Табрикоти раиси ноҳияи Хуросон муҳтарам  Р. Сафарзода бахшида ба «Соли нави мелодӣ»

Суханрониҳо

Ҳамдиёрони азиз!

Мо бо соли 2018-уми мелодӣ, ки дар хотири мардуми ноҳия ҳамчун соли заҳмати содиқонаву софдилона барои ободии Ватани соҳибихтиёрамон амалӣ гардидани ҳадафҳои неки бунёдкорона ва дастовардҳои навбатии давлати соҳибистиқлоламон нақш хоҳад баст, хайрбод гуфта, Соли нави 2019 – уми мелодиро бо умеду орзуҳои нек ва нияту нақшаҳои нави созанда истиқбол мегирем.

Дар ин лаҳзаҳои идона ҳамаи Шумо ҳамдиёрони азизу   сарбаланди ноҳияро бо фарорасии соли нави 2019-уми мелодӣ, яъне соли идомаи корҳои  созандагиву ободкорӣ ва  амалӣ  гардидани орзуву ормонҳои халқи тоҷик самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо сиҳатмандиву рӯзгори осуда, бахти пояндаву иқболи нек ва зиндагии пурфайзу бобаракат орзу менамоям.

Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳиму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд.

Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии  захираҳои  об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об – «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид.

Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи  ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.

Рӯйдоди дуюми таърихӣ дар соли 2018 ба истифода додани агрегати аввали Неругоҳи барқии обии “Роғун” мебошад, ки миллати шарафманди тоҷик ин рӯзро бо шукӯҳу шаҳомати хоса  таҷлил намуд.

Дар ин рӯз  шодиву нишоти мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳадду канор надошт, чунки орзуи чандинсолаи хурду бузурги кишвар – ба кор оғоз кардани агрегати якуми иншооти тақдирсози мамлакат – нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ва истеҳсоли барқи аввалин дар он  амалӣ гардид.

Оғози кори ин агрегат барои тамоми сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол санаи фаромӯшнашаванда ва рӯзи таърихӣ мебошад, ки мо онро солҳои дароз интизор будем ва барои расидан ба ин нияти некамон шабу рӯз заҳмат кашидем.

Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид, ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ – истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад.

Ин санаи таърихӣ дар таърихномаи навини Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр бо ҳарфҳои заррин сабт ва боиси ифтихору сарфарозии наслҳои  имрӯзу ояндаи халқамон хоҳад гардид.

Ҳалли масъалаҳои дар тӯли зиёда аз ду даҳсола ба вуҷудомадаи сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон рӯйдоди сеюми таърихӣ дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавии мардум мебошад.

Ба ин дастовард мо баъди мулоқоту музокироти дуҷониба, сафарҳои давлатии роҳбарони ҳарду давлат ва ба имзо расидани созишномаи шарикии стратегӣ байни кишварҳои бо ҳам дӯсту бародар муваффақ гардидем, ки дар натиҷа  рафту омади озодонаи мардум таъмин гардид.

Инчунин соли сипаришаванда дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишварамон бо баргузории санаҳои бузургу таърихии халқу давлатамон – “Рӯзи Ваҳдати миллӣ”, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хотирмон мебошад.

Доир ба воқеаву рӯйдодҳои муҳимтарин, дастовардҳои сол ва нияту нақшаҳои нав барои соли оянда, ки албатта, боиси боз ҳам беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва пешрафти Ватанамон хоҳанд гардид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмондар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз 26 – уми декабри соли 2018 изҳори андеша карданд.

Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин  муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 ба дарки аҳамияти самтҳои мазкур дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардум такони ҷиддӣ бахшид. Бинобар ин бо мақсади вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои сайёҳӣ ва бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шуд.

Ҳамдиёрони азиз!

Вазъи ҷаҳони имрӯза, хатару таҳдидҳои рӯзафзун, масоили мубрами иқтисодиву сиёсӣ ва экологӣ ҳар яки моро водор месозанд, ки беш аз ҳар вақти дигар муттаҳиду сарҷамъ ва ҳушёру зирак бошем. Чуноне  ки Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 қайд намуданд: “Диққати асосӣ бояд ба пешгирӣ намудани терроризму экстремизм, шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда равона карда шавад”.

Мо бояд дар соли нави мелодӣ ва солҳои минбаъда ба хотири таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори меҳанпарастӣ ҳарчи бештар заҳмат кашида, бо дарки  рисолати  олии  ватандорӣ барои ободонии сарзамини муқаддасамон дастаҷамъона саъю талош намуда, минбаъд низ аҳлона бо кору фаъолияти ватандӯстонаи  худ мушкилоти мавҷударо бартараф  созем, Ватани озоду соҳибихтиёрамонро ободу пешрафта гардонем.

Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадашон бахшида ба соли нави  2018 қайд намуданд: “Ҳар яки мо бояд дар соли нави мелодӣ бо истифода аз ҳамаи имкониятҳо барои боз ҳам мустаҳкам намудани истиқлолияти давлатӣ, афзун намудани дастовардҳои он, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат ва рушди минбаъдаи кишвари азизамон бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ кӯшиши бештар ба харҷ диҳем, бо дарки рисолати олии ватандорӣ содиқона заҳмат кашем, тамоми нерӯву имконият ва донишу таҷрибаи худро ба ободонии сарзамини муқаддасамон равона созем”.

Дар ин лаҳзаҳои фаро расидани соли нави 2019-уми мелодӣ бори дигар хотирнишон месозам, ки мо бояд бо такя ба нерӯи созандаи мардуми фарҳангиву таҳаммулгарои  худ  ҳамаи  имконият ва нерӯи хешро ба хотири таҳкими озодиву истиқлоли Ватани  аҷдодӣ, ҳифзи  дастовардҳои он ва манфиатҳои давлату миллат сафарбар созем.

Бигзор, соли нави мелодӣ барои ҳар як хонадони мардуми кишвар соли  сулҳу оромӣ, таҷаллии хуршеди орзуҳо, субҳи пурсафои саодат, файзу баракат ва пешрафту дастовардҳои навин гардад!

Бигзор, орзуву ормонҳои неку созандаи мардуми шарафманди тоҷик минбаъд низ дар фазои якдигарфаҳмиву муттаҳидӣ ва бо меҳнати ватандӯстонаи сокинони сарзамини муқаддасамон амалӣ гарданд!

Бигзор, дар қалби ҳар як шаҳрванди кишвари азизамон нури умеду боварӣ ба ояндаи нек шӯълавар бошад, роҳи пуршарафи ватансозиву меҳанпарастии ҳар як фарди бонангу номус ва худшиносу худогоҳро равшантар созад ва шоҳроҳи зиндагиашон ҳамеша гулафшону сарсабз гардад!

Бо умеди амалӣ гардидани ниятҳои некамон барои фардои осудаву обод бори дигар тамоми сокинони ноҳияро бо фарорасии соли нави мелодии 2019 табрик гуфта, ба хонадони ҳар як онҳо саломативу хушҳолӣ, хушбахтиву комёбӣ, сарбаландиву ифтихормандӣ сулҳу оромӣ, бахту иқболи нек, рӯзгори босаодат ва дастурхони пурфайзу баракат орзу менамоям.

 Соли нави мелодӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!