МУҲТАВОИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Хабарҳо

Имрӯз, дар ноҳияи Хуросон дар асоси мактуби муовини якуми раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба шарҳу тафсири нуқтаҳои калидии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун санади муҳими барномавӣ самтҳои асосии рушди давлат ҷомеаро барои солҳои оянда муайян менамояд, бо иштироки Аюбӣ Бибиосия – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯри баргузор гардид.

Қайд гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар Паёми худро расонида, бо зикри пешрафту муваффақиятҳои тамоми самтҳои давлатдорӣ ва баёни масъалаҳои мубрами рӯз дар саросари кишвар ва берун аз он, миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд, ки дар он муҳимтарин самтҳои давлатдорӣ, ба бунёди ояндаи нек ва рушду устувории иқтисодиёти мамлакат, инчунин некӯаҳволии ҷомеа пояҳои устувор мегузоранд.

Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҳамаи деҳаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия идома доранд.

Аксҳо: