Паёми табрикии Раиси ноҳия бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ

Дар тақвими давлатдории миллии мо ҳамасола санаи 22 сентябр ҳамчун рӯзи бузургдошти поягузори шеъри форсӣ, қофиласолори адабиёти тоҷику форс, устоди шоирони ҷаҳон Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо шукуҳи хоса таҷлил мегардад.

Ба ин муносибат, кулли сокинони ноҳия ва махсусан аҳли илму адаб, шоирону нависандагон, олимону донишмандон ва донишҷӯёну хонандагонро бо рӯзи бузургдошти хираду маърифат ва донишу ирфон табрику таҳният мегӯям.

Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз саромадони шеъри форсии тоҷикӣ маҳсуб ёфта, бо назми оламгир ва нотакрори худ ҳамчун тарбиятгари ҷомеаи башарӣ ба сӯи арзишҳои олии инсонӣ ва ҳидоятгари насли ҷавон ба сӯи созандагиву офарандагӣ мақому ҷойгоҳи шоистаро сазовор аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба таҷлили ин санаи фархунда барҳақ таъкид намудаанд: “Рӯзи Рӯдакӣ на танҳо иди бузургдошти сардафтари адабиёти оламгири тоҷику форс, балки иди мероси адабию илмӣ, фаннӣ ва ахлоқии беш аз ҳазору садсолаи тамаддуни миллати мост”.

Офаридаҳои устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мавзуъҳои мухталиф, аз ҷумла тарғиби ахлоқи нек, тараннуми табибати нотакрор, дӯст доштани ҳаёт, андӯхтани илму маърифат, анҷом додани некию некӯкориро дар бар гирифта, ҳамчун чароғи равшан роҳи башариятро ба сӯи ояндаи дурахшон мунаввар сохтааст. Каломи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ пайвандгари наслҳои гузашта, имрӯза ва ояндаи миллати тоҷик буда, бо арзишҳои бузурги ахлоқиву фалсафӣ, илмиву фарҳангӣ ва таърихӣ ойинаи босафои зиндагии ҳар кадоми мову Шумо мебошад.

Маҳз тавассути осори безаволи устод Рӯдакӣ забони тоҷикӣ дар паҳнои бузурги тамаддуни дунё дома густурда, асолати худро нигоҳ доштааст. Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “забони Рӯдакӣ забони зиндаи халқи тоҷик аст ва бузургиву ҳашамати шоири мутафаккир низ дар ҳамин нукта баён мегардад”.

Осори устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ пайвандгари қалбҳост, ки дар тарбияву камолоти маънавии мардуми мо тарбияи насли худшинос ва ба арзишҳои баланди ватандӯстию ватандорӣ содиқ нақши равшан мегузорад. Хизмати бузурги устод Рӯдакӣ дар он аст, ки мақоми суханро ба арши аъло расонида, адабиёти моро ба оламиён ба таври шоиста муаррифӣ намуд.

Бори дигар, аҳли илму адаб, фарҳангу эҷод ва кулли ихлосмандону дӯстдорони шеъру сухани нобро, ки идомадиҳандагони осори ниёгони бузурги мо ҳастанд, бо Рӯзи Рӯдакӣ табрику муборакбод намуда, барояшон сиҳату саломатӣ, комёбӣ ва фатҳи қуллаҳои баланди эҷодиро таманно дорам.

Паёми Шодбошӣ Ба Ифтихори 29-Умин Солгарди Истиқлоли Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

  Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори бисту нӯҳумин солгарди рӯйдоди бузурги таърихи навини кишварамон, яъне Рӯзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям ва ба ҳар як сокини мамлакат рӯзгори ободу осуда, саодати зиндагӣ ва барору комёбӣ орзу менамоям.

Бисту нӯҳ сол муқаддам мардуми мо ба истиқлоли давлатӣ ноил гардиданд ва ба эъмори давлати миллии худ шурӯъ карданд. Оғози истиқлол ва қадамҳои нахустин дар роҳи бунёди давлати соҳибихтиёри тоҷикон ба давраи бисёр ҳассоси таърихи халқамон рост омад.

Тоҷикистони тозаистиқлоли мо бо гуноҳи хоинону душманони миллати тоҷик ва хоҷаҳои хориҷии онҳо ба зарбаи ҷонкоҳи таърихи худ – ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардид.

Дар замоне, ки мо ҳанӯз ҳатто рамзҳои давлати соҳибихтиёри худро надоштем ва мардуми мо дар ҷодаи истиқлолу озодӣ аввалин қадамҳои худро мегузоштанд, хоинони миллат, яъне онҳое, ки имони худро фурӯхта буданд, Тоҷикистонро ба гирдоби мухолифатҳои сиёсӣ ва муқовимати мусаллаҳона гирифтор карданд.

Душманону хоинони миллати тоҷик ва бадхоҳони давлати тоҷикон мехостанд, ки бо зӯри силоҳ, бо роҳи тарсонидан ва қатлу куштори бераҳмона фарҳанги бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд ва дар Тоҷикистон давлати исломӣ бунёд намоянд.

Дар натиҷа кишварро беқонуниву бенизомӣ фаро гирифт, сохторҳои ҳокимияти давлатӣ фалаҷ гардиданд, беш аз як миллион нафар ҳамватанонамон ба гурезаи иҷборӣ табдил ёфтанд ва дар як муддати кӯтоҳ даҳҳо ҳазор шаҳрвандони бегуноҳи мо, аз ҷумла занону кӯдакон ва одамони калонсол ба ҳалокат расиданд.

Инчунин, бар асари ҷанг даҳҳо ҳазор кӯдакон ятим ва модарону занон бесаробон монданд.

Даҳшати бузургтарини ҷанг дар он буд, ки хатари аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик ба воқеияти талхи рӯз табдил ёфта буд.

Дар чунин шароити ниҳоят вазнин ва воқеан тақдирсоз фарзандони огоҳи миллат ва қувваҳои солими ҷомеа ба хотири наҷоти давлат ва миллат муттаҳид шуданд ва тамоми саъю талоши худро барои аз гирдоби ҷанги бародаркуши таҳмилӣ раҳоӣ бахшидани мардум сафарбар намуданд.

Дар иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олӣ, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор шуд, дар ин ҷода ва пеш аз ҳама, дар роҳи қатъи хунрезӣ нахустин қадамҳо гузошта шуданд.

Мо бо майлу иродаи халқамон ва эътимод ба ояндаи неки кишварамон тамоми кӯшишу имкониятҳои худро, дар навбати аввал, ба ҳалли мушкилоти ниҳоят сангини ҳаёти давлат ва ҷомеа сафарбар намуда, соҳибихтиёрӣ ва якпорчагии давлатро ҳифз кардем.

Дар он марҳалаи бисёр мураккаб мо аркони давлати ҷавонамон – мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатиро барқарор кардем ва фаъолияти онҳоро барои хизмат кардан ба манфиати мардум ва давлати соҳибистиқлоламон равона сохтем.

Яъне бо мақсади ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа Артиши миллӣ ва дигар сохтору мақомоти босалоҳият, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳокимияти иҷроияро таъсис додем ва рамзҳои давлати соҳибистиқлоламон, аз ҷумла Парчам ва Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ ва Конститутсия – бахтномаи миллатро қабул кардем.

Дар баробари ин, ба Ватан баргардонидани беш аз як миллион нафар гурезаҳои иҷборӣ ва барои онҳо ташкил кардани шароити зарурии зиндагӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат буд, ки дар муддати нисбатан кӯтоҳи таърихӣ амалӣ гардид.

Ҳамин тариқ, мо дар зарфи ин солҳо маҳз бо азму талошҳои мардуми ватандӯсту ватанпарварамон тавонистем, ки оқибатҳои низои шаҳрвандиро бартараф карда, давлати ҷавони тоҷиконро аз нестшавӣ ва миллати тоҷикро аз парокандагӣ эмин дорем.

Дар натиҷаи таъмин гардидани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мо ислоҳоти конститутсиониро амалӣ намуда, фаъолияти ҳамаи шохаҳои ҳокимиятро ба танзим даровардем ва парламенти дупалатагӣ таъсис додем, ки дар фазои сиёсиву ҳуқуқии Тоҷикистон падидаи нав мебошад.

Дар ин раванд, гузариш ба низоми иқтисоди бозаргонӣ, ҷорӣ намудани гуногуншаклии моликият, пули миллӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, таҷдиди сохтори иқтисод вобаста ба истифодаи самараноки захираву имкониятҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ, мукаммал гардонидани низоми молия ва бонкдорӣ, рушди соҳибкорӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва тараққиёти соҳаҳои иҷтимоӣ таъмин карда шуд.

Тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат имкон доданд, ки дар давоми солҳои 1997-2020 суръати рушди иқтисоди миллӣ ҳамасола дар сатҳи баланд таъмин ва ҳаҷми воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ панҷ баробар зиёд гардад.

Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар беш аз 1600 корхонаи саноатӣ, зиёда аз 2000 мегаватт иқтидорҳои нави энергетикӣ, 2200 километр роҳи мошингарди сатҳи байналмилалӣ таҷдиду бунёд ва 220 километр роҳи оҳан сохта, ба истифода дода шуданд.

Бо талошҳои созандаи Ҳукумат ва мардуми кишвар ду агрегати неругоҳи барқи обии «Роғун», яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон ба истифода дода шуда, то имрӯз дар он беш аз 1,6 миллиард киловатт – соат барқ истеҳсол гардидааст. Дар натиҷаи ба кор андохтани иқтидорҳои нав маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ дар фасли зимистон бартараф карда шуд.

Дар ин муддат шумораи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз 1 миллиону 325 ҳазор нафар дар соли 1991 то 2 миллиону 34 ҳазор нафар зиёд гардида, барои фарогирии онҳо сохтмон ва азнавсозии 3030 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва биноҳои таълимии иловагӣ бо 651 ҳазор ҷойи нишаст анҷом дода шуд.

Инчунин, шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 13 ба 41 ва шумораи донишҷӯён аз 69 300 нафар дар соли 1991 то 227 ҳазор нафар зиёд гардид.

Дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар замони истиқлоли давлатӣ 1258 муассисаи нав сохта, ба истифода дода шуда, шумораи умумии онҳо аз 2862 муассиса дар соли 1991 то 4369 муассиса дар соли 2020 афзоиш ёфт.

Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар даромади пулии аҳолӣ 125 баробар афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ дар кишвар аз 83 фоизи соли 1999 то 26,3 фоиз паст гардид ва дарозумрии миёнаи аҳолӣ аз 70 сол дар соли 1991 то 75 сол боло рафт.

Фавти модарон нисбат ба соли 1991 3,1 баробар ва фавти кӯдакон 3,5 баробар коҳиш ёфт.

Мо аз оғози соҳибистиқлолӣ ба ташаккул додани асосҳои сиёсати хориҷии кишвар шурӯъ карда, тавассути андешидани силсилаи тадбирҳои муассир мақому мавқеи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ пайгирона таҳким бахшидем.

Дар натиҷа имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ҳамчун давлате мешиносад, ки дар ҳаллу фасли мушкилоти мубрами глобалӣ пешсаф буда, сиёсати хориҷии мутавозину пайвастаро, ки асоси онро усули “дарҳои кушода” ташкил медиҳад, татбиқ месозад. То имрӯз дар арсаи байналмилалӣ се ташаббуси глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об дастгирӣ ёфт ва татбиқ гардид.

Ҳоло иқдоми чоруми кишвари мо оид ба даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018 – 2028, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул шудааст, дар сатҳи милливу минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мавриди татбиқ қарор дорад.

Мехоҳам махсус таъкид намоям, ки ҳамаи ин корҳоро мо ба хотири беҳтар намудани шароити зиндагии халқи шарафманди тоҷик ва баланд бардоштани мақоми Тоҷикистон дар байни ҷомеаи башарӣ анҷом додем.

Ва ҳамин ҳисси баланди масъулият дар назди таърихи миллати тоҷик ва тақдири имрӯзу ояндаи халқи Тоҷикистон ҳар яки моро водор месозад, ки истиқлолу озодии давлатамон, яъне муқаддастарин ва бузургтарин неъмати зиндагиамонро бо тамоми ҳастӣ ҳифз кунем, ҳушёру зирак бошем, дар ғафлат намонем, заҳмат кашем ва қарзи фарзандии худро дар назди Ватани азизамон ба ҷой орем.

Дар баробари ин, мо вазифадорем, ки ба наврасону ҷавонон – насли ояндасози халқамон таърихи пуршебу фарози миллат ва таҷрибаи душвори бунёд кардани давлати миллиро омӯзонем ва дар зеҳну шуури онҳо ҳисси баланди миллӣ, ифтихори ватандорӣ, муҳаббат ба Ватан ва садоқат ба давлатро таҳкиму тақвият бахшем.

Сабақи дигари даврони соҳибистиқлолӣ ин аст, ки нияту орзуҳои ҳар як фарди ҷомеа ва нақшаву барномаҳои созандаи Ҳукумати мамлакат танҳо дар сурати соҳиби Ватани озоду соҳибихтиёр, давлати нерӯманду устувор будани мо, инчунин, дар шароити сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ амалӣ мегарданд.

Аз ин хотир, ҳар як шаҳрванди худогоҳи кишвар бояд то чӣ андоза муҳим будани истиқлолу озодӣ, давлати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро амиқан дарк намояд ва барои таҳкиму тақвият бахшидани низоми давлатдории демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ, ки бо майлу иродаи халқи Тоҷикистон интихоб шудааст, саҳми ватандӯстонаи хешро гузорад.

Имрӯзҳо мардуми бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти мо барои истиқболи сазовори ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон – сисолагии истиқлоли давлатӣ тамоми қаламрави кишварро ба майдони бузурги заҳмати созанда ва фаъолияти бунёдгарона табдил додаанд.

Бо истифода аз фурсат, ман ба хурду бузурги Тоҷикистон ба хотири заҳмати сарҷамъона барои фардои ободи Ватан ва сари баланди миллат сидқан ва самимона сипосу миннатдорӣ менамоям.

Ҳамчунин, ба кулли сокинони мамлакат як масъалаи муҳимро такроран хотиррасон месозам. Бо вуҷуди корҳои бузурги то имрӯз амалигардида ҳоло ҳам на ҳама мушкилоти ҳаёти мардуми мо паси сар шудаанд.

Мо – тамоми аҳли ҷомеаи кишвар бояд сарҷамъона ва бо ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарварӣ барои таъмини зиндагии шоистаи ҳар як оилаи Тоҷикистони азизамон заҳмат кашем.

Мо бояд барои пешгирӣ кардани таҳдиду хатарҳои замони муосир, хусусан, паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва пайомадҳои ногувори онҳо ба саломатии аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисоди миллӣ, инчунин, ҷиҳати ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат саъю кӯшиш кунем.

Дар ин ҷода, бори дигар хотиррасон менамоям, ки мо бояд ба масъалаҳои омода кардани соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ба давраи тирамоҳу зимистони дарпешистода, захира намудани маҳсулоти ниёзи мардум, хусусан, маводи ғизоӣ, сарфаю сариштакорӣ, аз ҷумла сарфаи нерӯи барқ ва ҳамзамон бо ин, қатъиян риоя намудани қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ ва талаботи санитариву эпидемиологӣ масъулияти баланд ва эътибори аввалиндараҷа зоҳир намоем.

Бо дарназардошти ҳолати буҳронӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ, ки Тоҷикистони мо низ аз таъсири он берун нест, инчунин, ҷиҳати пешгирӣ кардани паҳншавии бемории коронавирус мо бояд аз баргузории ҳар гуна чорабиниву маъракаҳо худдорӣ кунем.

Дар баробари ин, мо бояд корҳои созандаро ба истиқболи ҷашни бузурги миллиамон – сисолагии истиқлоли давлатӣ боз ҳам вусъат бахшем, камбудиҳои зиндагиамонро бартараф созем, Ватанамонро обод кунем ва кӯшиш кунем, ки Тоҷикистони азизи мо ҳамқадами ҷомеаи пешрафтаи ҷаҳон гардад.

Бо изҳори ҳамин ниятҳои нек бори дигар тамоми мардуми шарафманду сарбаланди кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ – Рӯзи истиқлоли давлатӣ самимона табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар фарди Ватан сулҳу оромӣ, рӯзгори пурсаодат ва бахту иқболи баланд орзу менамоям.

Ҷашни истиқлолу озодӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Табрикоти Пешвои миллат ба моҳи шарифи Рамазон

Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шуморо ба муносибати фаро расидани моҳи мубораки Рамазон табрик гуфта, ба ҳар як хонадони Ватан файзу баракат ва рӯзгори осуда орзу менамоям.
Рамазон, ки дорои арзишҳои маънавии бузург мебошад, барои мардуми мусулмон моҳи муқаддас ба шумор меравад. Ин моҳ инсонро ба сабру таҳаммул ва парҳезкорӣ даъват карда, дар табиати одамон меҳрубонӣ ва раҳму шафқатро нисбат ба якдигар бедор месозад ва онҳоро ғолиби нафсу ҳомии рӯҳ мегардонад.
Яъне моҳи Рамазон ба пок гардидани ботину қалби инсон мусоидат карда, ӯро аз гуфтору рафтори зишту номатлуб дур месозад.
Дар ин айём, ки моҳи меҳру муҳаббат ва раҳму шафқат мебошад, одамон бояд якдигарро эҳтиром намоянд, аз гуноҳи ҳамдигар гузаранд, ба қадри падару модар, калонсолон, хешу табор ва ҳамсояҳои худ расанд ва фурӯтану хоксор бошанд.
Дар ин моҳи муборак баробари ба ҷо овардани тоату ибодат ва зоҳир намудани меҳрубониву самимият иҷрои амалҳои солеҳ, аз қабили хайру эҳсон ва парҳезгорӣ аз ҷумлаи беҳтарин фазилатҳои инсониву имонӣ дониста шудааст.
Шахсони парҳезгору хайрхоҳ дар моҳи шарифи Рамазон корҳои савобро бештар анҷом медиҳанд, ба ятимону маъюбон, камбизоатону дармондагон ва муҳтоҷону мусофирон дасти кумаку ёрмандӣ дароз мекунанд.
Омезиш ва пайванди устувори арзишҳои миллӣ ва диниву фарҳангӣ моро ба амалҳои хайру савоб, сарфаю сариштакорӣ, тарбияи дурусти насли наврас ва тарғиби илму маърифат ҳидоят мекунад.
Паёмбари ислом дар хутбаи худ ба муносибати оғози моҳи шарифи Рамазон аз шахсони сарватманду доро даъват кардааст: “Ба фақирон ва дармондагон кумаку ёрӣ расонед, ба ятимони бепарастор меҳрубониву ғамхорӣ кунед ва умед дошта бошед, ки баъди сари шумо дигарон низ ба ятимони шумо меҳрубонӣ намоянд”.
Расули Худо дар идомаи хутба мефармояд: «Ба ниёзмандон садақа диҳед». Дар ҷавоб баъзе аз асҳоби Паёмбар пурсиданд: «Ҳамаи мо қодир ба додани садақа нестем». Паёмбар дар посух фармуд: «Бигзор садақаи шумо ба андозаи нисфи донаи хурмо ва як ҷуръа об бошад».
Тавре ки мебинем, ин ҳадиси муборак ҷавҳари баланди ахлоқиву иҷтимоӣ дорад. Зеро дар он шахсони ниёзманд махсус зикр шудаанд.
Яъне садақот дар ҳама гуна шакл махсуси табақаҳои ниёзманд мебошад ва бояд ба онҳо дода шавад. Дар сураи “Тавба”-и Қуръони маҷид низ омадааст: — «Ҷуз ин нест, ки садақаҳо барои фақирон ва бенавоён ва … онон, ки дилҳояшон улфат дода мешавад ва … барои вомдорон ва … барои мусофирон аст; (ва он) ҳукми собитшуда аз назди Худо аст. Ва Худо донои дурусткор аст».
Аз ин ояти карима барои мо комилан равшан мешавад, ки тамоми намуди хайру эҳсон ва дастгириву кумак бояд мувофиқи таъиноти диниву иҷтимоӣ сарф карда шаванд, яъне ба ниёзмандон дода шаванд.
Анҷом додани амалҳои неку писандида ва ба муҳтоҷон дароз кардани дасти саховату ҳиммат на ба хотири дарёфти мартаба, ном ва эътибор миёни аҳли ҷомеа, балки барои ба даст овардани ризои Худованд, худдорӣ кардан аз зоҳирпарастиву исрофкорӣ, оростани маъракаҳои серхарҷу зиёдатӣ волотарин арзишҳо дар дини мубини ислом ба шумор мераванд.
Ҳамватанони азиз!
Вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва торафт доман паҳн намудани бемории хатарноки сироятӣ, яъне вабо моро водор месозад, ки ба саломатии худ диққати аввалиндараҷа диҳем ва нагузорем, ки ин бемории хатарнок дар миёни ҷомеаи мо пайдо шуда, саломатӣ ва ҳаёти одамонро дар хатар гузорад.
Ҳарчанд дар кишвари мо ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст, аммо ин маънои онро надорад, ки мо ғофилу бепарво бошем. Имрӯз тамоми ҷаҳонро ин вабо ба ташвишу нигаронии сахт гирифтор кардааст. Ҳатто дар кишварҳои пешрафта, бо вуҷуди тадбирҳои зиёди амалигардида, шиддати он паст нагардида истодааст.
Корхонаҳои азиму пуриқтидор дар аксари давлатҳои олам аз кор мондаанд ва буҳрони шадиди иқтисодиву молиявӣ ҳамаи мамлакатҳо, аз ҷумла Тоҷикистони моро таҳти таъсир қарор додааст.
Дар чунин шароит ва хусусан, дар ин моҳи муборак моро зарур аст, ки ба қоидаҳои беҳдоштӣ дар хона, маҳалли зист, ҷойи кор ва ҷойҳои ҷамъиятӣ бештар диққат диҳем, барои ҳифзи саломатии худамон, аъзои хонавода ва аҳли ҷомеа талош варзем.
Ба андешаи мутахассисон риояи қатъии тадбирҳои беҳдоштӣ ва тозагиву озодагӣ яке аз муҳимтарин роҳҳои пешгирии ин беморӣ мебошад ва ин талабот дар сарчашмаҳои шариати ислом низ борҳо таъкид шудааст. Чунончи, пайғамбари ислом дар ҳадиси худ мефармояд: — “Покизагӣ нисфи имон аст”.
Пайғамбари гиромӣ, ҳамчунин, фармудааст: — “Ҳангоме ки дар бораи паҳн гаштани бемории сирояткунанда дар сарзамине хабардор шудед, ба он сарзамин дохил нашавед. Аммо агар дар сарзамине бошед, ки дар он ҷо марази сирояткунанда хуруҷ кардааст, пас аз он сарзамин берун наравед!”
Дар ҷойи дигар ба ин маънӣ гуфтааст: — «Инсон худ ва дигаронро аз хатарҳои ногаҳонӣ эҳтиёт намояд ва аз бемориҳое, ки хусусияти сироятӣ доранд, барҳазар созад».
Бовар дорам, ки мардуми таҳаммулгарои мо ин мушкилотро низ бо сабру тамкин паси сар карда, ба заҳмати софдилона машғул мешаванд, ҳар як ваҷаб заминро, ки ризқу рӯзии аҳли оила ва мардум аст, самаранок истифода менамоянд ва ба хотири фаровонии дастархони хеш сарҷамъу аҳлона заҳмат мекашанд.
Ман андешаҳои худро доир ба ин масъалаҳо дар суханрониҳоям дар ҷаласаи ғайринавбатии Ҳукумати мамлакат ва иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 16 ва 17 апрел муфассал баён доштам.
Ҳоло бори дигар ба ҳамватанони азизам хотирнишон месозам, ки моҳи Рамазони имсола, илова ба бемории хатарноки коронавирус, ба давраи авҷи кишту кори баҳорӣ ва ҷамъоварии ҳосили барвақтӣ баробар омад.
Бинобар ин, мо бояд мувофиқи шароит амал кунем ва пеш аз ҳама, дар фикри саломатии худ ва аҳли хонадон бошем.
Возеҳу равшан аст, ки тибқи таълимоти дини мубини ислом саломатии инсон ва ҳифзи ҳаёти одамон аз тамоми фаризаҳои дигар болотар аст. Ин масъала дар сарчашмаҳои муътабари фиқҳӣ борҳо ва батафсил зикр шудааст.
Яъне мо набояд дидаву дониста, дар натиҷаи нанӯшидани об ва нахӯрдани хӯрок, ки хусусан, ба саломатии калонсолон зарар дорад, ба ҷони худ ҷабр кунем ва ба худкушӣ даст занем.
Зеро дар натиҷаи рӯзи дароз ташнаву гурусна будан масунияти бадани одам паст шуда, онро ба қабули ҳар гуна бемориҳои сироятӣ осебпазир мегардонад.
Аксари фақеҳони исломӣ муқаррар кардаанд, ки ба кишоварзон, чорводорон ва шахсони машғул бо дигар касбу корҳои пурмашаққат, ки гуруснагӣ ё ташнагии сахт ба саломатии онҳо зарар мерасонад, хӯрдани рӯза иҷозат аст.
Яъне шахсоне, ки осоиши ҷомеа аз касбу кори онҳо вобаста мебошад ва ба ибораи дигар, дар хизмати мардум ҳастанд, метавонанд дар асоси сабукиҳои зикршуда рӯзаи худро ба вақти дигар гузоранд.
Ман аз ҳамаи онҳое, ки дар саҳро кор мекунанд ва ба истеҳсоли неъматҳои моддӣ машғуланд, даъват мекунам, ки ба хотири саломатии худ ва аҳли хонадон, ризқу рӯзии оилаашон ва мардуми кишвар, инчунин, таъмин кардани бозори истеъмолии мамлакат бо маводи ғизоӣ аз ин сабукӣ истифода карда, гирифтани рӯзаро ба вақти мусоиди дигар мавқуф гузоранд.
Чунин одамон набояд ба ризқу рӯзии аъзои оилаашон зомин шаванд ва саломативу ҳаёти онҳоро таҳти хатар гузоранд.
Зеро мо агар имрӯз кор накунем, дар тирамоҳу зимистони дарпешистода рӯзгори ҳар як оила ба сахтиҳои зиёд дучор мешавад, қаҳтиву қиматӣ ва наҳс ба вуҷуд меояд. Мову шумо набояд ба умеди дигарон шавем. Чунки имрӯзҳо ҳамаи кишварҳои олам дар фикри ҳалли мушкилоти худашон ҳастанд ва касе намедонад, ки ин ҳолат чӣ қадар идома меёбад ва дар пеш моро боз чӣ мушкилоти дигар интизоранд.
Дар ин моҳи муборак, пеш аз ҳама, тамоми хизматчиёни давлатӣ, вакилони мардумӣ, роҳбарони сохтору мақомот, ташкилоту муассисаҳо ва соҳибкорону тоҷиронро зарур аст, ки бештар аз ҳама даст ба кори хайр зананд, зеро онҳо имкони беҳтари иҷрои амалҳои солеҳро доранд.
Бо дарназардошти ин, ки соли ҷорӣ яке аз вазнинтарин солҳо дар ҳаёти башарият, аз ҷумла мардуми мо дар оғози ҳазораи нав мебошад, ман дар ҷаласаи Ҳукумат тамоми роҳбарону масъулонро доир ба 40 фоиз зиёд кардани майдони кишти картошка, яъне нони дуюм ва то 60 фоиз афзоиш додани масоҳати кишти такрорӣ — ғалладонагиҳо, аз ҷумла ҷуворимакка, шолӣ, лӯбиёгиҳо ва зироатҳои дигар вазифадор намудам.
Дар шароити имрӯза мо бояд ба ҳар як оила ин масъаларо фаҳмонем, ки ҳар як ваҷаб замин, аз ҷумла қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва заминҳои Президентӣ барои истеҳсоли маводи ғизоӣ истифода карда шаванд.
Мо бояд минбаъд низ аҳлона заҳмат кашем, ба давлат ва халқи Тоҷикистон содиқона хизмат кунем, барои ҳамватанонамон ҷойҳои корӣ таъсис диҳем ва корҳои ободониро тибқи нақшаи тасдиқгардида ба истиқболи ҷашни бузурги миллиамон — сисолагии истиқлоли давлатӣ беш аз пеш густаришу вусъат бахшем.
Дар хотима, бори дигар ҳамаи шумо — ҳамватанони азизро бо фарорасии ин моҳи муборак табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо зиндагии орому пурсаодат ва ба кишвари азизамон сулҳу субот, пешрафту ободӣ ва дастовардҳои рӯзафзун орзу менамоям.
Моҳи шарифи Рамазон муборак, ҳамватанони азиз!


Ҳамватанони азиз!

Аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии нощияи Хуросон ҳамаи Шумо сокинони сарбаланди ноҳияро бо рўйдоди басо муҳиму таърихӣ ва фараҳбахш – таҷлили ҷашни 25-умин солгарди Рўзи қабули Конститутсия, ки барои мардуми кишварамон санади сарнавиштсоз аст, табрику муборакбод намуда, бароятон пеш аз ҳама сиҳату саломатӣ, осмони софу беғубор, зиндагии бобарор ва саодатмандию сарбаландии рўзгорро таманно менамоям.

Қабули Конститутсия арзишмандтарин дастоварди мардум ва давлати тоҷикон дар интиҳои асри гузашта ба шумор рафта, натиҷаи мантиқии талошҳои ҷомеаи адолатпарвар дар роҳи расидан ба марҳалаи тозаи рушду инкишофи хеш ва муаррифии кишвари мо ба оламиён мебошад.

Бисту панҷ сол муқаддам дар кишвари мо тавассути раъйпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, яъне бахтномаи халқамон қабул гардид ва мо ин рўзи воқеан таърихиро ҳар сол бо доир намудани силсилаи чорабиниҳои сазовори ин санади тақдирсоз таҷлил мекунем. Дар айёми ниҳоят ҳассоси таърихӣ бо қабули Конститутсия мардуми Тоҷикистон бори дигар собит намуд, ки ҳеҷ душвориву мушкилот, аз ҷумла ҷанги таҳмилии ба сари мардуми тоҷик ва тоҷикистонӣ омада, наметавонад пеши роҳи бунёдкориву созандагӣ, адолатпешагиву росткорӣ, эъмори давлати муосири миллӣ будани сокинони сулҳдўсти кишвари моро бигирад.

Тавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Бузургӣ ва аҳамияти ин санади муҳими таърихӣ, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки он бори нахуст аз ҷониби худи халқ ва барои халқ бо роҳи ифодаи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони мамлакат қабул карда шудааст».

Талаботи муҳими Конститутсия эҳтиром, риоя ва иҷрои ҳатмии меъёрҳои он ва қонунҳо мебошад. Зеро қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ омили асосӣ ва зарурии суботу оромии ҷомеа ва дар ин замина пешрафту рушди он аст.

Қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таърихи навини кишвар рўйдоди сарнавиштсоз, муайянкунандаи роҳу равиш ва рушди устувори Ватани азизамон гардид.

Таҳти роҳбарияти олии кишвар мо дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба шарофати эҳтиром ва амалишавии меъёрҳои Конститутсия, тавонистем ҷомеае бунёд намоем, ки дар он фазои озоду демократӣ ҳукмфармо ва суботи сиёсиву ваҳдати миллӣ, пешрафти бемайлон ва пойдориву устувории давлату миллат таъмин гардидааст.

Бинобар ин, кулли мардуми шарафманду сарбаланди ноҳияро ба ифтихори Рўзи Конститутсия, ки он китоби бахт маҳсуб меёбад, самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо хушиву хурсандӣ, иқболи баланд ва файзу баракат орзу мекунам.

Бигзор Конститутсия абадан чароғи роҳнамо ва муайянкунандаи самти роҳи пешгирифтаи миллати мо ва муттаҳидкунандаи ҷомеаи навин бошад!

Саломату сарбаланд бошед!

Паёми табрикотии Раиси ноҳияи Хуросон Сафарзода Раҳматулло бахшида ба ” Рӯзи кормандони тиб”

Мӯҳтарам табибон иди касбии Шумо дар даврае баргузор гардида истодааст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ба хотри истиқболи сазовори санаи фархундаи миллат 28- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистондар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ноҳия намунаи баланди садоқат ва меҳнатдӯстии хешро нишон дода истодааснд.
Расо бисту ҳашт сол қабл аз 9-уми сенябри соли 1991 дар харитаи сиёсии ҷаҳон боз як давлатӣ нав- Тоҷикистони соҳибихтиёру соҳибистиқлол арзи вуҷуд кард. Ин руйдоди таърихӣ дар ҳаёти миллати тоҷик оғози марҳилаи нав гардид, ки ҳоло мо бо ифтихору сарфарозӣ дар он зиндагӣ карда, баҳри ободию рушди ҳамаҷонибаи Ватани азизамон талош дорем.
Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва талошу муборизаҳои фидокоронаи фарзанди фарзонаи миллати Пешвои миллат буд, ки мо дар Ватани хеш озодона зиндагӣ карда, тамоми иду ҷашнҳои бузургамонро ботантана қайд намуда истодаем.
Ба ин хотир дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамасола кормандони тиб ва аҳли ҷомеа баҳри арҷгузорӣ ва гиромидошти таълимоту хизматҳои арзишманди фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, алломаи машриқзамин, Пири табибони олам, Шайххурраис Абӯуалӣ ибни Сино 18-августро, ки ба зодрӯузи ин табиби мақоми ҷаҳонидошта рост меояд, ҳамчун “Рӯзи кормандони соҳаи тиб” таҷлил менамоянд.
Ин саннаи муборакро ба Шумо дар симои Шумо ба кулли кормандони соҳаи тандурустии ноҳия. ки бо наҷибтарин касби инсонӣ, ва дармонбахши дарди мардум машғуланд, самимона табрику муборак бод намуда, бароятон саодати рӯзгор, бахту иқболи баландро таманно намуда, ба кишвари соҳибистиқлоламон шукуфоиву пешрафтро орзу менамоям. Тақдими тӯҳфаҳои хотирави ва ифтихорномаи Раиси ноҳия мӯҳтарам Сафарзода Раҳматулло аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон ба кормандони тиб.

ДУРУДИ ШОДБОШИИ РАИСИ НОҲИЯИ ХУРОСОН МУҲТАРАМ РАҲМАТУЛЛО САФАРЗОДА БАХШИДА БА “РӮЗИ МОДАР”

Модарону бонувони меҳрубон ва хоҳарони азиз!

Дар оғози фасли баҳор фаро расидани Рӯзи модар – ин ҷашни барои ҳамаи мо бисёр азизро ба ҳамаи Шумо, бахусус модарону бонувон ва духтарони ноҳия самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саломативу хушбахтӣ ва хонаободиву сарбаландӣ орзу менамоям.  

Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерӯбахши руҳу ҷон мебошад. Муфассал…

Суханронии раиси ноҳияи Хуросон Р. Сафарзода дар «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ба истифода додани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун»

Ҳозирини муҳтарам!

Дӯстони гиромӣ!

Имрӯз миллати тоҷик ҳамчун миллати давлатдор, бунёдгар, тамаддунофар ва соҳибиқбол тантанаи фирӯзӣ дорад.

Мо имрӯз се ҷашнро таҷлил намуда истодаем, ки дар раванди инкишофи миллат ва давлат тағйироти куллӣ овардаанд.

Аз он ҷумла, 26-умин солгарди Иҷлосияи таърихии ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президент ва ба истифода додани агрегати аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун» аст, ки расидан ба имрӯзи саидро қудрати шахсияти бузурги таърихӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру ҳидоятҳои ҳадафмандонаи онҳо воқеӣ гардонидаанд.

Муфассал

Паёми табрикии раиси ноҳияи Хуросон муҳтарам Р. Сафарзода бахшида ба «Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳозирини гиромӣ!
Ҳамдиёрони азиз!
Дар таърихи навини мардуми мо қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоламон яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини сарнавиштсоз буда, ин санаи муборак ҳар сол бо рӯҳбаландии хосса таҷлил мегардад.
6 ноябри соли 1994 дар давраи ниҳоят ҳассоси сиёсиву иҷтимоӣ, дар замоне, ки ҳанӯз оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга мезад, аз ҷониби мардуми тамаддунсози мо бо дарки масъулияти бузург тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қонуни асосии давлат – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд.

Муфассал…

Табрикоти раиси ноҳияи Хуросон муҳтарам Р. Сафарзода бахшида ба “Рӯзи Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”

     Дӯстони гиромӣ !

     Ҳозирини арҷманд !

     Имрӯз аз рӯзи таърихии қабули Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки ҳамасола ҳамчун “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҷлил мегардад нӯҳ сол сипарӣ мешавад.

     Бинобар ин ҳамаи Шумо ва тамоми сокинони ноҳияро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, яъне забони шоиронаву шевои тоҷикӣ, ки онро султони суханварони Аҷам устод Рӯдакӣ «тараббахши рӯҳу фараҳафзои ҷон» номидааст, самимона табрик гуфта, ба хонадонатон  бахту саодат ва дар кору зиндагиатон сарбаландиву пирӯзиҳо орзумандам.

Муфассал…

ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ХУРОСОН МУҲТАРАМ САФАРЗОДА РАҲМАТУЛЛО БАХШИДА БА ҶАШНИ «РӮЗИ МОДАР»

     Модарон ва хоҳарони гиромӣ!     Ҳозирини арҷманд!

     Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерӯбахши рӯҳу ҷон мебошад.

     Маҳз ба ҳамин хотир, мардуми тоҷик ва умуман, аҳли башар ба ин олиҳаи беҳамтову ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии ӯро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меоранд.

     Зеро меҳру муҳаббат ва файзу сафои модарон бо айёми эҳё шудани табиат таҷассумгари идомаи ҳаёт ва фардои нек мебошад. Муфассал…