Имрӯз 9.09.2024 ҷаласаи тантанави бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия дар кохи Хуросон баргузор гардид.
Дар ҷаласа раиси ноҳияи Хуросон – Суризода Носир ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири адлия – Музаффар Ашуриён ширкат варзида, сокинони ноҳияро табрик намуданд.
Ҳамзамон дар фарҷоми ҷаласа намояндгони қишри ҷомеаи гуногун бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравии раиси ноҳияи Хуросон кадрдонӣ карда шуданд.
Аксҳо аз рафти ҷаласа:



