РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ АЗИЗАМОН МУБОРАК.ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ ДАР ХУРОСОН

Имрӯз, 16 ноябри соли 2023 дар кохи Хуросон чорабинии тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Гуфта шуд, ки дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 16 ноябр ба гиромидошти хизматҳои мондагори Сарвари муаззами давлат – меъмори сулҳу ваҳдат ва ҳомии Истиқлолу якпорчагии мамлакат, таҷлил мегардад, миллионҳо тоҷикистониён меҳру муҳаббату садоқати бепоёни худро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арз медоранд.

“Маҳз дар ҳамин Иҷлосияи тақдирсоз дар қатори муҳимтарин масъалаҳои замон, рамзҳои давлатӣ, ки муқаддасоти ҳар як давлату миллат ба шумор рафта, нишона аз давлатдорианд, тасдиқи худро ёфтанд. Тасдиқ шудани рамзҳои давлатӣ дар шароити бениҳоят мушкили сиёсӣ бори дигар собит сохт, ки Ҳукумати тозаинтихоб бо сардории сиёсатмадори ҷавон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ муносибати ҷиддӣ, қатъӣ ва собитқадамона дорад”, раиси ноҳияи Хуросон муҳтарам Илҳом Аҳмадзода зикр намуд, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Хуросон ба поси хизматҳои мондагор ва фидокориҳои Ҷаноби Олӣ, ки дар поягузории сулҳу ваҳдати миллӣ, бунёди давлатдории навин, инкишофи тамаддун ва худшиносии миллӣ анҷом додаанд, беш аз пеш, бо сидқу вафо дар атрофи Пешвои маҳбубу муаззами миллат муттаҳидтар шуда, дар татбиқи сиёсати инсонпарварона ва фардосозашон ҳамеша ҳиссагузор хоҳанд буд.

Пас аз қисмати тантанавӣ санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиби ҳунарии худро, ки дар мавзуи ифтихори ватандорӣ, шукрона аз ободиву осудагӣ, изҳори қаноатмандӣ аз сиёсати комили Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ба ҳозирин пешниҳод карданд.

Табрикоти Раиси ноҳияи Хуросон ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон — 6 ноябр

Конститутсияро шаҳодатномаи миллат, гувоҳномаи давлати соҳибистиқлол ва рисолаи тақдири кишвар мешуморанд. Конститутсия иродаи мардуми Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эълон намуда, дар марҳилаи ниҳоят ҳасоси таърихи мамлакат бо талошу даъвоҳои барои сохти давлатдорӣ хатарнок, қабул шудааст. 6 ноябри 1994 мардуми Тоҷикистон майлу иродаи худро доир ба қабули қонуни сарнавиштсоз ва муқаддаси миллӣ, санаде, ки асоси ҳастии ҷомеаро таъмин мекунад, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро кафолат медиҳад, бунёди устувори рушду такомули давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва иҷтимоӣ муайян менамояд, яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар райъпурсии умумихалқӣ изҳор доштанд.
Ин ҳуҷҷат аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол аст ва бинобар ин дар таърихи навини кишварамон рӯйдоди воқеан бузург ва тақдирсоз мебошад. Ин санади муқаддас истиқлолияти давлати тоҷиконро ба расмият дароварда, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии таҳкиму пешрафти ояндаи онро мутобиқи меъёрҳои эътирофшудаи муосир муайян сохтааст.
Тамоми пешрафту дастовардҳое, ки дар даврони истиқлолият мардуми тоҷик ба он ноил шудаанд дар асоси татбиқи Конститутсия бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардиданд.
Бо Камоли эҳтиром ва самимияти беандоза кулли мардуми ноҳияи Хуросон ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати 28 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, барояшон тандурустӣ ва саодати рузғор таманно менамоям.

Бо эҳтиром
Раиси ноҳияи Хуросон 
Аҳмадзода Илҳом Шамол.

САФАРБАРКУНИИ ҶАВОНОНИ ИХТИЁРӢ БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ба муносибати гусел намудани ҷавонони ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони шоҳ Исмоили Сомонии ноҳияи Хуросон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар гусели даъватшавандагони ихтиёрӣ роҳбарияти ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва падару модарони даъватшавандагон иштирок доштанд.

Раиси ноҳияи Хуросон Аҳмадзода Илҳом Шамол  даъватшавандагонро ба муносибати ин рӯзи фаромӯшнашаванда табрик намуда, зикр намуд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар барои насли ҷавон муҳимтарин ва муқаддастарин мактаби обутоби ҳаёт ба ҳисоб меравад. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон дарси шуҷоату мардонагӣ омӯхта, дар ҳифзи марзу буми кишвар бо қаноатмандӣ ва ҳисси баланди ифтихори миллӣ камари ҳиммат мебанданд.

Дар идома волидайни даватшавандагон ба сухан баромада иброз доштанд, ки хизмат ба Ватан, аслан хизмат намудан ба падару модар ва бародарону хоҳарон аст.

Даъватшавандагон низ зимни суханронӣ ба волидайн ваъда доданд, ки қарзи шаҳрвандиро адо намуда, баъди хизмати ҳарбӣ дар хоҷагии халқ баҳри шукуфоии Ватани азиз меҳнати софдилонаро идома хоҳанд дод. Барои даъватшавандагон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон дастурхони идона ороста шуда, баъдан ҷавонон бо дуои хайри волидон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардиданд.

32-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ИҶШС (русӣ: СССР) соҳибистиқлол шуд. Ҳар сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябр — “Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷашн гирифта мешавад. Иди Истиқлолият яке аз идҳои асосии расмии давлати Тоҷикистон аст. Боиси сарбаландист, ки рӯзи 9 – уми сентябри соли 2023 дар кохи Хуросон бо иштироки Раиси ноҳияи Хуросон мӯҳтарам Аҳмадзода Илҳом Шамол ва тамоми роҳбарон, фаъолон ва мусъулини ташкилоту муассисаҳои ноҳия бо як таъби болида 32 юмин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро тантанавор пешвоз гирифтанд.

“ОБ МАНБАИ ҲАЁТ” Зери чунин шиор барои бозҳам сарсабзу хуррам гардонидан маркази ноҳия шаҳраки Обикиик, аз тарафи масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон ва бо иштирок ва дастуру супоришҳои мӯҳтарам раиси ноҳия Аҳмадзода Илҳом Шамол пурра муҳарикҳоро омода намуда барои таъмин ва обёрии намудан дар ҳолати омодабош қарор дода шуд.

Нишасти матбуотии раиси ноҳияи Хуросон

10 августи соли равон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон нишасти матбуотии раиси ноҳия Аҳмадзода Илҳом баргузор гардида, натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ – иқтисодии ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2023 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар нишаст намояндагони васоити ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ ва маҳалӣ аз АМИТ «Ховар», рўзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Минбари халқ», «Сафо», “Рузномаи Хуросон”, ҳафтаномаҳои “Инсон ва табиат”, “Фараж”, “Пайк”, «Тв Хатлон», «Тв Варзиш» «Тв Тоҷикистон» шабакаҳои телевизионии «Ҷаҳоннамо», “Сафина”, «Тоҷикистон» ва дигар расонаҳои хабарии марказию маҳаллӣ иштирок карданд.

Қабл аз нишаст ба намояндагони васоити ахбор маълумотнома оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти рушди иҷтимоӣ иқтисодии шаҳр ва нақшаи чорабиниҳои МИҲД—и шаҳр оид ба саволҳое, ки дар нишасти қаблӣ пешниҳод шуда то ба имрӯз ҳалли худро пайдо кардааст, дастрас карда шуд.

Раиси ноҳия Аҳмадзода Илҳом рўзноманигоронро ба ноҳия хайрамақдам гуфта, изҳор дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри тадбиқи сиёсати созандаю ободкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафҳои неки Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ, таъмини некуаҳволии мардум бо истифода аз иқтидорҳои мавҷуда тадбирҳои судманду муассирро амалӣ менамояд. Сокинони ноҳия “Ватандӯстӣ, созандагӣ ободкорӣ ва рушд”-ро, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат таъкид намудаанд шиори фаъолияти хеш қарор дода, азм доранд 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо тӯҳфаҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол намоянд.

Дар идома аз саволу пешниҳодоти рӯзноманигорон дар нишасти қаблӣ ёдовар шуда, тариқи монитор ва ҷадвалҳои таҳияшуда аҳли нишастро бо амалӣ гардидани дархостҳои ироанамудаи намояндагони воситаҳои ахбор дар самти баланд бардоштани маданияти истифодаи замин, кишти такрорӣ, амнияти озуқаворӣ, таъмини дурнамои кишти зироатҳо, зиёд намудани зоти гӯсфанди ҳисорӣ ва муаррифии шоистаи он бо ҷалби олимони соҳа, дастрасии аҳолӣ ба обу барқ, таъмири роҳ, ба кор андохтани корхонаҳои саноатии азкормонда, амалишавии нақшаи генералии шаҳр, бартарфсозии савдои кӯчагӣ, дастрасии омӯзгорони ҷавон ба замини наздиҳавлигӣ, ташкили нуқтаҳои санитарӣ дар кӯчаҳои серодами шаҳр, назорати нарх дар бозорҳо ва ҳамин монанд саволу дархостҳоро шинос намуда, дастовардҳо ва рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳрро дар шашмоҳаи соли 2023 дар асоси таҳлилҳои амиқ шарҳу тавзеҳ дод.

Рўзноманигорон бо қаноатмандӣ аз дастовардҳои шаҳр дар давраи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолият, вобаста ба самаранок истифода бурдани замин, вазъи роҳҳо, мактабу маориф, бехатарии озуқаворӣ ва назорати санитарӣ-эпидемиологӣ, ҳолати кишти такрорӣ, коркарди партовҳои пластикӣ, бемориҳои мавсимӣ, пешгирӣ аз фарҳанги либоспӯшии бегона, манъи савдои кӯчагӣ, таҳсили ғайрирасмии динӣ, ва вазъи сехҳои дӯзандагии аз фаъолият бозмонда саволу дархостҳои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас ва қонеъкунанда гирифтанд.

Раиси ноҳия аз иштироки фаъолонаи хабарнигорон дар нишаст изҳори қаноатмандӣ карда, барои баёни андешаҳои ҷолиб, пешниҳодҳои созанда, ки ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар шаҳр мусоидат мекунад, изҳори сипос намуд ва онҳоро ҷиҳати рафъи камбудиҳо, ислоҳи равандҳои манфӣ дар ҷомеа ва баланд бардоштани маърифату маънавиёти мардум, ба ҳамкорӣ даъват намуд.

Тибқи дастуру супоришҳои раиси ноҳияи Хуросон Аҳмадзода Илҳом дар ноҳияи Хуросон барои таъмири қубурҳои обкашони корҳои техникӣ анҷом додаистодаанд. Мутахассисон кӯшиш намуда истодаанд, ки ба мавсими обрасонӣ ҳамаи пойгоҳҳои обкашӣ, иншооти гидротехникиро омода намуда, то муҳлати муқарраршуда ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аҳолии ноҳия обро таъмин созанд. Имрӯз аз тарафи мутахассисони пойгоҳи идораи комуналӣ дар ноҳияи Хуросон бонамояндагии мақомотии иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон қубурҳои обкашӣ ва заҳбуру заҳкашҳоро таъмир ва тоза намуда барои кишти такрорӣ омода менамоянд.

Кишти картошка бо истифода аз тухмиҳои аълосифат

Имрӯзҳо, сокинон ва кишоварзони сарбаланди ноҳияи Хуросон, дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба самаранок истифодабарии замин, бештар истеҳсол намудани маҳсулоти кишоварзӣ ва дар ин васила саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқавории мамлакатро сармашқи кори худ намуда, аз бодуи ҳавои мусоид истифода намуда, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон кишти картошкаро бо истифода аз тухмиҳои аълосифат ва техникаи кишоварзӣ ба роҳ мондаанд. Айни замон, дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия кишти картошка бо маром рафта истодааст.

Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ яке аз масоили мубрам буда, дар ин самт роҳбарияти кишвар ва ҳам вилоят ба таври ҳамешагӣ ҷиҳати самаранок истифодабарии обу заминҳои кораттехнологияҳои агротехникаи пешрафтаро ба таври доимӣ ба масъулини соҳаву кишоварзон талқин менамоянд.

Дар ин раванд сол аз сол ба рушди соҳаи мухталиф, аз ҷумла кишоварзӣ, бунёду азнавсозии инфрасохтори обрасонӣ, азхудкунии заминҳои нав, беҳтар гардонидани ҳолати  заминҳо, таъминоти соҳаи кишоварзӣ бо техникаи зарурӣ ва тухмиҳои аълосифат.

Ҳамчунин Раиси ноҳия муҳтарам Аҳмадзода Илҳом зимни баромадоҳи хеш дар Ҷамоатҳои шаҳракиу деҳоти ноҳия оид ба афзун намудани замини кишти картошка, ки яке аз зироатҳои асосӣ маҳсуб меёбад дастуру супоришҳо доданд.