ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ХУРОСОН МУҲТАРАМ САФАРЗОДА РАҲМАТУЛЛО БА ИФТИХОРИ 23-ЮМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Хабарҳо

Муҳтарам афсарону сарбозон!

Ҳозирини гиромӣ!

Ҳар сол рӯзи 23 – юми феврал санаи  таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун рӯзи ҳомиёни содиқи марзу буми Ватан ва мардони далеру шуҷоъ бо самимият ва шукӯҳи хоса таҷлил мегардад.

Ба ин муносибат ҳамаи шумо, ҳозирини гиромиро самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо дар ҷодаи ҳимояи амнияту оромии давлати соҳибистиқлоламон сиҳатмандиву хушбахтӣ ва сарбаландиву барори кор орзу менамоям.

Арзи ҳастӣ намудани Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини кишвари соҳибистиқлоламон яке аз рӯйдодҳои муҳим буда, мақому музаффарияти хоса дорад. Чуноне, ки ба мо маълум аст, таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷлосияи таърихиву сарнавиштсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаи ногусастанӣ дорад. Маҳз дар ҳамин иҷлосия Қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид ва заминаи қонунии ташкили Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро фароҳам овард.

Маҳз ҷаҳду талош ва заҳматҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки  Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар як муддати кӯтоҳ баҳри таҳкими оромию суботи ҷомеа, афзун сохтани қудрати мудофиавии мамлакат ва ҳимояи марзҳои давлатӣ, ки дар он замон хеле муҳиму саривақтӣ ба шумор мерафт, саҳми босазо гузорад.

Сарвари давлат Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбӣ вазифаҳои нав гузошта, таъмини амнияти кишвар ва ҳаёти осоиштаи ҷомеаро аз вазифаҳои аввалиндараҷа ҳисобида, бистуми  январи соли ҷ

орӣ зимни суханрониашон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ёдовар шуданд, ки: “Роҳбарон ва ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ бояд дар иҷрои вазифаву уҳдадориҳои хизматиашон доим ҳушёру зирак бошанд, барои таъмини волоияти қонун,тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи суботу оромии ҷомеа бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир – терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигарҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ қотеъона мубориза баранд”.

Ҳозирини гиромӣ!

Имсол аз таъсисёбии Артиши миллии кишварамон бисту се сол сипарӣ мегардад ва дар ин муддати нисбатан кӯтоҳи таърихӣ ҷузъу томҳои он ба нерӯи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи мамлакат табдил ёфта, ҳоло ба Ватан ва халқи худ содиқона хизмат карда истодаанд.

Артиши ҷавони мо, хусусан, дар солҳои душвору фоҷеабори ҷанги шаҳрвандӣ якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомии мамлакат дар ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, ҳимояи марзҳои Ватан, безарар гардонидани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткории трансмиллӣ ва хомӯш кардани ошӯбҳои хиёнаткорона бар зидди давлат ва ҷомеа саҳми сазовору ҷавонмардона гузошт.

Дар раванди муҳорибаҳо ва амалиёти ҷангӣ садҳо нафар афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳҷасорату мардонагӣ нишон дода, ба хотири оромиву суботи Ватан ҷони худро қурбон карданд, ки мо садоқату корнамоӣ ва номи неки онҳоро ҳамеша ва хусусан, дар чунин рӯзҳои ҷашн гиромӣ медорем.

Ҷузъу томҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳ бо дастгирии пайвастаи давлат ва Ҳукумати мамлакат дар зарфи бисту се сол ба сохтори муташаккили ҳарбӣ табдил ёфта, аз ҷумла ҳайати шахсии Артиши миллӣ имрӯз бо интизоми баланди ҳарбӣ, азму иродаи қавӣ, донишу малакаи муосир ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ хизмати модар – Ватанро адо карда истодааст.

Дар шароити таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрӯза дар назди Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар самти ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳими милливу давлатӣ вазифаҳои бисёр ҷиддие қарор доранд, ки ҳалли онҳо аз ҳар як хизматчии ҳарбӣ иродаи матин, зиракии сиёсӣ, кордонӣ ва садоқату самимият ба халқу Ватанро талаб менамояд.

Бахусус, таҳаввулоту ҳодисоти вақтҳои охир дар минтақаҳои алоҳидаи ҷаҳон баамаломада моро ҳушдор медиҳанд, ки барои ба талаботи замонаи ҳассосу ноором мутобиқ гардонидани сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ тадбирҳои ҷиддӣ андешем, таълиму тарбияи мутахассисони баландихтисоси низомиро боз ҳам беҳтар ба роҳ монем.

Зеро дар марҳалаи торафт вусъат пайдо кардани бархӯрди қудратҳои ҷаҳонӣҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ, ҳифзи суботу оромии ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ ва дар ин замина фароҳам овардани шароити мусоид барои торафт беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи рукнҳои ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад.

Ҳамаи шумо раванди торафт вусъат гирифтани фаъолияти гурӯҳҳои террористиву ифротгаро дар бисёр кишварҳои ҷаҳон, содиршавии ҳодисаҳои даҳшатноку фоҷиабор аз ҷониби онҳо ва қувват гирифтани ҷалби ҷавонони ноогоҳро ба сафҳои чунин гурӯҳу созмонҳо мушоҳида карда истодаед.

Аз ҷумла дар ҳодисаҳои Сурия ва Ироқ шаҳрвандони беш аз 100 кишвари олам иштирок доранд. Аз ҷониби ин гурӯҳҳои террористӣ истифода гардидани усулҳои қатли ваҳшиёна, махсусан зинда оташ задану сар буридани одамон ва дигар кирдорҳои ғайриинсонӣҷаҳони мутамаддинро ба даҳшат овардааст.

Ин раванди ниҳоят хатарнокро Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  Паёми имсолаи худ вабои аср номида, қайд намудаанд, ки: ”Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.”

Ҳозирини гиромӣ!

Хизмат кардан ба Ватан шарафи бузург ва дар айни замон вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавони бонангу номус мебошад. Ҳар як хизматчии ҳарбӣ бояд хуб дарк намояд, ки ватандӯстӣ ин арзи садоқат ба Ватан – модар ва халқу давлати соҳибистиқлоли худ буда, дар пос доштани арзишҳои миллӣ ва аз тамоми манфиатҳо боло гузоштани манфиати давлату халқ зоҳир мегардад.

Боварӣ дорам, ки афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан – модар ва халқу давлати хеш бо сарбаландӣ адо мекунанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ сафарбар месозанд.

Ҳомиёни шуҷои Ватан!

 

Бори дигар ҳамаи шуморо ба ифтихори ҷашни 23-юмин солгарди таъсисёбии Артиши миллии мамлакат табрик намуда, ба ҳар яки шумо тансиҳативу хушбахтӣ, азму иродаи қавӣ ва дар роҳи ҳифзи Ватани аҷдодӣ барори кор орзумандам.

 

Бигзор дар сарзамини соҳибистиқлоли мо сулҳу амонӣ ҳамеша пойдор бошад ва мо тамоми саъю кӯшиши худро ба он равона намоем, ки ин неъмати бебаҳо ба хотири ояндаи неки кишварамон устувору ҷовидонӣ боқӣ монад.

Ҷашни таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ муборак, ҳамдиёрони азиз!