АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ, БОЯД ҲИФЗ КАРДА ШАВАНД.

Хабарҳо

Имрӯз, 10.12.2025 дар доираи накша чорабинихои макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохия ҷиҳати тадбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри дурӯст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ тариқи усули “деҳа ба деҳа” ва “мактаб ба мактаб” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №57-и чамоати Галлаобод бо омузгорон ва падару модарон вохӯрии судманд баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур раиси ноҳияи Хуросон – Суризода Носир Мурод ва шахсони масъул иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни вохӯрӣ бахри арзишҳои соҳибистиқлолӣ, муҳиммияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, пешгирӣ аз фарҳанги бегона, тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастии ҷавонон, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, риояи талаботи қонунҳои миллӣ ва саҳм гузоштан дар корҳои созандагию ободкорӣ суҳбат доир гардида, таъкид гардид, ки Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва дигар арзишҳои миллӣ бояд дар ниҳоди ҳар як фарди ҷомеа, махсусан насли наврасу ҷавон тарғиб ва ҳифз карда шаванд.

Маврид ба зикр аст, ки ташкили вохӯрии мазкур бо мақсади пешгирии омилҳои номатлуб миёни наврасону ҷавонон, ҷинояткорӣ, пешгирӣ онҳо аз шомилшавӣ ба экстремизму терроризм, ҷалби падару модар ба таълиму тарбияи фарзанд, ҳатмӣ будани таҳсил дар зинаи сеюми таҳсилот, шарҳи муҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, ба роҳ мондани корҳои тозагиву ободонӣ ба роҳ монда шуда, баргузории вохӯриҳои мазкур минбаъд низ идома меёбад.

Аксҳо аз рафти вохӯрӣ: