Ҳозири гиромӣ!
Ҷавонони саодатманди ноҳияи Хуросон!
Фарзандони азиз!
Дар арафаи ҷашни 20 – солагии Ваҳдати миллӣ шумо созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба муносибати Рӯзи ҷавонон самимона табрик менамоям.
Боиси ифтихор аст, ки бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо қарори Маҷлиси Олӣ аз 22 майи соли 1998 23-май «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» эълон гардид.
Шумо, ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар, матину қавиирода ва далеру шуҷоъ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва ҳаёти ҷомеа ғайратмандона фаъолият намуда, дар пешрафти ноҳия ҳиссаи муносиб мегузоред, барои ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон софдилона хизмат мекунед, марзу буми сарзамини аҷдодӣ ва амнияту оромии давлатро содиқона ҳифз менамоед ва бо донишҳои муосири худ ҳамчун мутахассисони оянда ба хотири тараққиёти кишварамон саҳми арзишманд мегузоред.
Шумо дар замони соҳибистиқлолӣ дар бунёди коргоҳу корхонаҳои хурду бузург, нақбу роҳҳои муосир ва иншооти мухталифи иҷтимоиву фарҳангӣ фаъолона иштирок намуда, на танҳо пешсафи истеҳсолот мебошед, балки бо заҳмати созанда, ташаббусҳои ободгарона ва кӯшишу талошҳои пайвастаатон мақоми ҷавонони ноҳияамонро баланд бардошта, дар радифи беҳтарин бунёдкорони Ватани азизамон қарор доред.
28%- и аҳолии ноҳияро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса ояндаи миллат ва давлат мебошанд.
Имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат, инчунин дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ҷавонони бонангу номус содиқона хизмат ва кору фаъолият доранд ва дар рушди иқтисоди миллӣ ҳиссаи назаррас мегузоранд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба нерӯи тавонои шумо эътимод дорад, пешниҳоду ибтикороти шуморо дастгирӣ менамояд ва ҷиҳати ҳавасманд гардонидан ва муҳайё сохтани шароити хуби зиндагӣ ва таҳсил барои шумо ҳамаи тадбирҳои заруриро роҳандозӣ мекунад.
Барои амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон Ҳукумат то ба имрӯз нақшаву барномаҳои зиёдеро татбиқ карда, барои ҷавонони лаёқатманду соҳибистеъдод ҷиҳати омӯзиши илму дониш ва интихоби касбу ҳунарҳои замонавӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Илова бар ин, ба хотири таҳким бахшидани робита миёни Президент ва ҷавонони мамлакат дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои миллии кор бо ҷавонон таъсис дода шудааст, ки ҳадафи асосии он татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон ва мусоидат дар амалӣ намудани пешниҳоду ташаббусҳои онҳо мебошад.
Бовар дорам, ки шӯрои мазкур барои густариши фаъолияти ҷавонон заминаи устувор фароҳам оварда, ҳар як ибтикори шоистаи онҳоро ба хотири рушди Тоҷикистони маҳбубамон пуштибонӣ мекунад.
Дар ҷавоб ба дастгириҳои доимии Пешвои миллат ҷавонони моро зарур аст, ки дучанд заҳмат кашанд, мунтазам ба омӯзиши донишҳои муосир машғул шаванд, корҳои илмиву пажӯҳишӣ, ихтироъкориву навсозиро дар сатҳи баланд иҷро намоянд ва дар ободии Ватани маҳбубамон фаъолона ширкат варзанд.
Мо ифтихор мекунем, ки имрӯз ҷавонони мо дар дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин фаъолона иштирок карда, дар муаррифии давлати тоҷикон ва баланд бардоштани парчами Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ нақши шоиста доранд.
Шумо, ҷавонони азиз, бояд хуб дарк намоед, ки ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар дасти шумост.
Ободу зебо нигоҳ доштани кишвар ва ба наслҳои баъдӣ ба мерос гузоштани мулки мутамаддину пешрафта масъулияти бузург дошта, ҳар фарди бедордил, бахусус ҷавонони баору номусро водор менамояд, ки ба хотири таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва густариши худшиносиву худогоҳӣ ҳамеша кӯшишу талош намоянд.
Итминони комил дорам, ки шумо, ҷавонони саодатманд, масъулияти бузурги таърихӣ ва қарзи пурифтихори фарзандии худро сарбаландона адо намуда, ба хотири рушди рӯзафзуни кишвари биҳиштосоямон ҳамчун созандагони фардои Ватан хизмати арзандаро ба ҷо меоред.
Барои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони соҳибистеъдод стипендияҳои Президентӣ ва номӣ, квотаи Президентӣ, грантҳои Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тарбияи ватанпарастии ҷавонон, ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, таъмини оилаҳои ҷавон бо манзил ва қитъаи замин муқаррар карда шуда, сол аз сол ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба идоракунии давлатӣ ва пешбарии онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда афзуда истодааст, ки ҳамаи ин иқдомот ҳамчун далели ѓайхориҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати мамлакат арёзӣ мегардад. Зеро ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд мояи ифтихор ва сарбаландии миллат буда, маҳз онҳо қудрат доранд, ки пешбарандаи илму фарҳанги миллати хеш бошанд ва ҳамчун посдорои мероси аҷдодӣ ба наслҳои оянда хизмат намоянд.
Бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 дар ҷумҳурии Тоҷикистон «Соли ҷавонон» эълон намуданд. Бахшида ба соли ҷавонон чорабиниҳои гуногуни варзишию фарҳангӣ доир гашта истодааст.
Тибқи квотаи Президентӣ 194 нафар, аз онҳо 74 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд ва бо роҳхати давлатӣ зиёда аз 80 нафар ҷавонони ноҳия дар муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷ таҳсил менамоянд.
Бояд қайд кард, ки дар ноҳия 4 нафар хонандагон гирандагони Стипендияи Президентӣ ва 25 нафар хонандагон гирандагони стипендияи раиси ноҳия мебошанд.
Дар баробари ин ҷавонони мо айни замон 80 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар муассисаҳои олӣ ва коллеҷҳои Федератсияи Россия таҳсил намуда истодаанд, ки соҳиби касбу ихтисосҳое мебошанд, ки барои ноҳияамон зарур мебошанд.
Бори дигар, ҳамаи шумо, насли умеду орзуи фардои Ватанро ба муносибати Рӯзи ҷавонон табрик гуфта, бароятон саломатӣ ва дар корҳои ободониву созандагии Ватани азизамон – Тоҷикистон пирӯзиҳои тоза орзу менамоям.
Рӯзи ҷавонон муборак, фарзандони хушиқболи ноҳияи Хуросон!