ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯ САФАРЗОДА РАҲМАТУЛЛО БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ РӮЗИ МЕҲРГОН

Хабарҳо

Ҳамдиёрони азиз !

Меҳргон дар баробари Наврӯз аз зеботарин ва шоистатарин ҷашнҳои аҷдоди тоҷикон ба шумор меравад, ки дар гузашта миёни мардумони ориёӣ нисбат ба дигар иду маросим мавқеъ ва манзалати воло дошт. Аз омадани он аз шоҳу вазир сар карда, то деҳқону косиб – ҳама хурсандӣ мекарданд.

Шоирон васфу тасвири Меҳргонро дар шеърҳояшон тараннум менамуданд ва шаъну шукӯҳи ин ҷашни азизро дурахшонтар месохтанд.

Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш ҳамаи Шумоён ҳамдиёрони азизро самимона табрик намуда, ба хонадони ҳар яки Шумо суруру хушҳолӣ, хонаи ободу оромиву осудагӣ ва дастурхони пурфайзу баракат орзу менамоям.

Меҳргон аз қадимтарин ҷашнҳои мардуми ориёнтабор аст, ки монанди Наврӯз дар дарозои таърих гиромӣ дошта мешуд. Агар Наврӯз оғози баҳор ва эътидоли баҳории Хуршед дар бурҷи Ҳамал аст, Меҳргон оғози нимаи дуюми сол ва ё фасли тирамоҳ – ҳулули Хуршед дар бурҷи Мизон мебошад. Ин ду ҷашнро дар сарчашмаҳои қадимӣ ду қутби зиндагонии мардум муаррифӣ намудаанд, ки аз Наврӯз дар айёми баҳор шурӯъ гардида, дар замони таҷлили Меҳргон, яъне тирамоҳ ба анҷом мерасидаанд.

Берунӣ ин ҷашнро «рӯзи пайдоиши Офтоб» ҳам гуфтаанд, зеро Меҳр дар маънии луғавӣ «хуршед» аст ва чун ин рӯз Офтоб барои аҳли олам пайдо шуд, ба ин сабаб ин рӯзро «Меҳргон» мегӯянд.

Мо имрӯз иди Меҳргонро ҷашн мегирем. Комилан равшан аст, ки ягон ҷомеа, миллат ва давлат сарфи назар аз қудрати сиёсӣ, иқтисодӣ ва низомии худ, аз ҷараёну равияҳои мухталифи ҷаҳони муосир  дар канор буда наметавонад. Аз ин лиҳоз, мо бояд бо ҳифзи анъанаву суннатҳо ва арзишҳои фарҳангии миллии худ, ҳамзамон дар ҳалли масъалаҳои умумиинсонӣ ба қадри имкон саҳмгузор бошем.

Ҳозирини гиромӣ!

Соли 2017 барои мардуми ноҳия бо вуҷуди мушкилиҳои зиёд, дар маҷмӯъ боз як соли пурфайзу бобарор гардид. Дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии ноҳия як қатор дигаргуниҳо ба амал омаданд. Муҳимтар аз ҳама дарки аҳамият ва зарурати ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, пеш аз ҳама ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, ҳисси худогоҳиву худшиносӣ, эҳсоси гарми ватандориву ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ дар байни тамоми табақаҳои ҷомеа кувват гирифт ва таҳким ёфт. Дар соли 2017 – ум дар кишварамон як қатор ҷашнвораҳои бузург таҷлил гардиданд. Ин ҷашнвораҳо аз қабили 26- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони азизамон, Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017,   20 солагии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ки дар сатҳи баланди маънавӣ – сиёсӣ ҷашн гирифта шуданд.

Бояд қайд намоям, ки дар соли  2017   меҳнаткашони ноҳия ба як қатор дастовардҳо ноил гардиданд. Иҷрои нақшаи пахтасупорӣ то имрӯз 91 фоиз иҷро карда шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3150 тонна зиёд мебошад. Дар ин пешравӣ нақши ҷамоатҳои деҳоти ба номи С. Айнӣ ва Ҳилолиро қайд кардан ба маврид аст. Хоҷагиҳои деҳқонии Шукрона, Ҷавонӣ, Ҷасурбек, Ҳабибулло, Ҷамшед, Шаҳбоз, Сино, Б.Каврак, Зафар ва Б. Холмирзо аз Ҷамоати деҳоти ба номи С. Айнӣ, хоҷагиҳои деҳқонии Б. Ҳақназар, Наҷмиддин, Б. Туғабек, Ҳусейн, Ҳикматулло, Фирдавси, Шералӣ ва Пахтаобод аз Ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ, Ориён, Фируз-2, Шарофиддин, Абдушукур ва Мастчоҳ аз Ҷамоати деҳоти Ғаллаобод, Файзулло, Исмоил, Завар ва Довуд аз Ҷамоати деҳоти Қизилқалъа аз иҷрои нақшаи пахтасупорӣ сарбаландона баромаданд.

Бунёди боғҳои наву барқарор кардани боғҳои кӯҳна дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020» амалӣ шуда, дар хоҷагии фермерии «Асадулло» 1700 гектар боғу токзорҳо бунёд гардид. Дар ин хоҷагӣ бо ҳидояту маслиҳатҳои муфиди Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз 10 намуди ангур ва дар ҳазорҳо гектар навъҳои содиротии дигар намуди ниҳолҳо ва дарахтони сояафкану ороишӣ шинонида шудааст.

Имсол хоҷагии «Асадулло» зиёда аз 410 тонна содирот карда,  зиёда аз 10 тонна хушкмеваҳо захира намуданд.

Инчунин хоҷагии мазкур ба парвариши 134 сар чорвои калони шохдор, 722 сар чорвои майда ва 76 сар асп машғул аст.

ҶДММ «Саодат» барои истеҳсоли гӯшту шир 560 сар чорвои калони шохдор, аз ин 294 сар модагови зоти «Сементал» нигоҳубин карда, аз ҳар сар модагов 5362 литр шир ҷӯшидааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 208 литр зиёд мебошад.   

Умуман соли ҷорӣ меҳнаткашони ноҳия қариб ки дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ба пешравиҳо ноил гардиданд.

Соҳаҳои иҷтимоии ноҳия низ дар ҳамин давра ба як қатор комёбиҳо ноил гардиданд. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мактабҳои ноҳия беҳтару хубтар таъмир карда шуда, сатҳи дониш баланд бардошта, компютеркунонии мактабҳо  иҷро карда шуд. Дар соҳаҳои тандурустӣ, фарҳанг варзиш ва дигар соҳаҳо пешравиҳо ба назар мерасанд.

Мо бояд ба он муваффақ шавем, ки дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дигаргуниҳои кулли ба амал биёрем, маърифати ҳуқуқию иқтисодии аҳолиро баланд бардорем, усулҳои пурсамари соҳибкориву тиҷоратро ба роҳ монем, маҳсулоти истеҳсолнамудаамон бозоргир бошад ва хизматрасониро ба аҳолӣ мувофиқи талаботи замон ба роҳ монем. Албатта ин роҳ мушкил аст ва суръатбахшии ислоҳоти иқтисодиро тақозо дорад. Ҳамаи ин ба ғайрату ҳиммати ватандӯстона, заҳмату талоши содиқона, эхсоси масъулияту дурбинӣ ва сабру таҳаммули хар яки мову Шумо вобаста мебошад.

Мо бо майлу иродаи мардум роҳи ташаккули ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро пеш гирифтаем, ки дар чунин ҷомеа ҳуқуқ ва озодиҳои ҳар шаҳрванд, сарфи назар аз мансубияти миллӣ, динӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ таъмину танзим мешаванд. Барои расидан бар ин ҳадаф мо худшиносии шаҳрвандиеро вусъат бахшем, ки ба арзишҳои миллии худамон, ҳифзу гиромидошти анъанаву суннатҳои милли, арзишҳои фарҳангии деринаи миллат ва дастовардҳои тамаддуни башарӣ асос ёфта бошад.

Ҳамдиёрони азиз !

Дар ин лаҳзаҳои пур аз шодиву фараҳ ҳамаи шумоёнро бори дигар бо иди Меҳргон табрик гуфта, ба хонадони Шумо осудагӣ ва пешомадҳои нек, саломатӣ, дастурхони пурфайз ва дар корҳоятон барору комёбиҳо орзумандам.

Иди Меҳргон муборак, хамдиёрони азиз !