ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ХУРОСОН МУҲТАРАМ САФАРЗОДА РАҲМАТУЛЛО БАХШИДА БА ИДИ САИДИ КУРБОН

Хабарҳо

Ҳамдиёрони  азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Имрӯз барои мусулмонони кишварамон Иди саиди Қурбон фаро мерасад. Ба ин муносибат ҳамаи шумо, ҳамдиёрони азизро самимона табрик гуфта, ба хонадонатон сулҳу оромӣ ва файзу баракат орзу менамоям.

Таҷлили ин иди суннатии аҷдодиамон имсол ба даврае рост омад, ки дар саросари кишвари азизамон ҷашни бузургу муқаддаси 26 – солагии истиқлолияти давлатӣ дар фазои сулҳу суботи

комил ҷашн гирифта мешавад.

Мо бояд ҳамеша аз истиқлолияти давлатӣ, ки аз ҷумлаи муқаддасоти ҷовидонии халқамон мебошад, шукрона карда, онро чун неъмати қиматтарини ҳаётамон эҳтиёт ва ҳифз намоем.

Зеро аз баракати истиқлолияти давлатӣ аст, ки имрӯз сокинони мамлакатамон ҳамаи расму ойинҳои милливу динии худ, аз ҷумла фаризаҳои Иди саиди Қурбонро озодона ва бемамониат адо менамоянд.

Ҳикмати ин иди бузург тибқи таълимоти дини мубини ислом – самимияту садоқат ба Худои таоло, ростиву растагорӣ ва сафои қалбу рӯҳ мебошад.

Вале ҳангоми ба ҷо овардани анъанаҳои ид фаромӯш набояд кард, ки қурбонӣ танҳо ба шахсони дорои шароиту имконияти молӣ воҷиб аст.

Касоне, ки чунин имкониятро надоранд, метавонанд бо рафтору гуфтор ва кирдори нек аз савоб бархурдор шаванд.

Зеро Худои мутаол дар Қуръони маҷид мефармояд, ки «Худованд ҳеҷ касро беш аз тавоноияш вазифадор намекунад».

Ҳамчунин, дар хотир бояд дошт, ки дар асоси  ҳадисҳои пайғамбари ислом  ҳама гуна хайроту садақот, аз ҷумла моли қурбонӣ, пеш аз ҳама, ба ятимону маъюбон ва оилаҳои бесаробону камбизоат, яъне муҳтоҷону тангдастон дода мешавад.

Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: «Яке аз ҳикматҳои муҳимтарини ин анъанаи неки динӣ иттиҳоду ҳамбастагии мусулмонон тавассути кӯмак ба ҳамдигар ва гирифтани дасти эҳтиёҷмандону ятимон ва барҷомондагон аст».

Имрӯз дар баробари ба ҷо овардани ин аҳкоми ид ба аёдату табрики пайвандону наздикон, беморону пиронсолон ва зиёрати оромгоҳи гузаштагон рафтан, ба азодорон изҳори ҳамдардӣ кардан ва муҳимтар аз ҳама, ба дармондагону ниёзмандон ва ашхоси камбизоат хайру эҳсон намудан ба анъанаи неки мардуми Тоҷикистон табдил ёфтааст.

Хотиррасон месозам, ки дар ин рӯзи муборак ва умуман, дар  ҳамаи соҳаҳои ҳаёт мо набояд ба исрофкориву зиёдаравӣ ва худнамоиву зоҳирпарастӣ роҳ диҳем.

Агар ҳамдиёрони мо ба ҷои чунин амалҳо бештар ба некиву накӯкорӣ, дастгирии ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату бесаробонмонда  машғул шаванд, соҳиби савоби бештар мегарданд. 

Ҳамдиёрони арҷманд!

Бо дарназардошти ин мехостам як нуктаро қайд намоям, ки 11 августи соли 2017 Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дархостҳои зиёди мардуми Тоҷикистонро ба инобат гирифта, бо истифода аз ҳуқуқу ташаббуси қонунгузорӣ барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро пешниҳод намуданд. Маҷлиси намояндагони маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 23.08.2017 сол баргузор гардида, лоиҳаи тағйироти қонуни мазкурро баррасӣ намуда, барои тасдиқ ба  Иҷлосияи Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.

Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну  маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», рӯзи 28.08.2017 сол аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ ёфта, вақти баргузории маъракаҳо  дар ҷумҳурӣ бо тартиби нав пешбинӣ шудааст.

Тӯю маъракаҳо дар шаҳрҳо дар рӯзҳои истироҳат аз соати 8-и субҳ  то соати 22 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18 то соати 22,  дар шаҳраку деҳот,  аз ҷумла шаҳраку деҳоти тобеи шаҳр дар рӯзҳои истироҳат аз 1 апрел то 31 октябр аз соати 6 то соати 22, аз 1 ноябр то 31 март аз соати 8 то соати 22 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18 то соати 22 гузаронида мешаванд.

Давомнокии тӯю маъракаҳо мисли пештара то се соат муқаррар гардидааст.

Инчунин моддаи 14 қонуни миллӣ  масъалаи бастани шартномаҳои хизматрасонӣ бо маъмурияти қаҳвахона, ошхона, тарабхона ва тӯйхонаҳоро ба танзим  дароварда,  тибқи он дар радифи соҳиби маърака роҳбарони тарабхонаю тӯйхонаҳо  ҳам  вобаста ба назорати шумораи даъватшудагон ва вақти баргузории тӯю маъракаҳо масъул мебошанд.

Ҳамзамон ба қонун боби нави 41 илова шудааст, ки дар он масъалаҳои баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандон ҷиҳати иҷрои муқаррароти он, хабардор намудани мақоми ваколатдор ва комиссияҳои доимии маҳаллӣ доир ба баргузории тӯйи домодию арӯсӣ ва маросими азодорӣ, инчунин ҳифзи рукнҳои фарҳанги миллӣ – забони давлатӣ ва либосҳои миллӣ пешниҳод гардидаанд.

Моддаи 15 қонун дар таҳрири нав пешниҳод шудааст, ки мутобиқи он дар баробари ҷавобгарии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз мансаб озод намудани шахсони мансабдор, хизматчиёни давлатӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои риоя накардани талаботи қонун аз ҷониби худи онҳо ва ё фарзандонашон пешбинӣ гардидааст.

Дар робита ба ин, бори дигар таъкид месозам, ки риояи қонуни мазкур барои ҳама ҳатмӣ буда, он бояд ба як рукни таркибӣ ва доимии фарҳанги мардуми мо табдил ёбад.

Рукни дигари Иди Қурбон анҷом додани маносики ҳаҷ мебошад. Имрӯзҳо иддае аз ҳамдиёрони мо бо нияти адои маносики ҳаҷ ва зиёрати хонаи Худо ба Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара сафар кардаанд ва дар қатори миллионҳо мардуми мусулмони ҷаҳон фаризаи ҳаҷро ба ҷо оварда истодаанд.

Итминон дорам, ки ҳоҷиёни мо дар он сарзамини муқаддас барои сулҳу оромӣ ва суботи пояндаи кишвари азизамон ва ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон дуо карда, баъди бозгашт дар корҳои ободониву бунёдкорӣ, инчунин, тарғиби одобу ахлоқи ҳамида дар байни мардум, алалхусус миёни наврасону ҷавонон, саҳми ватандӯстонаву инсонпарваронаи худро мегузоранд. 

Бо ҳамин орзуву ниятҳои нек, бори дигар ҳамаи шумо – ҳамдиёрони азизро ба муносибати фарорасии Иди саиди Қурбон табрик гуфта, бароятон тансиҳативу хонаободӣ, сулҳу оромӣ, барору комёбӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.

Ид муборак, ҳамдиёрони азиз!