ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ХУРОСОН МУҲТАРАМ РАҲМАТУЛЛО САФАРЗОДА БАХШИДА БА «СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2018»

Ҳамдиёрони азиз!

Ҳозирини арҷманд!

Баъд аз чанд лаҳза соли 2017, ки дар таърихи навини мардуми ноҳия бо хотираву рӯйдодҳои неки ободиву рушди Ватани азизамон сабт хоҳад шуд, сипарӣ гардида, соли нави мелодии 2018 фаро мерасад.

Ба ин муносибат, кулли сокинони ноҳияро самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар як фарди Тоҷикистони азизамон оромиву хушбахтӣ, иқболи нек ва рӯзгори осуда орзу менамоям. Муфассал…

ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ХУРОСОН МУҲТАРАМ РАҲМАТУЛЛО САФАРЗОДА БАХШИДА БА «РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Ҳамдиёрони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла парчам ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи масъулияти шаҳрвандии ҳар фарди бедордили ҷомеа ва дар айни замон мояи ифтихори ӯ ба ҳисоб меравад.

Зеро парчам ҳамчун ифодакунанда ва баёнгари ҳастии давлати соҳибистиқлол, рамзи иттиҳоду сарҷамъии мардуми мамлакат ва илҳомбахши кору пайкори фарзандони содиқу вафодори Ватан ба хотири пойдору бегазанд нигоҳ доштани дастовардҳои истиқлолият ва таҳким бахшидани пояҳои давлатдории миллӣ мебошад.

Муфассал…

ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ХУРОСОН МУҲТАРАМ РАҲМАТУЛЛО САФАРЗОДА БАХШИДА БА «РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» ВА 25 СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳамдиёрони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Чӣ хеле ки ба ҳамагон маълум аст, имрӯз мо дар остонаи ду ҷашни бузург: 25 солагии Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор дорем.

Бинобар ин ҳамаи Шумо ҳозирини гиромӣ ва дар шахсияти Шумо мардуми сарбаланди ноҳияро ба ин рӯзи фараҳбахш табрику таҳният намуда, ба Шумо сарбаландӣ ва дар корҳоятон муваффақиятҳо орзу менамоям.

Муфассал…

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ ХУРОСОН МУҲТАРАМ РАҲМАТУЛЛО САФАРЗОДА БАХШИДА БА РӮЗИ МИЛИТСИЯ

Ҳозирини гиромӣ !

Пеш аз ҳама, мехоҳам тамоми кормандони мақомоти корҳои дохилии ноҳия ва ҳамаи шумо – ҳозирини гиромиро ба фарорасии  Иди касбӣ-  Рӯзи милитсияи тоҷик самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, хонаободӣ, саодату сарбаландӣ ва дар иҷрои вазифаҳои бошарафу пурифтихоратон барору зафарҳои беназир орзу намоям.

Муфассал…

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ ХУРОСОН МУҲТАРАМ РАҲМАТУЛЛО САФАРЗОДА БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳозирини гиромӣ!

6-уми ноябр аз қабули санади сарнавиштсози давлату миллат, яъне Конститутсияи кишвар 23 сол сипарӣ мегардад.

Бинобар ин, ҳамаи шумо, ҳамдиёрони азизро бо ифтихору шодмонӣ ба муносибати ин санаи воқеан таърихӣ табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар яки шумо сулҳу осоиш ва ба кишвари маҳбубамон суботу пешрафти рӯзафзун орзу менамоям.

Муфассал…

ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯ САФАРЗОДА РАҲМАТУЛЛО БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ РӮЗИ МЕҲРГОН

Ҳамдиёрони азиз !

Меҳргон дар баробари Наврӯз аз зеботарин ва шоистатарин ҷашнҳои аҷдоди тоҷикон ба шумор меравад, ки дар гузашта миёни мардумони ориёӣ нисбат ба дигар иду маросим мавқеъ ва манзалати воло дошт. Аз омадани он аз шоҳу вазир сар карда, то деҳқону косиб – ҳама хурсандӣ мекарданд.

Муфассал…

ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ХУРОСОН МУҲТАРАМ РАҲМАТУЛЛО САФАРЗОДА БАХШИДА БА “РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН”

Дӯстони гиромӣ !

Ҳозирини арҷманд !

Рӯзи забон яке аз падидаҳои мубораки даврони истиқлолият буда, мисли дигар суннатҳои бостонии миллии мо ҳар сол ҷашн гирифта мешавад ва барои мардуми Тоҷикистон азизу муътабар мебошад. Зеро дар ин рӯз ба забони модариамон чун ба модари худ арҷ гузошта, бо қалбҳои саршор аз меҳру ифтихор ҳофизаи таърихии худро варақгардон менамоем ва роҳи пурпечу фарози тайнамудаи забону фарҳангамонро пеши назар меорем, то ки аз бурду бохти таърихи хеш сабақ омӯзем.

Муфассал…

СУХАНРОНИИ РАИСИ НОҲИЯИ ХУРОСОН МУҲТАРАМ   РАҲМАТУЛЛО САФАРЗОДА ДАР ЧОРАБИНИИ  ДАЪВАТИ ТИРАМОҲИИ ҶАВОНОН БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Ҷавонони азиз ва падару модарони меҳрубон!

Боиси ифтихору сарфарозист, ки як зумра ҷавонони матину боирода ва бо нангу номуси ноҳия баҳри иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 13 сентябри соли 2017, № 934  «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намуданд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1990-1999 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» азми хизмат ба ватани азизамонро карда, ба комиссариати ҳарбии ноҳия омадаанд, бо арзи эҳтиром онҳоро барои ин ташаббусашон табрику таҳният гуфта, ба онҳо сарбаландӣ ва хизмати шоиста хоҳонам.

Муфассал…

ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ХУРОСОН МУҲТАРАМ САФАРЗОДА РАҲМАТУЛЛО БАХШИДА БА ҶАШНИ «26 – СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН»

Ҳамдиёрони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Бисту шаш сол муқаддам миллати кӯҳанбунёд, соҳибфарҳанг ва тамаддунсози тоҷик ба дастоварди бузург ва муқаддас – истиқлолияти давлатӣ ноил гардид, ки ҳоло мову шумо ин рӯйдоди муборак, яъне тантанаи адолати таърих ва бо силсилаи давлатдориҳои чандинасраи ниёгонамон пайвастани давлатдории навини худро бо ифтихору сарфарозӣ ҷашн мегирем.

Муфассал…

ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ХУРОСОН МУҲТАРАМ САФАРЗОДА РАҲМАТУЛЛО БАХШИДА БА ИДИ САИДИ КУРБОН

Ҳамдиёрони  азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Имрӯз барои мусулмонони кишварамон Иди саиди Қурбон фаро мерасад. Ба ин муносибат ҳамаи шумо, ҳамдиёрони азизро самимона табрик гуфта, ба хонадонатон сулҳу оромӣ ва файзу баракат орзу менамоям.

Таҷлили ин иди суннатии аҷдодиамон имсол ба даврае рост омад, ки дар саросари кишвари азизамон ҷашни бузургу муқаддаси 26 – солагии истиқлолияти давлатӣ дар фазои сулҳу суботи

Муфассал…