Ҳамдиёрони азиз!
Ҳозирини арҷманд!
Баъд аз чанд лаҳза соли 2017, ки дар таърихи навини мардуми ноҳия бо хотираву рӯйдодҳои неки ободиву рушди Ватани азизамон сабт хоҳад шуд, сипарӣ гардида, соли нави мелодии 2018 фаро мерасад.
Ба ин муносибат, кулли сокинони ноҳияро самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар як фарди Тоҷикистони азизамон оромиву хушбахтӣ, иқболи нек ва рӯзгори осуда орзу менамоям.
Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, барои хурду бузурги кишвар воқеан таърихиву бобарор ва соли амалӣ шудани умеду орзуҳои неку созанда буд.
Бо мақсади беҳдошти сатҳи зиндагии мардум, таъмини фаъолияти самараноки корхонаҳои истеҳсолӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар аз 14 январи соли 2017 маҳдудияти барқ аз байн бардошта шуд.
Бобати шиносоӣ бо вазъи зисту зиндагии сокинон ва фаъолияти кишоварзон 9-уми августи соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи мо ташриф оварданд. Мардуми сарбаланди ноҳия бо муҳаббат ва самимияти беандоза Сарвари давлатро истиқбол намуданд.
Баҳри баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии шаҳрвандони мамлакат бо дастгирии Пешвои миллат 28 августи соли 2017 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки ин ба ҳимояи манфиатҳои аҳолӣ равона карда шудааст.
Марҳилаи аввали лоиҳаи азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе – Қурғонтеппа 33,2 км-ро дар бар мегирад, ки аз ин тақрибан 25 км аз ҳудуди ноҳияи Хуросон мегузарад ва сохтмони мазкурро Корпоратсияи сохтмони роҳҳо ва кӯпрукҳо “Синдзян Бейсин”- Ҷумҳурии Халқии Чин ба ӯҳда гирифтааст.
Инчунин дар ин сол санаҳои бузургу таърихии халқу давлатамон 26 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20 – солагии “Рӯзи Ваҳдати миллӣ”, 25 солагии Иҷлосияи 16 – уми тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар рӯҳияи баланди ифтихор аз ватандориву соҳибдавлатӣ ва бо дастовардҳои сазовори ин ҷашнҳои таърихӣ таҷлил намудем.
Ҳозирини гиромӣ!
Доир ба воқеаву рӯйдодҳои муҳимтарин, дастовардҳои сол ва нияту нақшаҳои нав барои соли оянда, ки албатта, боиси боз ҳам беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва пешрафти Ватанамон хоҳанд гардид, чанд рӯз пеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 – юми декабри соли 2017 изҳори андеша карданд.
Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин, муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.
Бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ соли 2018 дар кишвар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карда шуда, баҳри ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фурӯши чунин молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шуд.
Ҳозирини гиромӣ!
Вазъи ҷаҳони имрӯза, хатару таҳдидҳои рӯзафзун, масоили мубрами иқтисодиву сиёсӣ ва экологӣ ҳар яки моро водор месозанд, ки беш аз ҳар вақти дигар муттаҳиду сарҷамъ ва ҳушёру зирак бошем. Чуноне ки Пешвои миллат дар баромадашон дар Соли нави мелодии 2017 қайд намуда буданд: “Мо бояд дар ин сол бо ҳисси баланди ватандориву худшиносӣ барои ҳимояи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, таҳкими ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳимояи манфиатҳои давлату миллатамон дастҷамъона ва содиқона талош намоем. Зеро дастовардҳое, ки то имрӯз ноил шудаем, аз мо мебошанд.
Мо бояд ба хотири расидан ба комёбиҳои нав ва аз имрӯза дида ободу пешрафта гардонидани кишвари маҳбубамон софдилонаву пайгирона кӯшиш намоем”.
Хусусияти неки ҷашнгирии соли нави мелодӣ ин аст, ки мардум бо нияту орзуҳои нек ҳадафҳои нави созанда ва нақшаҳои ободгаронаи худро тарҳрезӣ менамоянд.
Дар остонаи истиқболи соли нави мелодӣ бо эътимоди комил изҳор медорам, ки соли нави мелодии 2018-ум барои таҳкиму тавсеаи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, пояҳои давлатдории навини тоҷикон, ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсии ҷомеа, инчунин, ободу зебо гардидани кишварамон нақши муассир хоҳад гузошт.
Боиси ифтихор аст, ки дар ин раванд мардуми бонангу номуси мо дар ҳифзи истиқлолияти миллӣ, бунёди давлати муосиру пешрафта ва дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин фаъолона иштирок карда, ҷиҳати муаррифии шоистаи давлати тоҷикон ва баланд бардоштани нуфузу обрӯи он дар арсаи ҷаҳон саҳми ватандӯстона мегузоранд.
Умедворам, ки соли нави мелодии 2018 соли амалишавии орзуву мақсадҳои неки давлату миллати тоҷик мегардад ва мардуми шарифи мо дар ин соли нав дар самти рушду пешрафт ва ободиву бунёдкорӣ бо қадамҳои устувор пеш мераванд.
Бо ҳамин орзуҳои нек бори дигар ҳамаи сокинони ҳимматбаланду заҳматпеша ва саодатманду сарбаланди ноҳияро ба ифтихори «Соли нави мелодии 2018» самимона табрик гуфта, барои ҳар яки шумо сулҳу оромӣ, хонаи обод, тандурустиву иқболи нек, файзу баракат ва ба Тоҷикистони озоду соҳибихтиёрамон ободиву пешрафти ҳамешагӣ орзу менамоям.
Соли нави мелодӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!