ЧУН ҶАМЪ ШУД ГУНОҲ, ХУДОГИР МЕШАВАД

Хабарҳо

Давоми рӯзҳои охир аз Эрон ба Тоҷикистон баргаштани Саидиброҳими Назар дар сархати сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ қарор дошта, ҳар тоифа онро аз зовияи хеш бозгӯйӣ намуда истодаанд.

Оид ба ин масъала Додоҷони Атовулло тавассути Фейсбук аз худ «дарак» дод. Додоҷони Атовуллоҳ дар Фейсбук хабари бозгашти Саидиброҳими Назарро “шикасти Кабирӣ” унвон карда, навиштааст, ин узви собиқадори ҲНИТ “аз сиёсатҳои “каҷ дору марез” – и раисашон норозӣ буд…

Додоҷони Атовулло Саидиброҳими Назарро як мӯҳраи калидӣ дар ТЭТ ҲНИТ ном бурда, навиштааст, ки “интизор меравад, ки ба ӯ бисёре аз наҳзатиҳои норозӣ мепайванданд.”
Дар ҳамин ҳол, ҳамсари Саидиброҳими Назар, бозгашти ӯ аз Эронро ба Тоҷикистонро тасдиқ карда, гуфтааст, ки Саидиброҳими Назар 4 рӯз пеш баргашт ва дар ин рӯзҳо мавриди фишори мақомот қарор нагирифтааст.
Манбаи “Азия Плюс” дар мақомоти интизомии Тоҷикистон гуфтааст, мақомот ба Саидиброҳими Назар даъвое надоранд ва касе дар фикри боздошти ӯ нест. Ба гуфти ин манбаъ, «Саидиброҳими Назар баъди интихоботи парлумонии моҳи марти соли 2015 дигар бо ТЭТ ҲНИТ алоқа надошт ва моҳи сентябри соли 2015, дар рӯзҳои ошӯби мусаллаҳонаи генерал Абдуҳалим Назарзода дар Эрон буд».
Фоҳишасомонаи “Ахбор” (зеро ин сомона матлабе надорад, ки моли худаш бошад) шоми 27 ноябар дар бораи бозгашти Саидиброҳими Назар хабар дода афзудааст, ки ӯ ҳафтаи гузашта ва бо ихтиёри худ аз Эрон ба Тоҷикистон баргаштааст. «Сабаби ин тасмим ва шарту шурути бозгашти Саидиброҳими Назар эълон нашудааст ва мақомоти расмии Тоҷикистон низ ин хабарро ҳанӯз шарҳ надодаанд»- афзудааст ин расона.
Аз нигоҳи ман минҳайси як нафари аз набзи ҷомеа огоҳ, бозгашти С. Назар ба он ишора мекунад, ки номбурда баъд аз ҳаводиси охир (манзурам кӯшиши табадуллоти давлатӣ аст), ки парда аз симои манфури ТЭТ ҲНИТ бардошта шуда, аҳдофи муғризонаи онҳоро барои тамоми ҷаҳониён рӯнамоӣ гардид, воқеан ҳам аз мавқеъгириҳои қаблиаш пушаймон шуда бошад. Аҷаб нест, ки аз ин хиёнату зиштӣ, бешарафиву бевиҷдонӣ хаста шуда бошад. Барои чунин хулосабарорӣ асос низ ҳаст. Зеро Саидиброҳимро ки то чанде пеш дар «домон»- и Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш «азми намоз гузоштанро дошт», ин «бузургон» хеле моҳирона гул заданд. Шояд С Назар кунун дарк намудааст, ки наҳзатиҳо нафароне нестанд, ки «бо онҳо ба разведка рафтан шояд». Вале ба ҳар сурат, «сари кафида зери тоқӣ» ва «туф кунам ба болои худам меафтад» гуфтагӣ барин, хомуширо ихтиёр карда, хама аламҳои дилашро нагуфта буд. Ба ибораи дигар, С Назар то замон «ноларо пинҳон дармекашид». Кунун, ки симои аслӣ ва аҳдофи наҳзатиҳо пурра ҳувайдо ва ошкор шуд, «сина»-аш гуфт, ки «ман танг омадам фарёд кун»…
Аз ҷониби дигар, аҷаб нест Саидиброҳим пурра дарк намуда бошад, ки дини ислом барои роҳбарони ТЭТ ҲНИТ василаи расидан ба мансаб ва амалӣ намудани мақсадҳои нопок маҳсуб ёфта, дар ин ҷода арзишҳои инсонӣ ва ҳуқуқу манфиатҳои дигарон «як пули пучак» арзиш надоштанд. Шояд…
Фаъолони ТЭТ ҲНИТ, ки «аз асп фаромад бошанд ҳам, аз узангу фаромданӣ нестанд» сафсата гуфтаанд, ки «Саидиброҳими Назар ҳарчанд аз аъзои собиқадори ҳизб буд, вале дар солҳои охир дар ин ташаккули сиёсӣ мақоми баланде надошт ва баъди ҳиҷраташ ба Эрон дар фаъолиятҳои ҳизбӣ ширкат надошт ва узви Шӯрои иҷроия низ набуд. Онҳо ба ин далел мегӯянд, бозгашти Саидиброҳими Назар осеби ҷиддие ба фаъолиятҳои ҲНИТ нахоҳад расонд».
Сарфи назар аз он ки наҳзатиҳои террорист барои ба фоидаи худ шарҳ додани ин қазия чӣ афсона мебофанд, воқеият ин аст, ки:

Онро рӯзгор нагирад ба ҳар гуноҳ,
Чун ҷамъ шуд гуноҳ, худогир мешавад!

Илҳом Саидов