ОЗМУН

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ХУРОСОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ  ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН  ЭЪЛОН  МЕНАМОЯД

Воҳидҳои  сохтории  мақомоти  иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти  давлатии  ноҳия

  1. Мутахассиси пешбари бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, маоши мансабӣ – 665,60 сомонӣ.
  2. Мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия, маоши мансабӣ – 546 сомонӣ.

 

Ҷамоатҳои  шаҳраку  деҳоти  ноҳия

  1. Мутахассиси Ҷамоати шаҳраки Обикиик-1 ҷой, маоши мансабӣ – 520 сомонӣ.
  2. Сармутахассиси (муҳандис-заминсоз) Ҷамоати деҳоти Ғаллаобод-1 ҷой, маоши мансабӣ – 774,80 сомонӣ.
  3. Сармутахассис оид ба корҳои дини Ҷамоати деҳоти Ғаллаобод-1 ҷой, маоши мансабӣ – 774,80 сомонӣ.
  4. Мутахассиси пешбари (кишоварзӣ) Ҷамоати деҳоти Ғаллаобод-1 ҷой, маоши мансабӣ – 634,40 сомонӣ.
  5. Мутахассиси пешбари (нозири мизи бақайдгирии ҳарбӣ) Ҷамоати деҳоти Ғаллаобод-1 ҷой, маоши мансабӣ – 634,40 сомонӣ.
  6. Мутахассиси Ҷамоати деҳоти Ғаллаобод-1 ҷой, маоши мансабӣ – 520 сомонӣ.
  7. Мутахассиси пешбари рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ-1 ҷой, маоши мансабӣ – 634,40 сомонӣ.
  8. Мутахассиси пешбари (кишоварзӣ) Ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ-1 ҷой, маоши мансабӣ – 634,40 сомонӣ.
  9. Мутахассиси пешбари (нозири мизи бақайдгирии ҳарбӣ) Ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ-1 ҷой, маоши мансабӣ – 634,40 сомонӣ.
  10. Сармутахассиси (муҳандис-заминсоз) Ҷамоати деҳоти ба номи С. Айнӣ-1 ҷой, маоши мансабӣ – 774,80 сомонӣ.
  11. Мутахассиси пешбари рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти ба номи С. Айнӣ-1 ҷой, маоши мансабӣ – 634,40 сомонӣ.
  12. Мутахассиси пешбари (кишоварзӣ) Ҷамоати деҳоти ба номи С. Айнӣ-1 ҷой, маоши мансабӣ – 634,40 сомонӣ.
  13. Сармутахассиси (муҳандис-заминсоз) Ҷамоати деҳоти Қизилқалъа-1 ҷой, маоши мансабӣ – 774,80 сомонӣ.
  14. Мутахассиси пешбари рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Қизилқалъа-1 ҷой, маоши мансабӣ – 634,40 сомонӣ.
  15. Мутахассиси пешбари (кишоварзӣ) Ҷамоати деҳоти Қизилқалъа-1 ҷой, маоши мансабӣ – 634,40 сомонӣ.
  16. Мутахассиси пешбари (нозири мизи бақайдгирии ҳарбӣ) Ҷамоати деҳоти Қизилқалъ -1 ҷой, маоши мансабӣ – 634,40 сомонӣ.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

– ариза ба унвони раиси ноҳия (шакли муқарраршуда);

– варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрӣ (бо 2 дона расми 4х6);

– тарҷумаи ҳол;

– нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (диплом);

– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

– нусхаи шиноснома;

– маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 038 УЕ;

– маълумот оиди надоштани доғи судӣ;

– маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;

– нусхаи гувоҳномаи РМА (рақами  мушаххаси  андозсупоранда);

– маълумотнома  аз  ҷои  истиқомат;

– нусхаи суғуртаи  иҷтимоӣ (СИН);

– нусхаи  билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки  хизмати  ҳарбиро  адо  намудаанд);

– маълумотнома (объективка)

 

Талаботи тахассусӣ барои  ишғоли  мансаби  сармутахассис

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

– 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

Талаботи тахассусӣ барои  ишғоли  мансаби  мутахассиси  пешбар

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо

Ноҳияи Хуросон, Ҷамоати шаҳраки «Обикиик», кӯчаи И. Сомонӣ – 1А бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон, ошёнаи якум, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия.

телефон:  8 (3242) 2-20-26, 2-18-62      почтаи электронӣ:  kadrho.khuroson@khatlon.tj

Мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз, аз рӯзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани   озмун.

Рӯзи баргузории озмун 20 марти соли 2018.

Эзоҳ:  иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.