СОЛИ 2017 ҶАМЪБАСТ ШУД

Хабарҳо

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон ҷамъбасти натиҷаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Хуросон дар соли 2017 ва вазифаҳо барои соли 2018 таҳти роҳбарии раиси ноҳия муҳтарам Сафарзода Раҳматулло Хайрулло доир гардид, ки дар он муовини якум, муовин, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иштирок доштанд.

Дар ҷаласаи имрӯза муовини якуми раиси ноҳия Саидзода Сайхуҷа оид ба натиҷаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар соли 2017 баромад намуд.

Раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ аз ҷониби раиси ноҳия оид ба масъалаҳои дар музокирот баррасӣ гардида пурсида шуда, ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳия ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуд.

Аз рӯи масъалаҳои баррасигардида ва дастуру супоришҳои додашуда дар маҷлиси мазкур қарори дахлдор қабул карда шуд.