Ҳозирини гиромӣ!
Ба ифтихори ҷашни фархундаи Рӯзи модарон, ки дар оғози фасли зебои баҳор ва дар арафаи соли нави аҷдодӣ фаро мерасад, тамоми модарону бонувони гиромӣ ва духтарони азизи ноҳияро самимона табрик гуфта, ба ҳар кадоми шумо саломатӣ, хушбахтӣ ва хонаободиву саодати рӯзгор орзу менамоям.
Ба оғози эҳёи табиат – фасли рӯидани сабза, шукуфтани гулҳо ва ҷомаи сабзи баҳорӣ ба тан кардани дашту саҳрои сарзамини зебоямон рост омадани Рӯзи модар рамзи басо неку хуҷаста мебошад.
Чунки агар баҳор оғози эҳёи табиат ва зиндагӣ, ибтидои нақшаву ниятҳо ва ташаббусу иқдомоти тоза, омодагӣ ба киштукор ва оғози нави корҳои ободониву созандагӣ бошад, модар худ сарчашмаи зиндагӣ ва бахшандаи ҳаёт мебошад.
Аз ин рӯ, мо модарро ҳамчун вуҷуди муқаддас дӯст дошта, мақому манзалат, қадру қиммат ва ҳурмату эҳтироми ӯро ҳамеша пос медорем.
Модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад ва тавре ки бузургон гуфтаанд, бо як дасти худ гаҳвора ва бо дасти дигараш сайёраро меҷунбонад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми модарро ба пояи баланд гузошта, қайд менамоянд, ки: “Модар сафобахшандаи ҳаёт буда, аз ҳама қиматтарин шахс дар олами ҳастӣ мебошад. Меҳри беҳамтои модар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми ҷаҳон саховатмандона нурпошӣ мекунад”.
Модар арзандаи ҳама гуна эҳтиром, қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад, зеро ӯ меҳрубонтарин инсон барои ҳар як шахс буда, фарзанди худро бузургворона ва бо дилсӯзиву бахшоиш ҳамеша дастгиру пуштибон аст, ба хотири роҳату осоиши фарзандаш шабу рӯз заҳмат мекашад ва намегузорад, ки нури чашмони ӯ ба ранҷу озоре гирифтор гардад ва пайваста кӯшиш мекунад, ки ҷигарбандаш бардаму солим ба камол расад, соҳиби одобу маърифат шавад, илму дониш ва касбу ҳунар омӯзата дар оянда барои ҷомеа хизмати сазовору шоиста анҷом диҳад.
Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат бо дарназардошти нақши барҷастаи занон дар ҳаёти кишвар ва ҷомеа масъалаи таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону модаронро ҳамеша дар маркази диққат қарор дода, дар ҳаққи онҳо ғамхорӣ зоҳир менамояд ва дар доираи барномаҳои қабулшудаи давлатӣ ҷиҳати мунтазам беҳтар гардонидани вазъи занон, ҳифзи ҳуқуқии оила ва модару кӯдак, ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди оила ва сиёсати демографӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои занону духтарон ва муҳимтар аз ҳама, ҳарчӣ бештар ба раванди идораи давлат ҷалб намудани онҳо, яъне баланд бардоштани нақши иҷтимоии бонувону духтарон ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ гардонида истодаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2016 барои дастгирии занону духтарон дар зинаҳои гуногун квота ва имтиёзҳо муқаррар намудааст, ки ин иқдом яке аз роҳҳои таъмин намудани баробарҳуқуқии занону мардон мебошад.
Натиҷаи чунин ғамхориву дастгирии Сарвари давлат аст, ки бонувону духтарони тоҷик дар ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ кор ва фаъолият намуда истодаанд.
Мо бо ифтихор гуфта метавонем, ки имрӯз бонуи тоҷик роҳбари кордон, муҳаққиқи донишманд, табиби ҳозиқ, соҳибкори муваффақ ва албатта тарбиятгару омӯзгори меҳрубон аст.
Модарону хоҳарони азиз!
Боиси қаноатмандист, ки шумо модарону бонувони гиромиқадр ҳамчун нерӯи равшанибахши хонадон, мураббии нахустини фарзандон ва нигаҳдорандаи сафои зиндагӣ буда, ҳамеша барои ҳифзи гармиву баракати хонавода ва мустаҳкам гардидани оила саъю талош мекунед.
Боварӣ дорам, ки шумо минбаъд низ ин рисолати муқаддаси худро бо сабру таҳаммули хоси занону модарони тоҷик иҷро карда, барои боз ҳам баланд бардоштани нақшу мақоми бонувону духтарон дар ҳаёти давлат ва ҷомеа, инчунин дар пешрафту ободии кишвари маҳбубамон саҳми арзишманд мегузоред.
Нақш ва таъсири шумо, модарони азиз, дар тарбияи фарзандон, хусусан духтарон хеле муҳим буда, мусоидати шумо ҷиҳати дар рӯҳияи сабру таҳаммул, эҳтироми суннату анъанаҳои неки миллӣ, аз ҷумла нигоҳ доштани иззату ҳурмати калонсолон риояи унсурҳои сарфаю сариштакорӣ, ба роҳи дурусти ҳаёт ва барпо намудани оилаи солиму устувор ҳидоят кардани онҳо ҳалкунанда ҳисобида мешавад.
Зеро миллати соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷик дар тӯли асрҳои зиёд дар бобати ташкили оила ва муносибатҳои оилавӣ таҷриба ва анъанаҳоеро эҷод кардааст, ки онҳо барои наслҳои имрӯзу фардо чун ҷузъи муҳимтарини маънавиёт ва ҳаёти иҷтимоӣ мактаби беҳтарини зиндагӣ ба шумор мераванд.
Вобаста ба ин, мехоҳам бори дигар хотирнишон созам, ки тарбияи фарзанд, дар навбати аввал, вазифаи муқаддаси оила, ҳар як падару модар ва баъдан мактабу ҷомеа ба шумор меравад.
Агар падару модарон фарзандро дуруст тарбия намоянд, фарзандон дар ҳаёт, албатта, хушбахт мешаванд, бо роҳи дуруст мераванд ва боғи падару модар мегарданд.
Дар навбати худ фарзандон вазифадоранд, ки эҳтироми волидайни хешро ба ҷо оварда, ба қадри ранҷу заҳма, инчунин меҳру муҳаббати онҳо расанд ва онҳоро дар даврони пиронсоливу беморӣ парасторӣ намоянд.
Модарону бонувони гиромӣ!
Ҷаҳони муосир имрӯз беш аз ҳар давраи дигар ҳассосу мураккаб гардида, ифротгароӣ ва терроризм ба як зуҳуроти ниҳоят ташвишовар ва зиёда аз ин, ба вабои аср мубаддал гардидааст.
Ин раванди хатарнок масъулияти модарону бонувонро боз ҳам зиёдтар карда, аз онҳо зиракӣ, ҳушёрӣ, назорати доимии фарзандон ва ба тарбияи онҳо ҷиддӣ машғул шуданро тақозо менамояд.
Бахусус, модарони азиз метавонанд ва вазифадоранд, ки бо насиҳат ва эҳсоси муҳаббати модаронаи худ наврасону ҷавононро аз гаравидан ба гурӯҳу созмонҳои ифротиву террористӣ эмин доранд, ба онҳо сабақи дурусти ҳаётӣ диҳанд ва нагузоранд, ки фарзанди бо ҳазор ранҷу заҳмат парваридаи онҳо бадкирдору бадбахт шавад.
Зеро ба ҷуз модар каси дигар аз дили фарзанд огоҳ нест ва фарзанд низ модарро беҳтарин ва нахустин муаллими ҳаётии худ медонад.
Масъалаи дигаре, ки имрӯз боиси ташвиши аҳли ҷомеа гардидааст, ҷудо шудани оилаҳои ҷавон мебошад.
Дар бартараф кардани ин мушкилот низ оила нақши муҳим мебозад ва яке аз сабабҳои ҷудошавиро мо дар дуруст ба роҳ намондани тарбияи фарзандон ва омода накардани онҳо ба ҳаёти мустақилона мебинем.
Мутаассифона, баъзе падару модарон ба фарзандони худ аксари масъалаҳои ҳаётӣ ва нозукиҳои зиндагиро намефаҳмонанд, ки дар натиҷа духтарон бе тайёрии оилавӣ ба шавҳар мебароянд ва ба мушкилоти хонаводагӣ тоб наоварда, хонавайрон мешаванд.
Модарони азиз!
Ба тарбияи фарзандони худ эътибори ҷиддӣ диҳед, онҳоро дуруст ба воя расонед, маърифати оиладориро ба нури чашмонатон хуб таълим диҳед, ба онҳо маданияту одоб омӯзонед, то онҳо беҳтарин ворисони шумо гардида, кишвари моро бо ақлу дониш, фарҳангу маърифат ва ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносии шоистаи худ зеби даврон гардонанд.
Бонувон ва модарони меҳрубон!
Вақтҳои охир тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе ҷойҳо низ ба як масъалаи ташвишовар табдил ёфтааст.
Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сару либос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад.
Мувофиқи сарчашмаҳои илмии этнографӣ халқи мо аз қадим либосҳои зебою боиффати занона дошт ва ҳеҷ гоҳ сиёҳпӯш набуд. Дар суннати анъанавӣ низ сиёҳпӯшӣ раво нест. Шумо худатон хуб медонед, ки ҳатто либоси мотамии мардуми мо сиёҳ нест.
Аммо баъзе занону духтарони тоҷик сиёҳпӯшӣ карда, таъриху моҳияти ин тарзи либоспӯширо намедонанд ва ҳатто донистан намехоҳанд.
Бинобар ин, волидайн ва махсусан модаронро зарур аст, ки аз синни тифлӣ сар карда, ба тарбияи кӯдакон махсусан духтарон диққати махсус диҳанд ва барои саодатманду соҳибмаърифат гардидани онҳо сайю талош намоянд.
Ҳамчунин, мехоҳам ёдовар шавам, ки ҷашни шумо, занону модарони арҷманд, дар рӯзҳои омодагӣ ба ҷашни бисёр муборак ва азизи мардуми мо – Наврӯзи хуҷастапай таҷлил мегардад.
Тавре ки медонед, мардуми мо аз қадим ҳамчун миллати ободгару покизарӯзгор дар остонаи ин ҷашни бузург хонаву кошона, сару либос, асбобу ашёи рӯзгор, кӯчаву хиёбон ва маҳаллу гузари худро тозаву озода мекард, боғу гулгаштҳоро ба тартиб меовард, гулу ниҳол мешинонд ва Наврӯзи оламафрӯзро бо дили саршор аз меҳру муҳаббат ва хонаву дари покиза истиқбол мегирифт.
Итминони комил дорам, ки модарону бонувони арҷманди мо чунин суннатҳои деринаи миллиамонро дар оянда низ идомаи нек бахшида, дар ободонии Ватани азизамон, оромии ҷомеа ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон нақши пурарзиш мегузоранд.
Бо ҳамин умеду орзуҳои нек, шумо, модарону бонувони гиромиқадрро бори дигар ба муносибати ҷашни фархундаатон табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо тандурустиву саодатмандӣ, дар хонадонатон сулҳу оромӣ, осмони софу беғубор, бахту иқболи нек ва рӯзгори ободу осуда орзумандам.
Бигзор доимо табассуми зан – модар бо зебоии худ рӯҳбахши зиндагии мо бошад!
Бигзор саодату бахт доимо ҳамқадами шумо, бонувони гиромӣ, дар арсаи ҳаёт бошад!
Бигзор доимо домани сабзи модар нусратбахши зиндагии ҳамаи мо бошад!
Ҷашн муборак, модарон ва бонувони азиз!