СУХАНРОНИИ РАИСИ НОҲИЯИ ХУРОСОН МУҲТАРАМ   РАҲМАТУЛЛО САФАРЗОДА ДАР ЧОРАБИНИИ  ДАЪВАТИ ТИРАМОҲИИ ҶАВОНОН БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Хабарҳо

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Ҷавонони азиз ва падару модарони меҳрубон!

Боиси ифтихору сарфарозист, ки як зумра ҷавонони матину боирода ва бо нангу номуси ноҳия баҳри иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 13 сентябри соли 2017, № 934  «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намуданд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1990-1999 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» азми хизмат ба ватани азизамонро карда, ба комиссариати ҳарбии ноҳия омадаанд, бо арзи эҳтиром онҳоро барои ин ташаббусашон табрику таҳният гуфта, ба онҳо сарбаландӣ ва хизмати шоиста хоҳонам.

Ҳамзамон бо истифода аз фурсати муносиб ба ҳамаи Шумо падару модарон ва наздикони ин ҷавонони шуҷоъ, ки чунин фарзандони диловарро ба камол расонида, баҳри ҳифзи Ватани азизамон омода намудеду барои гусели онҳо дар ин ҷо ҷамъ омадед, қаноатмандии хешро изҳор намуда, ба муносибати сазовор гардидани ҷигарбандонатон ба ин унвони пурифтихор – «Сарбози Ватан» аз самими қалб шодбош мегӯям.

Ҳозирини гиромӣ!

Хизмат кардан ба Ватан шарафи бузург ва дар айни замон вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавони бонангу номус мебошад. Ҳар як хизматчии ҳарбӣ бояд хуб дарк намояд, ки ватандӯстӣ ин арзи садоқат ба Ватан – модар ва халқу давлати соҳибистиқлоли худ буда, дар пос доштани арзишҳои миллӣ ва аз тамоми манфиатҳо боло гузоштани манфиати давлату халқ зоҳир мегардад.

Боварӣ дорам, ки сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан – Модар ва халқу давлати хеш бо сарбаландӣ адо менамоянд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ сафарбар месозанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбӣ вазифаҳои нав гузошта, таъмини амнияти кишвар ва ҳаёти осоиштаи ҷомеаро аз вазифаҳои аввалиндараҷа ҳисобида,  зимни суханрониашон дар Паёми худ аз бистуми январи соли 2016 ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ёдовар шуданд, ки: “Роҳбарон ва ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ бояд дар иҷрои вазифаву уҳдадориҳои хизматиашон доим ҳушёру зирак бошанд, барои таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи суботу оромии ҷомеа бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир – терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ қотеъона мубориза баранд”.

Ҳозирини гиромӣ!

Ҳоло дар Сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он ҷо тамоми шароит барои хизмат муҳайё карда шудааст, даҳҳо нафар афсарону сарбозон аз ноҳияи мо низ дар қатори дигар ҷавонони кишвар бо сари баланд хизмати Ватан – модарро ба ҷо оварда, марзу буми кишварро ҳифз намуда истодаанд ва падару модаронашон, аз ҷумла мо сокинони ноҳияи Хуросон бо онҳо ифтихор дорем.

Ҷавонони азиз!

Вазифаи фарзандӣ ва ватандории ҳар кадоми Шумо аз он иборат аст, ки бо хизмати шоёни худ обрӯ ва номи неки ноҳияи Хуросонро дар қатори дигар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ боз ҳам баланд бардоред.

Имрӯз Шуморо ба Сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гусел карда, бо боварии қавӣ гуфта метавонем, ки дар пайравии матонату мардонагии бобоёну падарони некном ва ҷасуру диловари диёри худ хизмати Ватан-модарро сарбаландона адо намуда, ба назди падару модар ва хешу ақрабоятон бо рӯи сурху сари баланд баргардед ва дар ободию рушди ноҳия саҳми сазовори худро гузоред. Хизмати Ватанро чунон ба ҷо оред, ки ин боиси ибрати бародарони хурдсолатон бошаду онҳо дар оянда идомабахш ва пайравони боэътимоди иқдомҳои неки Шумо гарданд.

Дар фарҷоми сухан бори дигар ҳамаи Шумо фарзандони азизро ба Сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гусел карда, бароятон роҳи сафед, хизмати шоён ва дар ҳифзи Ватан комёбиҳои беназир хоҳонам.

Сарбаланду саломат бошед!

Ташаккур!