ШӮРОИ КОР БО ҶАВОНОН

Хабарҳо

     Имрӯз ҷаласаи навбатии Шӯрои кор бо ҷавонони назди раиси ноҳия таҳти роҳбарии раиси ноҳияи Хуросон Сафарзода Раҳматулло Хайрулло, бо баррасии масъалаҳои мубрами соҳаи ҷавонон баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур муовини якум, муовин, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ҷавонони фаъоли касбу корҳои гуногун ва беҳтаринҳои соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳия иштирок доштанд.

     Дар Шӯро 3 масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома ҳисоботи котиби Шӯрои кор бо ҷавонони назди раиси ноҳия, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Хуросон Муродов Шариф шунида шуд.

     Инчунин, бо мақсади ҷамъбасти “Соли ҷавонон” дар ноҳия Кумитаи тадорукот таъсис дода шуда, беҳтарин кормандони ҷавони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳия аз ҷониби раиси ноҳия бо Ифтихорномаи раиси ноҳия ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.