Меҳргон аз қадимтарин ҷашнҳои мардуми ориёнтабор аст, ки монанди Наврӯз дар дарозои таърих гиромӣ дошта мешуд. Ин ду ҷашнро дар сарчашмаҳои қадимӣ ду қутби зиндагонии мардум муаррифӣ намудаанд, ки аз Наврӯз дар айёми баҳор шурӯъ гардида, дар замони таҷлили Меҳргон, яъне тирамоҳ ба анҷом мерасидаанд.
Бахшида ба ин ҷашни таърихӣ дар боғи истироҳатӣ ва фарҳангии ноҳия намоиши маҳсули дастранҷи кишоварзон, аз ҷумла, сабзавоту меваҷот ва полизӣ баргузор гардид.
Озмунҳои ноҳиявии “Ошпази беҳтарин”, “Кадбонуи беҳтарин” ва “Ҳунарманди беҳтарин”, ки ба хотири ба як ҷашни пур аз шодию сурур табдил додани Меҳргон ташкил шуда буданд, бисёр ҷаззобу тамошобоб сурат гирифтанд.
Дар озмуни “Ошпази беҳтарин” Ширинбеков Ш. – сардори шабакаҳои барқи ноҳия ва Шарипов Рустам – корманди Муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия сазовори ҷойҳои аввал гардиданд.
Зимни озмуни “Кадбонуи беҳтарин” Ғуломова Мақсуда – омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 44 ва дар озмуни “Ҳунарманди беҳтарин” Абдулмуъминова Рузой – истиқоматкунандаи Ҷамоати деҳоти Фахрободи ноҳия сазовори ҷойи аввал гардида, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мукофотонида шуданд.
Ҳамчунин, деҳқонон ва масъулони соҳаи кишоварзии ноҳия дар коштану ғундоштани ҳосили зироатҳои кишоварзӣ имсол фаъол буданд, аз ҷониби раиси ноҳия бо туҳфаҳои хотиравӣ ва “Сипоснома”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон қадрдонӣ карда шуданд.