломӣ  низ маҳз ба тарбияи чунин уммати доно, босавод ва ихтироъкор дар асри пешравиҳои бузурги нанотехнологӣ вобастагии комил дорад, на таассуб, риёкорӣ, ҷоҳилӣ ва ифроту терроризм!

 

Варқаи ЗАЙНИДДИН, ёвари калони прокурори вилояти Хатлон, мушовири адлияи дараҷаи 1, Корманди фахрии мақомоти прокуратураи ҶТ, Узви ИЖ ҶТ, аълочии матбуот, фарҳанг, маориф,радио ва телевизиони ҶТ. ш. Бохтар