Тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия имрӯз, 8 декабри соли 2025 Конференсияи ноҳиявӣ таҳти унвони “Хатари коррупсия ба арзишҳо ва ахлоқи ҷомеа” бахшида ба таҷлили “Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия” баргузор гардид.
Дар конференсия Суризода Носир Мурод – раиси ноҳияи Хуросон ва Назарзода Самандар – намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Қайд гардид, ки “Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвагдӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад.
Аз ин лиҳоз, барои пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазир ба он ва ин раванд ҷалб наиудани тамоми мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби субъектҳои мубориза бар зидди коррупсия бояд чораҷӯӣ карда шавад”.
Аксҳо аз рафти Конференсия:



