ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК ДАР НОҲИЯИ ХУРОСОН

Хабарҳо

Дар Кохи фарҳанги ноҳияи Хуросон бахшида ба Рӯзи милитсия чорабинии идона доир гардид. Раиси ноҳия Раҳматулло Хайрулло кормандони мақомоти корҳои дохилии ноҳияро бо Рӯзи милитсия табрик намуда, дар иҷрои вазифаи басо мушкилу масъулиятнок ба ҳамаи онҳо барору комёбиҳо таманно намуд.

Таъкид гардид, ки кормандони далеру шуҷои милитсия дар шароити тезутунд гардидани вазъияти сиёсиву ҷиноӣ дар кишвар ҳимояи Ватан ва халқу миллатро аз ҳамаи арзишҳо боло дониста, барои

таъмини ояндаи дурахшони кишвар ва зиндагии орому осудаи мардуми он талошҳои зиёд намуданд.

Таърихи мақомоти корҳои дохилӣ пур аз саҳифаҳои корнамоӣ ва шуҷоату далерӣ мебошад, ки аз содиқ будани хизматчиёни он ба савганди касбии худ гувоҳӣ медиҳад.

Ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба кормандони шуҷоъи мақомоти корҳои дохилии ноҳия туҳфаҳои идона ва ба собиқадорон ва оилаҳои бесаробонмонда мукофотҳои пулӣ тақдим карда шуда, милитсионерони фаъоли ноҳия бо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардиданд. Инчунин, Шарипов Муҳаммадумар – сардори БДА-и шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия бо нишони сарисинагӣ, медали ҷашнии “65 – солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945” аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуд.