Табрикоти раиси ноҳияи Хуросон муҳтарам  Р. Сафарзода бахшида ба «Соли нави мелодӣ»

Ҳамдиёрони азиз!

Мо бо соли 2018-уми мелодӣ, ки дар хотири мардуми ноҳия ҳамчун соли заҳмати содиқонаву софдилона барои ободии Ватани соҳибихтиёрамон амалӣ гардидани ҳадафҳои неки бунёдкорона ва дастовардҳои навбатии давлати соҳибистиқлоламон нақш хоҳад баст, хайрбод гуфта, Соли нави 2019 – уми мелодиро бо умеду орзуҳои нек ва нияту нақшаҳои нави созанда истиқбол мегирем.

Дар ин лаҳзаҳои идона ҳамаи Шумо ҳамдиёрони азизу   сарбаланди ноҳияро бо фарорасии соли нави 2019-уми мелодӣ, яъне соли идомаи корҳои  созандагиву ободкорӣ ва  амалӣ  гардидани орзуву ормонҳои халқи тоҷик самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо сиҳатмандиву рӯзгори осуда, бахти пояндаву иқболи нек ва зиндагии пурфайзу бобаракат орзу менамоям. Муфассал…

Суханронии раиси ноҳияи Хуросон дар маросими ифтитоҳи варзишгоҳи Ҷамоати деҳоти ба номи С. Айнӣ

     Ҳозирини муҳтарам!

     Ҷавонони арҷманд!

     Чуноне ки ба ҳамагон маълум аст, ҳар сол 5 – октябр дар саросари кишвари азизамон “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ботантана қайд карда мешавад. Имрӯз аз рӯзи таърихии қабули Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, нуҳ сол сипарӣ мегардад.

     Бинобар ин ҳамаи Шумо ҳозирини гиромӣ ва тамоми сокинони ноҳияро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, яъне забони шоиронаву шевои тоҷикӣ, ки онро султони суханварони Аҷам устод Рӯдакӣ «тараббахши рӯҳу фараҳафзои ҷон» номидааст, самимона табрик гуфта, ба хонадонатон  бахту саодат, дар кору зиндагиатон сарбаландиву пирӯзиҳо орзумандам.

Муфассал…

СУХАНРОНИИ РАИСИ НОҲИЯИ ХУРОСОН МУҲТАРАМ САФАРЗОДА РАҲМАТУЛЛО ОИДИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМҲО ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН”

Меҳмонони азиз!

Ҳозирини арҷманд!

Имсол аз қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҳашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҳикистон» 10 сол пур мешавад. Имрӯзҳо дар сар то сари ҷумҳурӣ ҷиҳати фаҳмондадиҳии мӯҳтавои асосии Қонуни мазкур ва омодагӣ ба баргузории вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони сохторҳои дахлдор ва фаъолони мамлакат сӯҳбату вохӯриҳои гуруҳҳои таблиғотӣ баргузор гардида истодааст, ки имрӯз дар ноҳияи мо низ чӣ хеле ки қайд кардем, ин гуруҳи таблиғотӣ ташриф овардаанд, ки фикру ақидаҳояшонро нисбати ин қонун баён менамоянд.

Муфассал…