ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ХУРОСОН СУРИЗОДА НОСИР БАХШИДА БА ҶАШНИ 33-ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Хабарҳо

Ҳамдиёрони азиз!

Дар таърихи ҳар халқу миллат воқеаҳои бузургу муҳиме рух медиҳанд, ки сарнавишти минбаъда ва роҳи рушди онҳоро барои солиёни зиёд муайян менамоянд.

Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми тоҷик аз ҷумлаи чунин рўйдодҳои бузургтарини таърихӣ мебошад, ки дар тақдири халқи куҳанбунёди мо гардиши куллӣ ба вуҷуд овард.

Аз ин лиҳоз, ин санаи сарнавиштсоз барои мо муқаддастарин ҷашн мебошад. Бинобар ин ҳамаи Шумо ҳамдиёрони азиз ва дар симои Шумо кулли сокинони сарбаланди ноҳияро ба ифтихори 33 – юмин солгарди ин рўйдоди таърихӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар фарди соҳибватан иқболи нек, рӯзгори пурфайзу баракат, саодат ва комёбиву хушбахтӣ орзу менамоям.

Соҳибватан будан хушбахтӣ ва ифтихори бузург аст. Ҳамзамон бо ин, ба қадри ин неъмати бебаҳо – яъне Ватан ва Истиқлолияти он расидан масъулияти аз ин ҳам бузургтар мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд: «Истиқлолият неъмати бебаҳо ва ниҳоят пурарзишест, ки халқи тоҷикро соҳиби комилҳуқуқи сарнавишти хеш намуд ва ҷомеаи мо ҳамчун давлати демократӣ ба раванди умумии таърихи аҳли башар ворид гардид».

Дар ҳақиқат Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату давлатдории тоҷикон дар асри ХХ ба шумор меравад, ки он нахуст дар заминаи давлатҳои навтаъсиси Иттиҳоди Шўравӣ арзи ҳастӣ намуда, баъдан ҳамчун шакли давлатдории мутамаддину пешрафта сабзида, ташакул ёфт ва ба камол расид.

Истиқлолият барои мардуми шарафманди тоҷик имконият фароҳам овард, ки ихтиёри давлатдориро ба дасти худ гирифта, ба сӯйи зиндагии осуда, эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ роҳи васеъ кушоянд.

Аз баракати соҳибихтиёрие, ки ба мо баъди ҳазор соли бедавлатӣ муяссар гардид, мардуми тоҷик имкон пайдо кард, ки таърихи навини худро бо дастони хеш навишта, саҳифаҳои гузаштаи пурифтихори аҷдодамонро зинда гардонад ва бори дигар ба ҷаҳониён собит намояд, ки созандагиву бунёдкорӣ рисолати суннативу деринаи миллати фарҳангии тоҷик мебошад.

Замоне, ки кишвари соҳибистиқлоли мо ҳанўз қадамҳои аввалини худро мегузошт, хоинони миллати тоҷик ва душманони давлати тоҷикон бо пуштибонии доираҳои манфиатдори хориҷӣ кишвари моро ба гирдоби мухолифати шадиди дохилӣ ва баъдан ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд.

Бузургтарин фоҷиа дар он рўзҳо хатари аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик буд. Дар чунин шароити фоҷиабор фарзанди фарзонаи миллат, роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эҳсоси масъулияти баланд барои ояндаи ватан ва халқи Тоҷикистон дар назди худ вазифа гузошт, ки бо истифода аз тамоми роҳу воситаҳои имконпазир ҳарчи зудтар фазои сулҳу оромӣ ва амнияти миллиро дар саросари мамлакат таъмин созад.

Дар замоне, ки як ҳиссаи шаҳрвандони мо дар хориҷи кишвар буданд ва дили модари тоҷик барои фарзандон гум мезад, ў худро нороҳат ҳис мекард. Дар чунин як ҳолати тоқатфарсо пайваста ба мардуми фирорӣ мегуфт: “Ҳамдиёрони азиз, ба Ватан баргардед!

Ба шумо кӯҳи тилло ваъда намедиҳам, аммо як пора ноне, ки дорем бо ҳам мехўрем”. Ҳамин самимият ва муҳаббат буд, ки як миллион гуреза ва муҳоҷири иҷборӣ ба ҷойи зисти аввалаашон баргардонида, 36 ҳазор хонаи пурра ва ё қисман харобгашта дар як муддати кутоҳ барқарор карда шуд.

Дар ҳамин замина миллати шарафманди тоҷик бори дигар ба ҷаҳониён собит намуд, ки дар ҳақиқат яке аз миллатҳои соҳибмаърифату мутамаддин ва хирадпешаву сулҳдӯст мебошад ва қодир аст, ки дар марҳалаҳои таърихию тақдирсоз роҳи ҳалли осоиштаи мушкилоти бамиёномадаро пайдо намояд. Аз баракати сулҳу ваҳдат Ҳукумати мамлакат имкон пайдо намуд, ки барои рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа, густариши равандҳои демократӣ шароити зарурӣ муҳайё созад.

Ҳамдиёрони азиз!

Ҳамин тавр, мо дар муддати начандон зиёд имконият пайдо намудем, ки бо роҳбарии Сарвари оқилу донои худ кишвари биҳиштосоямонро ободу зебо гардонида, ҷиҳати фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ корҳои созандагиро идома диҳем.

Имрўз аз файзу баракати истиқлолияту соҳибихтиёрӣ ва ваҳдати миллӣ мардуми мо дар шоҳроҳи рушди устувор бо эътимоди комил ба имрўзу фардои Ватани азизамон қадам мезанад.

Сатҳи зиндагӣ, маърифату ҷаҳонбинӣ ва худшиносиву ғурури миллии мо пайваста такомул ёфта, назария ва амалияи давлатдории Тоҷикистони озоду демократӣ дар ҷаҳони муосир эътироф шуда, мақому манзалати шоистаи худро пайдо намудааст, ки боиси ифтихори ҳамаи мо мебошад.

Бинобар ин, ҳар як фарди худогоҳро зарур аст, ки дар рўҳияи ватандўстиву ватанпарварӣ ва расидан ба қадри истиқлолият тарбия кардани наврасону ҷавонон, яъне наслҳоеро, ки ояндаи давлату миллат, таъмини амнияту субот ва ободию пешрафти Ватан дар дасти онҳост, вазифаи худ шуморад.

Ҷавонони мо фарзандони истиқлолият мебошанд, зеро онҳо дар канори истиқлолият ва ҳамроҳ бо озодиву соҳибихтиёрии ватанамон ба камол расидаанд.

Дастоварди бузургтарини мо дар тўли 33 – соли истиқлолият барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдори миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандўстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдўсти тоҷик муяссар гардид.

Ҳамаи мо шоҳиди барқарор гардидани адолати таърихӣ дар тақдири халқи созандаи худ шудем, ки чӣ гуна мардуми шарифи Тоҷикистон ба хотири гузоштани пойдевори давлати навини соҳибистиқлолу демократӣ паҳлуи ҳамдигар истода, то ба имрўз барои пешрафту ободии он содиқонаву софдилона заҳмат мекашанд.

Дар ҳақиқат ҳар як гўшаву канори кишвари маҳбубамон, аз ҷумла ноҳияи мо низ рўз то рўз ободу зебо гардида, ҳар як фарди созибмаърифату ватандўсти кишвар ҷиҳати бунёд намудани давлати пояндаву обод қарзи фарзандии худро сарбаландона адо карда истодаанд.

Имрўзҳо бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми гўшаю канори кишварамон корҳои ободонию созандагӣ густариш ёфта истодааст.

Дар ноҳияи мо низ сохтмони 239 иншоотҳои самти фаъолияташон гуногун ба нақша гирифта, то ҷашни 33 – солагии

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 136 иншоот, аз ин шумора 19 корхонаҳои саноатӣ, 117 дигар иншоотҳо ва 6 иншоотҳои ҷашнӣ, ба монанди сохтмони 10 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №1, дар Ҷамоати шаҳраки Обикиик, сохтмони 10 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №18 дар деҳаи Ғаллаободи Ғамоати деҳоти Ғаллаобод бо маблағгузории Сармояи хориҷӣ (Бонки Исломии Рушд) аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтмони 10 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии № 32, сохтмони ошхона дар назди муассисаи таълимии № 20 бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳмгузории аҳолию соҳибкорони маҳал, сохтмони 2 бунгоҳи саломатӣ; дар деҳаи Ҷавонии Ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ ва деҳаи ба номи Файзалӣ Ғаниеви Ҷамоати деҳоти Қизилқалъа аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятӣ – хайриявии “Тавҳид” бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашуриён Музаффар ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид мавриди истифода қарор дода шуданд.

Боварии комил дорем, ки то ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони иншоотҳои дигар низ аз тарафи соҳибкорони бонангу номуси ноҳия ба анҷом расонида мешаванд.

Бо чунин нияту орзуҳои нек бори дигар хурду бузурги ноҳияро ба ифтихори 33 – юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо тандурустӣ, ободии хонадон ва ба Ватани маҳбубамон сулҳу осоиши пойдор ва пешрафту тараққиёти рӯзафзун орзу менамоям.

Бигзор, сулҳу субот дар Тоҷикистони азизамон ҳамеша ҳукмрон ва истиқлолияти миллати бофарҳангамон ҷовидону бегазанд бошад!

Бигзор, ҷашни муқаддаси истиқлолият барои ҳар фарди соҳибдилу озоди кишвар саломатӣ, бахту саодат ва фатҳу кушоиш оварад!

Ҷашни истиқлолият ва соҳибдавлатию соҳибихтиёрӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!