ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ХУРОСОН МУҲТАРАМ РАҲМАТУЛЛО САФАРЗОДА БАХШИДА БА «РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» ВА 25 СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Хабарҳо

Ҳамдиёрони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Чӣ хеле ки ба ҳамагон маълум аст, имрӯз мо дар остонаи ду ҷашни бузург: 25 солагии Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор дорем.

Бинобар ин ҳамаи Шумо ҳозирини гиромӣ ва дар шахсияти Шумо мардуми сарбаланди ноҳияро ба ин рӯзи фараҳбахш табрику таҳният намуда, ба Шумо сарбаландӣ ва дар корҳоятон муваффақиятҳо орзу менамоям.

Ҳозирини арҷманд!

Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: «Дар таърихи халқи тоҷик Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони санаи сарнавиштсоз асрҳои аср ёдоварӣ хоҳад шуд, чунки он дар ҳаёти кишвар гузариши куллиро ба вуҷуд овард».

Дар ҳақиқат ин иҷлосия дар таърихи халқи тоҷик бо номи «Санади тақдирсози миллат» ва «Зербинои кохи бегазанди сулҳ» асос гузошт.

Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олӣ аз лиҳози моҳияти худ ба Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон баробарарзиш аст. Агар Эъломия давлатеро бо номи Тоҷикистони соҳибистиқлол эълон дошта бошад, пас Иҷлосияи 16 – ум ҳамин давлатро аз фаношавӣ нигоҳ дошт ва миллати тоҷикро аз гирдоби нобудӣ берун кашид. Ба таъбири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олӣ бо тақозои таърих натанҳо тифли дар гаҳвора будаи истиқлолиятро наҷот дод, балки тақдири ояндаи ӯро муайян сохт ва Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба сӯи ҷомеаи мутамаддин ва арзишҳои волои башарӣ ҳидоят намуд».

Ин иҷлосия дар таърихи халқи тоҷик аҳамияти хеле бузург дорад, чунки: ба халқ ва давлат роҳбари сазовору нотакрорро дод, пеши роҳи хатари нобудии халқу миллатро гирифт, оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш ва сохтори фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатиро барқарор сохт, Артиши миллӣ ва неруҳои посбонии сарҳадиро таъсис дод, заминаи устувори эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистонро гузошта, ба ислоҳоти конститутсионӣ дар мамлакат оғоз бахшида, барои қабули Конститутсияи нави Тоҷикистон заминаи ҳуқуқӣ муҳайё намуд. Имзои Созишномаи истиқрори сулҳ, ризоияти миллӣ ва ваҳдатро имконпазир гардонид, заминаҳои эҳёи маданияти халқи тоҷикро фароҳам сохт, дар мамлакат ба раванди бунёдкорӣ оғоз бахшид, ба беҳбудии аҳволи иҷтимоӣ ва иқтисодии мардум асос гузошт ва симои сиёсии давлатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуд.

Ҳозирини гиромӣ!

Ба хотири арҷгузорӣ ва эҳтиром ба мансаби олии давлатӣ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи садоқат ба Ватан, Президент ва миллат бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2016, таҳти № 420 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” илова ворид карда шуда, 16 ноябр “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” эълон гардида, мардуми шарафманди тоҷик соли дуюм аст, ки ин рӯзро ҳамчун ҷашни фархунда, чун рамзи садоқат ба Президент – садоқат ба Ватан таҷлил  менамоянд. 

Истиқлолияти давлатӣ барои ба вуқӯъ омадани дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мардуми Тоҷикистон заминаҳои устувор фароҳам овард. Тантанаи соҳибихтиёрии давлатӣ ба мардуми тоҷик дар масири таърих бори дигар имкон дод, ки баъд аз қарнҳо ба эҳёи дубораи давлатдории миллӣ шурӯъ намояд.

Мутаассифона дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ мо натавонистем, ки ин неъмати бебаҳоро ба таври дахлдор ҳифз намоем. Ҳодиса ва воқеаҳое ки бо назардошти омилҳои гуногун ибтидои солҳои 90 – уми асри гузашта дар рӯзгори ҷомеаи Тоҷикистон ба миён омаданд, кишварро ба гирдоби таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд. Вазъияти ҳамонвақтаи Тоҷикистон то ба ҳадде мураккаб буд, ки хатари парокандашавии миллат, заволи давлат ва ба қисматҳо ҷудо гардидани ҳудуди ҷумҳурӣ пеш омада буд. Дар чунин лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ андешидани тадбирҳои қатъӣ барои хомӯш намудани ҷанги шаҳрвандӣ, ба ҳам овардани миллати тоҷик, баргардонидани гурезагони иҷборӣ ва рӯ ба сӯи корҳои созандагӣ ҳидоят намудани шаҳрвандони мамлакат ба миён омаданд. Баргузории Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олӣ заминаҳои мусоиди интихоби роҳбарияти олии сиёсии кишвар ва қабули қонуну санадҳои меъёрии тақдирсозро асос гузошт. Муҳимтарин дастоварди ин иҷлосияи таърихӣ интихоби Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун фарзанди бонангу номус ва вафодори миллат, далеру шуҷоъ, покзамиру нексиришт ва ҳуввияти миллӣ дошта ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ӯ дар ҳоле, ки зимоми ҳокимиятро ба даст гирифт, халқи тоҷик дар ҳолати яъсу ноумедӣ қарор дошта, умед ба сӯи фардои ҳаёт норавшан буд. Сарвари давлат ҳанӯз аз рӯзҳои аввали Раиси Шӯрои Олӣ интихоб шудан бо вуҷуди нооромиҳо ва ҷанги шаҳрвандӣ қотеъона иброз доштанд, ки: «Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои шукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам боварӣ дорам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷони худро нисор мекунам» ва Пешвои миллат ҷони худро дар хатар гузошта, ба ин аҳди худ устуворона вафо карданд. Мардумро ба сулҳу ваҳдат оварданд, гурезаҳоро баргардониданд, иқтисодро аз буҳрон наҷот доданд ва кишварро ободу сатҳи зиндагиро беҳбуд бахшида, халқи парокандаю мардуми ба ҳам душманшударо сарҷамъ намуда, аркони давлатдориро аз нав бунёд ва эҳё намуданд.

Ҳозирини арҷманд!

Хамин қаҳрамониҳои фарзанди фарзонаи миллатро шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон  дар филми мустанади “Марди роҳ” манзури мардуми тоҷик гардонида, ба насли ояндаи мо саҳифаи тозаи таърихиро инъикос намуданд.

Саҳми Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафт ва шукуфоии ватани маҳбуб – Тоҷикистон бағоят бузург мебошад.

Бузургтарин дастоварди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст.

Дар тӯли бисту шаш соли истиқлолият кишвари мо таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузошт. Дар ин муддат Тоҷикистон соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардид. Пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдории худ – Артиши миллӣ, қувваҳои сарҳадиро ба вуҷуд овард ва устувор гардонд. Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ пазируфта шуд ва бо аксари мамлакатҳои пешрафтаи дунё робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор намуд. Асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлат танзим гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад, шиносномаи миллӣ эътироф гардид.

Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз  тарафи Созмони Милали Муттаҳид соли 2003 “Соли байналмилалии оби тоза”, солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» ва солҳои 2018-2028 даҳсолаи нави байналмилалии “Об барои рушди устувор” эълон карда шуд.

Дар ин ҷода мусоидат ба татбиқи фарогири даҳсолаи мазкур, ки бо пешниҳоди Пешвои миллат аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардид, яке аз вазифаҳои муҳими давраи наздик ба шумор меравад.

Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ аз 22 декабри соли 2016 бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат  соли 2017   дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “Соли ҷавонон” эълон  кард.

Бо мақсади беҳдошти сатҳи зиндагии мардум, таъмини фаъолияти самараноки корхонаҳои истеҳсолӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар аз 14 январи соли 2017 маҳдудияти барқро  аз байн бардошт.  

Баҳри баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии шаҳрвандони мамлакат бо дастгирии Пешвои миллат 28 августи соли 2017 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки ин ба ҳимояи манфиатҳои аҳолӣ равона карда  шудааст.

Хизматҳои бузургу шоиста ва дастгириҳои Пешвои миллат барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми ноҳия низ хеле назаррас буда,  чандин иншоотҳои тиббию таълимӣ сохта ба истифода дода шуда, боғу токзорҳои нав бунёд гардиданд. Марҳилаи аввали лоиҳаи азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе Қурғонтеппа 33,2 км – ро дар бар мегирад, ки аз ин тақрибан 15 км аз ҳудуди ноҳияи Хуросон мегузарад. Сохтмони мазкурро Корпоратсияи сохтмони роҳҳо ва кӯпрукҳо “Синдзян Бейсин” – и Ҷумҳурии Халқии Чин ба ӯҳда гирифтааст.

Мувофиқи “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Хуросон барои солҳои 2016-2020” сохтмони хати оби нӯшокӣ аз  чоҳҳои деҳаҳои Коммунизму Пахтакори ҷамоати деҳоти ба номи С. Айнӣ то шаҳраки Обикиик (39 км) бо воситаи 4 адад пойгоҳи обкашӣ ва сохтмону барқарорсозии 2 адад ҳавзҳои 1000 м3 дар Ҷамоати деҳоти Ғаллаобод дар ҳамкорӣ бо ширкати “Ҷайка” – и Ҷопон ба нақша гирифта шудааст.

Инчунин бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 24 январи соли 2017 дар Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи Генералии шаҳраки Обикиик тасдиқ гардид, ки ин боиси ифтихори мо мебошад.

Рӯзи 9 августи соли ҷорӣ Президенти мамлакат бобати шиносоӣ бо вазъи зисту зиндагии сокинон ва кишоварзон ба ноҳия ташриф оварданд. Мардуми сарбаланди ноҳия муҳаббат ва самимияти худро нисбат ба Пешвои муаззами миллат баён намуда, ӯро сарбаландона истиқбол намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кориашон ба ноҳияҳои Хуросон ва Абдураҳмони Ҷомӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ин ноҳияҳо иброз доштанд, ки: “Дар доираи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Хуросон барои солҳои 2016-2020 ва Барномаи рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021 бунёду азнавсозии 24 муассисаи таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ пешбинӣ гардидааст”.

Инчунин оғоз гардидани сохтмони бинои маъмурии шуъбаи маориф, Маркази ҷавонон дар ноҳия ва бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти Фахробод дар соли 2018 дар баромади  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти зикргардида баён гардид.

Хизматҳои Пешвои миллат ҳам дар дохили кишвар ва ҳам берун аз он эътироф гардидаанд. Барои саҳми бебаҳо дар густариши ҷомеаи умумибашарӣ ӯ ба гирифтани Ситораи тиллоии Алберт Швейтсер ва унвони фахрии Профессори Академияи умумиҷаҳонии тиб дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ сазовор дониста шудааст. Ӯ дар ҷаҳон аввалин сиёсатмадорест, ки ин мукофоти олиро соҳиб гардидааст.

Бо қарори Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 11 декабри соли 1999 унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.

Соли 2005 дар арафаи ҷашни Ваҳдат боз як ҷоизаи олӣ-медали тиллоии «Барои таҳкими сулҳ ва ризоияти байни халқҳо»-и Федератсияи байналмилалии сулҳ ва ризоият насиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Эмомалӣ Раҳмон дар байни сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аввалин касе мебошад, ки ба гирифтани ин ҷоиза мушарраф гардидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо ордени алмосдори «Звезда мецената» (Ситораи сарпараст) – ҷоизаи олии ҷамъиятии Бунёди байналмилалии хайрияи «Меценаты столетия» (Сарпарастони аср), ордени «Қаҳрамони миллии Афғонистон – Аҳмадшоҳи Масъуд», ҷоизаи Бунёди байналмилалии нависандагон ва рӯзноманигорони Ҷумҳурии Туркия, ситораи ёқутии «Миротворец» (Сулҳовар), Медали тиллоии Маҷлиси халқи (Парлумони) Ҷумҳурии Мисри Араб, Нишони фахрии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ордени Шӯрои олимпии Осиё, Медали тиллоии арҷгузорӣ ба Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (Румӣ)-и ЮНЕСКО, Ордени тиллоии Эҳёи Роҳи Абрешим, Медали тиллоии ба номи Николай Блохин -мукофоти олии Академияи илмҳои тиббии Федератсияи Русия, Ордени «3 Ситора дараҷаи 1» бо занҷираи тиллоии Ҷумҳурии Латвия, ордени Княз Ярослави Ҳаким дараҷаи 1-и Украина, Нишони Покистон – олитарин мукофоти давлатии Ҷумҳурии Исломии Покистон ва дигар мукофоту ҷоизаҳо сарфароз гардонда шудааст.

Ба шарафи баланд даст ёфтани Пешвои миллат, Сарвари давлати Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бозгӯй аз нуфузу эътибори шоистаи ӯ дар олами ислом аст. Ин аст, ки маротибаи 5-ум  дар радабандии нави “Зе муслим (The Muslim) – 2018” ба рӯйхати 500 мусулмони пурнуфузи дунё шомил гардид.

Ҳамдиёрони азиз!

Дар марҳилаи нави бунёди давлати ҷавони Тоҷикистон тақдири баланди миллати куҳандиёри тоҷик дар симои шахсияти беназири таърихӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон олитарин сифатҳои адолати инсонӣ, бузургдилию шуҷоат, раҳму шафқат ва қобилияти нотакрори ваҳдатофариро ато кард ва маҳз ҳамин ҳамоҳангӣ ҷомеаро ба сатҳи баланди хештаншиносӣ расонид.

Ҳамин тариқ, Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон яке аз дурахшонтарин шахсиятҳоест, ки ин рисолати муқаддас дар саропои фитраташ бо шукӯҳи беандоза таҷассум гардида, бунёдгузори давлати соҳибихтиёр, асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, таҳиягари пояҳои ҳуқуқии миллат, эҳёкунандаи арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва динӣ, зиндакунандаи номи қаҳрамонони таърихӣ, ҳомӣ ва муҳофизи манфиатҳои миллат ва ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад.

Бинобар ин бори дигар ҳамаи шумо ҳозирини гиромӣ ва дар симои шумо тамоми мардуми ноҳияро ба муносибати ҷашнҳои 25 – солагии Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” сидқан табрику муборакбод намуда, ба Шумо тамоми хушиҳои зиндагиро таманно менамоям.