ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ХУРОСОН МУҲТАРАМ РАҲМАТУЛЛО САФАРЗОДА БАХШИДА БА «РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Хабарҳо

Ҳамдиёрони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла парчам ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи масъулияти шаҳрвандии ҳар фарди бедордили ҷомеа ва дар айни замон мояи ифтихори ӯ ба ҳисоб меравад.

Зеро парчам ҳамчун ифодакунанда ва баёнгари ҳастии давлати соҳибистиқлол, рамзи иттиҳоду сарҷамъии мардуми мамлакат ва илҳомбахши кору пайкори фарзандони содиқу вафодори Ватан ба хотири пойдору бегазанд нигоҳ доштани дастовардҳои истиқлолият ва таҳким бахшидани пояҳои давлатдории миллӣ мебошад.

Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳ ва ватандӯсту ватанпарасти мамлакат ба ҳисоб рафта, 24 – уми ноябри ҳар сол Рӯзи парчам бо камоли ифтихору эҳтиром нисбат ба яке аз рамзҳои давлатӣ таҷлил мегардад.

Бинобар ин, дар арафаи таҷлили ин санаи фархунда, ки ҳамасола ба хотири арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатӣ, тақвияти ҳисси ватандӯстии мардум ва бузургдошти ойину суннатҳои таърихиву фарҳангии миллати куҳанбунёдамон истиқбол мегардад, Шумо ва дар симои Шумо кулли мардуми ноҳияро самимона табрик мегӯям.

Ҳозирини арҷманд!

Аз рӯзе, ки миллати соҳибфарҳанги тоҷик соҳиби Парчами давлатӣ гардид, то имрӯз дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавии мамлакат дигаргуниҳои бунёдӣ ба амал омаданд.

Ва муҳимтар аз ҳама, қабули Парчам ба болоравии ҳисси миллӣ ва сатҳи худшиносии мардуми Тоҷикистон мусоидат намуд.

Хусусан, дар солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ, яъне замоне, ки мардуми мо ба эъмори давлати навини худ шурӯъ намуданд, парчами давлати тозаистиқлоламон барои шинохти асолати миллӣ, эҳёи суннатҳои давлатдорӣ ва сарҷамъу муттаҳид намудани кулли сокинони мамлакат нақши бағоят арзишманд бозид.

Парчам ҳамчун рамзи нангу номуси ватандорӣ дар он шабу рӯзҳои тақдирсоз тавонист, ки эҳсоси гарми ватандориро дар қалби ҳар як фарди кишвар бедор созад ва миллатро ба сӯи фардои ободу осуда раҳнамоӣ кунад.

Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 баргузор гардид, дар тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон нақши муҳим бозида, ба сӯи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ қадамҳои аввалин гузошта шуданд.

Маҳз дар ҳамин иҷлосия дар баробари андешидани тадбирҳо оид ба сарҷамъии мардум ва бисёр масъалаҳои дигари барои Ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон муҳим рамзи нахустини давлати соҳибистиқлоламон – Парчам қабул карда шуд, ки ҳоло мо он лаҳзаҳои барои миллати тоҷик ва тамоми мардуми Тоҷикистон бағоят муҳиму тақдирсозро бо ифтихор ба ёд меорем.

Тавре ки мову шумо огоҳ ҳастем дар марҳалаи гузоштани пойдевори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ авзои сиёсии кишвар то ҳадде ноором буд, ки имкони қабули рамзҳои давлатӣ вуҷуд надошт ва Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо як сол бе Парчами давлатӣ монда буд.

Баъди қабули парчам миллати мо онро ҳамчун ливои озодиву истиқлол ва воситаи сарҷамъиву ба ҳам омадан ба даст гирифта, давлати ҷавони худро аз вартаи ҳалокат ва миллатро аз парокандагӣ раҳоӣ бахшид.

Яъне дар он шабу рӯзҳои тақдирсоз таҳия ва қабули Парчам нишони азму иродаи устувори мардум барои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ободии кишварамон гардид.

Тоҷикистониён бо роҳнамоии Сарвари кишвар Эмомалӣ  Раҳмон таҳти ҳамин Парчам ба ваҳдати миллӣ расиданд.

Бинобар ин эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам, арҷгӯзорӣ ба тамоми арзишҳои миллӣ мебошад. Эҳсоси муҳаббати самимӣ ба парчам ҳамон вақт умумимиллӣ мегардад, ки агар бидуни расмият ё ҷашнҳои умумидавлатӣ ҳар як шаҳрванди мамлакат эҳтироми онро самимона ба ҷо оварад.

Бояд қайд намуд, ки Парчам рамзи ягонагии давлат ва миллат мебошад. Дар зери парчам кормандони мақомоти қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар хизматчиёни давлатӣ баҳри ҳимояи марзу бум, якпорчагӣ, таъмини ҳаёти осоишта, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ба Ватан ва ба халқ содиқона савганд ёд мекунанд. Чунин амалҳо воситаи тавонои тарбияи насли наврас буда, онҳоро дар рӯҳияи баланди садоқат ба Ватан, ифтихор аз ватандорию рамзҳои давлатӣ, ҳидоят менамояд. Бо дарназардошти ин ва инчунин ба хотири гиромидошти нақши созандаву муассири парчам дар тарбияи ҳисси худогоҳиву худшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии мардум, бахусус насли наврасу ҷавонон бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2010 бунёди манораи бузурги парчам дар яке аз мавзеҳои зеботарини пойтахти Ватани азизамон оғоз ёфт ва он дар арафаи 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ифтитоҳ гардида, мавзеи ҷойгиршавии он «Майдони парчам» номгузорӣ гардид.

Яъне 30-юми августи соли 2011 рӯйдоди бағоят муҳиму фаромушнопазир – барафрохтани Парчами давлатии   Тоҷикистон ба баландии 165 метр, ки дарозии он 60  ва паҳноияш 30 метрро дар бар мегирад, ба вуқуъ пайваст ва он дар китоби рекордҳои Гиннес ҳамчун баландтарин парчами дунё сабт гардид.

Ҳамдиёрони азиз!    

Мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти Парчами давлатӣ раванди ободкориву созандагиро оғоз намуда, то ба имрӯз дар бахшҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат ба пешравиҳои назаррас ноил гардида, ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои замони истиқлолият содиқона заҳмат кашида истодаанд.

Парчами давлати соҳибистиқлоли мо инъикоскунандаи таъриху фарҳанг ва расму ойинҳои деринаи давлатдории миллиамон, баёнгари мақсаду мароми сокинони мамлакат буда, ба онҳо дар роҳи бунёди ояндаи дурахшон неруву қудрати созандагӣ мебахшад.  

Парчами давлатӣ барои мо – тоҷикон нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳуввияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад.

Аз ин рӯ, ҳар як фарди ҷомеа, бахусус, насли ояндасози миллат бояд аз Парчами миллии худ ифтихор намояд ва эҳтироми онро ҳамчун рамзи пойдории давлату миллат ба ҷо оварад.

Зеро эҳтирому арҷ гузоштан ба рамзҳои давлатӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа ва сарчашмаи ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ мебошад.

Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадашон бахшида ба «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 24 ноябри соли 2016 қайд менамоянд: «Дар зарфи бисту панҷ сол бо саъю талоши ватандӯстонаи мардуми шарафманди тоҷик пойдевори устувори давлатдории миллии тоҷик гузошта шуд.

Ва минбаъд низ зери Парчами давлатӣ ояндаи дурахшон ва ободиву пешрафти ин сарзамин таъмин гардида, барои халқи азизи Тоҷикистон зиндагии пурсаодат муҳайё хоҳем кард».

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ ҷашни фарзандони шуҷои Ватан, лаҳзаи эҳсоси масъулияти ватандории ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа ва адои қарзи фарзандӣ дар назди давлат ва миллат мебошад.

Айни ҳол давлати мо узви комилҳуқуқи  Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту  созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ буда, Парчами миллии мо дар қатори парчами  кишварҳои дигар дар пештоқи созмонҳои  баландпояи ҷаҳонӣ ҷойгир гардидааст, ки ин боиси ифтихори  беандоза  ва  эҳтироми ҳамаи мо тоҷикистониён мебошад.

Ҳозирини гиромӣ!

Итминони комил дорам, ки таҷлили ин ҷашн моро дар атрофи роҳбари хирадманд ва адолатпарвари худ, фарзанди фарзонаи миллат – Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид намуда, ба хотири анҷом додани корҳои бунёдкорию созандагӣ ва шукуфоии минбаъдаи Тоҷикистони азизамон ҳидоят ва раҳнамоӣ менамояд.

Бигзор парчами мо – рамзи давлатдории тоҷикон, ифтихору сарбаландӣ ва нангу номуси миллат дар фазои осоиштаи кишварамон то абад парафшон ва илҳомбахши раванди неки созандагиву ободгаронаи ватани маҳбубамон – Тоҷикистон бошад.

Бигзор Парчами миллӣ рамзи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли тоҷикон барои озодӣ, нишонаи нангу  номуси миллат ва таҷассуми садоқати ҳар як  фарди Тоҷикистон ба  Ватани обод то абад ҷилвагар бошад!

Бори дигар ҳамаи сокинони ноҳияро ба ифтихори «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» табрик гуфта, ба ҳамаатон хонаи обод, тандурустиву хушбахтӣ ва дар роҳи хизмат ба Ватани маҳбубамон барори кор орзу менамоям.

Ҷашни Рӯзи Парчами давлатӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!