МУХТАСАР ДАР БОРАИ НОҲИЯИ ХУРОСОН
Ноҳияи Хуросон соли 1936 ва аз нав 28 апрели соли 1983 ба номи ноҳияи Илич ташкил шуда, аз 12 марти соли 1992 номи ноҳияи Ғозималикро гирифта буд. Бо Қарори Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 феврали соли 2004, № 503, номи ноҳияи Ғозималик ба ноҳияи Хуросон тағйир дода шуд.
Масоҳати ноҳия 896,1 км2 ро ташкил медиҳад. Марказаш шаҳраки Обикиик буда, аз шаҳри Душанбе дар масофаи 45 км ва аз шаҳри Қурғонтеппа дар масофаи 40 км ҷойгир аст. Ноҳия дар қисми Шимолии қаторкӯҳҳои Ғозималик ҷойгир буда, аз тарафи Шарқ бо ноҳияҳои Ёвон ва ба номи А. Ҷомӣ, аз тарафи Ҷанӯб бо ноҳияҳои Бохтар ва Дустӣ, аз ҷониби Шимол бо ноҳияи ба номи Рудакӣ ҳамсарҳад мебошад.
Маркази маъмурии ноҳия ш. Обикиик.
Санаи ташкилёбӣ соли 1936.
Масоҳаташ 896,1 км 2
Аҳолӣ 129120 нафар
Аз он ҷумла:
= мардҳо 64103 нафар
= занҳо 65017 нафар
ШУМОРАИ МИЛЛАТҲО
Тоҷик 95590 нафар
Узбек 33469 нафар
Дигар миллатҳо 61 нафар
НОМГӮИ ҶАМОАТҲОИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТИ НОҲИЯ БО АҲОЛӢ
БА 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2023
Ҷамоати шаҳраки Обикиик 10415 нафар
Ҷамоати деҳоти Фахробод 15222 нафар
Ҷамоати деҳоти Ғаллаобод 25076 нафар
Ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ 23665 нафар
Ҷамоати деҳоти Садриддин Айнӣ 32906 нафар
Ҷамоати деҳоти Қизилкалъа 21836 нафар
ТАҚСИМОТИ МАРЗИЮ МАЪМУРИИ НОҲИЯ
Ҳамагӣ ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот 6 адад
Аз он ҷумла: ҷамоати шаҳрак 1 адад
ҷамоати деҳот 5 адад
Шумораи маҳаллаҳои шаҳрак 15 адад
Шумораи деҳаҳо 69 адад