Дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Хуросон дар нуҳмоҳи соли ҷорӣ баргузор гардид.
Ҷаласаи имрӯза, ки таҳти роҳбарии раиси ноҳия муҳтарам Сафарзода Раҳматулло Хайрулло доир гардид, муовини якум, муовин, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия иштирок доштанд.
Дар ҷаласа маърӯзаи ҳисоботии муовини якуми раиси ноҳия Саидзода Сайхуҷа оид ба натиҷаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Хуросон дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ шунида шуд.
Раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ аз ҷониби раиси ноҳия оид ба масъалаҳои дар рӯзнома ва музокирот баррасӣ гардида мавриди пурсиш қарор гирифта, ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳия ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуд.
Аз рӯи масъалаҳои баррасӣ гардида ва дастуру супоришҳои додашуда дар маҷлиси мазкур қарори дахлдор қабул карда шуд.