Имрӯз, 30 – юми декабри соли 2025 дар толори васеи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати ҳафтум, баргузор гардид.
Дар маҷлиси мазкур Суризода Носир Мурод – раиси ноҳияи Хуросон ва Шарифзода Назрулло – намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, муовини директори Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия дар вилояти Хатлон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар Иҷлосияи мазкур рӯзномаи зерин баррасӣ гардид:
1. Ҳисоботи раиси ноҳияи Хуросон ” Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои тараққиёти иҷтимоӣ _ иқтисодии ноҳияи Хуросон дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026″.
2. Дар бораи иҷрои буҷети ноҳия дар соли 2024 ва тасдиқи буҷети ноҳия барои соли 2026.
3. Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи кории Маҷлиси вакилони халқ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон барои соли 2026.
4. Масъалаҳои ҷорӣ.
Оид ба тасдиқи қарорҳои раиси ноҳияи Хуросон, ки дар байни иҷлосияҳои сеюм ва чоруми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Хуросон, даъвати ҳафтум қабул гардидаанд.
Аксҳо аз рафти Иҷлосия:


