Муовинони раиси ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон

ШАРИФЗОДА ИДИГУЛ МАҲМАДШАРИФ

Шарифзода Идигул Маҳмадшариф 23 августи соли 1979 дар ноҳияи  Хуросон таваллуд шудааст.

Маълумоташ олӣ соли 2001 Донишгоҳи давлатии омӯзгори Тоҷикистонро бо ихтисоси омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқ ва соли 2012 Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Точикистонро  хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1996 ба ҳайси омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқ, ҷонишини директори мактаби миёнаи №1 ноҳияи Хуросон, аз соли 2008 Сармутахассиси Ҷамоати деҳоти Ғаллаободи ноҳияи Хуросон, соли 2008, Мудири бахши бойгонии байниидоравии назди макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон, солҳои 2008- 2009 Сармутахассиси бахши чавонон. варзиш ва сайеҳии ноҳияи Хуросон, солҳои 2009-2010  Мудири бахши умумии дастгоҳи раиси ноҳияи Хуросон, солҳои 2010- 2011 Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Хуросон, солҳои 2011-2012 Магистранти Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумхурии Точикистон, солҳои 2012-2013 Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дасогоҳи раиси ноҳияи Хуросон, солҳои 2013-2014 Мутахассиси пешбари шуъбаи тахияи сиёсат дар сохаи маорифи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Точикистон, соли 2014 Мутахассиси пешбари шуъбаи таъминоти хукукй. ва котиботи Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тсчикистон, солҳои 2014-2019 Сармутахассиси  шуъбаи таъминоти хукукй. ва котиботи Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тсчикистон, солҳои 2019-2021 Сардори раёсати хифзи хукуки кӯдаки Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Точикистон кор кардааст.

Бо розогии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Аз 12.01.2021 муовини раиси ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон таъин гардид.

РАҶАБЗОДА НАВҶАВОН ИСЛОМУДИН

Раҷабзода Навҷавон Исломудин 11 апрели соли 1991 дар ноҳияи Темурмалик таваллуд шудааст.

Маълумоташ олӣ соли 2011 Техникуми геологӣ ва маъданӣ ба номи С. Юсупова (рўзона), соли 2018 Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва соли 2022 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемурро (ғоибона) хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро Солҳои 2011-2014 Мутахассиси шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик, Солҳои 2014-2015 Мутахассиси пешбари бахши иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик, соли 2015 (05-09) Мутахассиси намояндагии МБТИ ноҳияи Данғара дар ноҳияи Темурмалик, солҳои 2015-2016 Муовини Директори КДФ «Куҳзамин» дар ноҳияи Темурмалик, солҳои 2016-2023 Директори КДФ «БММҒ» дар ноҳияи Темурмалик, солҳои 2023-2024 Директори КДФ «БММҒ» дар ноҳияи Хуросон, солҳои 2024 -2025 Директори КДФ «БММҒ» дар ноҳияи Панҷ, аз моҳи феврали соли 2025 Муовини раиси ноҳияи Хуросон таъин гардид.

Турсунзода Дӯстмурод Турсун

Турсунзода Дӯстмурод Турсун 28 январи соли 1979 дар ноҳияи  Хуросон таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ соли 2004 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев-ро (рӯзона) бо ихтиссоси таърих ва ҳуқуқ хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро солҳои 2002-2003 Омӯзгори фанни таърихи МТМУ № 62, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, солҳои 2003-2006 Ҷонишини директор оид ба корҳои таълиму тарбия дар МТМУ№62, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, соли 2006 (08-09) Муаллими фанни таърихи мактаби № 57-и ноҳияи Хуросон, соли 2006 (09-10) Ҷонишини директори МТМУ № 57, ноҳияи Хуросон, солҳои 2006-2011 Мушовири шуъбаи маорифи ноњияи Хуросон, солҳои 2011-2012 Мудири дастгоҳи дастурдиҳии шуъбаи маорифи ноҳияи Хуросон, соли 2012 (06-07) Директори МТМУ № 1, ноҳияи Хуросон, солҳои 2012-2015 Мудири шуъбаи маорифи ноњияи Хуросон, солҳои 2015-2022 Директори МТМУ №1, ноњияи Хуросон, солҳои 2022-2023 Раиси ҲХДТ дар ноҳия Хуросон, аз моҳи майи соли 2023 то ҳол Муовини раиси ноҳияи Хуросон таъин гардид.