ИҶЛОСИЯИ НАВБАТИИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ХУРОСОН БАРГУЗОР ГАРДИД

Хабарҳо

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Сафарзода Раҳматулло Хайрулло иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Хуросон, даъвати панҷум, баргузор гардид.

Ба кори  иҷлосия раиси ноҳияи Хуросон Сафарзода Раҳматулло Хайрулло ҳусни оғоз бахшида, пас аз садо додани суруди миллӣ аъзоёни котиботи иҷлосия интихоб карда шуданд.

Дар иҷлосияи имрӯза 4 масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуда,  аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома ҳисоботи раиси ноҳияи Хуросон Сафарзода Раҳматулло Хайрулло шунида шуд.

Аз рӯи масъалаи мазкур Азиззода Бурӣ – сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳия маърӯзаи иловагӣ намуд.

Эмомализода Бадриддин – сардори Раёсати молияи ноҳия доир ба масъалаи дуюми иҷлосия “Дар бораи иҷрои буҷети ноҳия дар соли 2017 ва тасдиқи буҷети ноҳия барои соли 2018” маърӯза намуд.

Инчунин дар иҷлосияи имрӯза намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон – раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон, Абдурозиқ Ризоев иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ба кори иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Хуросон, даъвати панҷум бо тасдиқи якчанд қарорҳои раиси ноҳия ҳусни анҷом бахшида шуд.

Баъди анҷоми иҷлосия раиси ноҳияи Хуросон Сафарзода Раҳматулло Хайрулло дар ҳузури роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, корхонаҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятию ҳизбӣ, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот  доир ба корҳои созандигиву бунёдкорӣ суханронӣ намуда дар ин самт ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.