Мулоқоти гурӯҳи таблиғотӣ бо сокинон, хизматчиёни давлатӣ, кормандони сохторҳои қудратӣ, ташкилоту муассиса ва идораҳои ноҳия доир гардид. Дар мулоқот раиси ноҳия муҳтарам Сафарзода Раҳматулло Хайрулло баромад намуда, иштирокчиёни вохӯриро бо гурӯҳи таблиғотӣ шинос намуд ва қайд кард, ки меҳмонон баҳри баррасии дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 декабри соли 2017 дарҷ гардидаанд, ташриф овардаанд.
Сипас роҳбари гурӯҳи таблиғотии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Тоҷиддин Асомиддинзода қайд намуд, ки дар марҳалаи кунунӣ кишвари мо бо мақсади вокуниши саривақтӣ ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ дар раванди ташаккули иқтидори муносиби дохилӣ ва хориҷӣ тадбирҳои муассир меандешад. Дар ин раванд, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамгироии бештар бо ҷомеаи ҷаҳон ва минтақа, сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин ба роҳ мондани ҳамкориҳои фарогир муҳим мебошад.
Пас аз он сухан ба Амриддин Шарипов – мудири кафедраи минтақашиносии хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дода шуд. Он кас дар баромади худ қайд намуданд, ки таъмини аҳолӣ бо маҳсулотҳои хушсифат, ки шарти асосии солимии мардум мебошад, яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Вале ҳолатҳои аз ҷониби соҳибкорону тоҷирон бо ҳар роҳу васила ба бозори истеъмолии кишвар ворид намудани маҳсулоти пастсифат ба назар мерасанд, ки ба саломатии шаҳрвандон зараровар мебошад.
Мо мардуми ноҳия эълон шудани соли 2018-ро ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо дилгармӣ, хушнудӣ ва ҳамовозии том истиқбол намудем. Аз андозҳо озод намудани истеҳсоли маҳсулоти хонагии ҳунармандӣ ва фурӯши онҳо тадбири навбатии ниҳоят муҳим буда, имкон медиҳад, ки ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, ҳунарҳои мардумӣ эҳё гарданд.