Аҳмадзода Илҳом Шамол 18 декабри соли 1979 дар ноҳияи  Восеъ таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ соли 2004 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро бо ихтисоси духтури тиббӣ ветеренарӣ ва соли 2019 Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистонро бо ихтисоси молия ва қарз хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 2004 ба ҳайси корманди идораи бойтории ноҳия Восеъ оғоз намудааст, аз соли 2006 дар мансаби сардори отряди шӯъбаи санитарӣ – беҳдоштӣ экспедитсияи эпизоотии Ҷумҳуриявии дар шаҳри Душанбе то соли 2007 кор кардааст.

Солҳои 2007-2009 Сардори Раёсати назорати давлатии бойтории ноҳияи Хуросон

Аз солҳои 2009-2015 мудири шӯъбаи кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон

Аз солҳои 2015-2017 Сардори Раёсати кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон.

Аз солҳои 2017- 2019  Сардори шӯъбаи кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон.

Аз солҳои 2019-2020 Муовини якуми раиси ноҳияи Хуросон

Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Хуросон аст.

Оиладор, соҳиби 2 фарзанд мебошад

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 ноябри соли 2020 раиси ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон таъин гардид.