СУЛТОН ҲАМАД – ДУЗДИ ХОНАИ ХУД

Хабарҳо

     Мусоҳибаи хабарнигори мустақил Суҳроби Низом бо Сталина Юлдошева ва Эмомназар Тошматов – кормандони собиқи мақомоти амнияти миллии кишвар дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон

     – Шумо дар замони бисёр ҳассоси таърихӣ, яъне дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар мақомоти амният кор кардаед. Мегуфтед, ки фаъолият дар мақомот ҳангоми муқовиматҳои сиёсӣ бароятон осону бехатар буд?

     С. Юлдошева: – Ман аз соли 1984 то 2009 дар шуъбаи амнияти ноҳияи Қубодиён ба ҳайси коргузор кору фаъолият кардам. Бо бисёре аз сардорони бевосита ва кормандоне, ки дар шуъбаи ноҳиявии Қубодиён кор мекарданд, муносибати хуби корӣ ва дӯстона доштам. Аввалҳои солҳои 90-ум вазъияти сиёсӣ-ҷамъиятӣ дар ҷумҳурӣ, алалхусус дар вилояти Қӯрғонтеппа, каме мураккаб гашт. Неруҳои иртиҷоӣ ва фундаменталистони исломӣ ба арсаи сиёсат ворид шуда, дар маҳалҳо аллакай таъсиру нуфуз доштанд. Баъзе рӯҳониёни мутаассиб, ба монанди С.А.Нурӣ, А.Тӯраҷонзода, Давлат Усмон, Домулло Маҳмадрасули ҷиликӯлӣ, Эшони Давлатхуҷаи панҷӣ, Эшони Давлатхуҷаи қумсангирӣ ва дигарон, ки ақоиди исломи радикалӣ ва ғояҳои ваҳҳобияро ташвиқу тарғиб намуда, идеологияи нави ифротиро бар гардани ҷомеаи мо бор карданӣ буданд. Маҳз хамин давра фаъолияти мақомоти амният мебоист пурзӯр шуда, ҷиҳати ошкору пешгирии зуҳуроти номатлуби гӯшношунид аз тамоми имконоти воқеӣ истифода барад. Он замон, ки дар шуъбаи ноҳиявӣ теъдоди кормандони оперативӣ кам буд, масъулияти гароне бар дӯши онҳо афтода буд.

     – Дар он вазъ чӣ гуна мушкилоте кори мақомоти амниятро халалдор месохт?

     – Ёд дорам, ки охири солҳои 80-ум Давлат Бобоев ба вазифаи сардори шуъбаи ноҳиявӣ таъин гардида буд. Яке аз ваколатдорони шуъба он замон Султон Ҳамадов таъин гашта буд. Ба назар чунин менамуд, ки шахси масъули иҷрои тамоми вазифаҳои амният дар ноҳия танҳо худи сардор мебошад. Зеро, С. Ҳамадов аз ибтидо бо тамоюли раванди вазъият ва муташанниҷ гаштани он бепарвоӣ зоҳир мекард. Зиёда аз ин, низоми кор ва мартабот (субординация)-и ҳарбиро умуман риоя намекард.

     – Ба фикри шумо, чаро ӯ чунин амалро раво медид? С. Ҳамадов бо ин рафтораш чӣ мехост?

     Дар чунин шароити ҳассос, чунон ҳолате, ки ақидаҳои маҳалгароӣ авҷ гирифта, нафрату кини намояндагони як маҳал бар маҳалли дигар бо шиддат боло мерафт ва хатари ҷиддие ба сохти конститутсиониву низоми давлатдорӣ таҳдид мекард, вазифаи муқаддаси корманди амният буд, ки вазъро биомӯзад, мақомоти марказиро огоҳ намояд, вохӯрӣ бо сарчашмаҳои оперативии худро вусъат бахшад. Аммо тамоми ин гуфтаҳо гӯё ба С.Ҳамад дахл надошт.

     – Аз ӯҳдаи кор намебаромад ё хислатан чунин буд?

     Аз ӯҳдаи кор мебаромад, аммо намехост. Хислатан шахси дарундор буд. Доим менолид, ҳама вақт норозӣ буд. Фикр мекард, ки танҳо ӯ босавод ҳасту атрофиён ҳама бесаводанд. Мегуфт, ки ӯ бо он донишу савод ва малакааш, бояд на кам аз сардори шуъба ва ё муовини сардори раёсат бошад. Маҳз аз ҳамин нуқтаи назар ягон сардори худро намепазируфт. Мехост, ба кор меомад, намехост – не, мехост ҳуҷҷат омода мекард, намехост, ҳафтае ҳатто як санад ҳам наменавишт. Чандин маротиба, зимни ҷаласаҳои корӣ аз пайи кору бори худ мешуд.

     Дар ин ҷо ронандаи шуъба Эмомназар Тошматов ба суҳбат ҳамроҳ шуда, гуфтаҳои Сталина Юлдошеваро тасдиқ менамояд:

     – Дар ҳақиқат, Султон Ҳамад хислати вазнин дошту бо кормандони шуъба аз аввал то охир унс намегирифт. Ҳамагон фикр мекарданд, ки шояд дар заминаи ягон далели солҳои гузашта Султон Ҳамад ба сардори худ хусумат дорад. Аммо баъд аз оне, ки тақрибан соли 1990 ба ҷойи Бобоев Д.Б., Р. Маҳмадалиев ба ҳайси сардори шуъба таъин гардид, ҳолати рӯҳӣ-равонии Султон Ҳамад бакуллӣ дигар гашта, ба иборае «ба пӯстинаш кайк даромада буд». Зуд-зуд асабонӣ мешуд. Ба ману Сталина мегуфт, ки бояд ӯ сардори шуъба таъин мешуд. 
     Баъдан низ С. Ҳамад чунин рафтору кирдори худро идома медод. Чуноне буд, ҳамон хел монд. Баръакс, норозигиаш аз ҳамаи ҳайати шахсӣ зиёдтар шуд. Бисёр менӯшид. Дар ҳолати мастӣ худро «нобиға» мешумурд, мегуфт, ки «ман журналисти нотакрорам». Хуллас, тобистони соли 1992, замоне ки аллакай вазъият дар сатҳи изтиробӣ буд, алангаҳои ҷанги шаҳрвандӣ эҳсос мешуд ва қувваҳои иртиҷоӣ ба мақсаду мароми худ «ноил» мегаштанд, Султон Ҳамад фаъолу серташвиш гашта буд. Матлабҳои дар ВАО-и ҷумҳуриявӣ, алалхусус дар рӯзномаи оппозитсионии «Чароғи рӯз» нашршударо мехонд, ҳамеша дар ҷараёни вазъи ҷумҳурӣ қарор дошт. Аз ҳар як «фатҳу ғалабаҳо»-и мухолифин дар пойтахти кишвар хушҳол мегашт. Бо намояндагони мухолифини дар вилояти Қӯрғонтеппа дар алоқаи доимӣ қарор дошт. 
     Тахминан моҳҳои август-сентябри соли 1992 барои назорати минтақаи оперативӣ сардори шуъба Р. Маҳмадалиев ҳамроҳ бо ман, ки ронандааш будам, инчунин прокурори ҳамонвақтаи ноҳия Қ. Муҳаббатов ба самти ноҳияи Шаҳритуз равон шудем. Дар назди дидбонгоҳе нафарони номаълуми мусаллаҳ моро боз дошта, ба асорат гирифтанд.

     – Мақсад чӣ буд, маълум нашуд?

     – Баъдтар муайян гардид, ки нафарони мусаллаҳ аз гурӯҳи Алӣ Ҳалимов (бо тахаллуси «Алӣ беспалый») – яке аз хунхортарин шахсиятҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз ҷониби ҲНИТ буда, кормандони амниятро дидаву дониста «шикор» мекардаанд. Овозае низ вуҷуд доштанд, ки Султон Ҳамад дар ин кор бевосита даст дошт. Баъди ба асорат гирифтани нафарони мазкур сардори ШВКД дар ноҳияи Шаҳритуз Турахон Ташрипов, ки миёни аҳолӣ бештар бо лақаби «Штирлиц» маъруф буд, ба муовини худ полковник Нидоев супориш дод, ки сардори амният ва прокурори ноҳияи Қубодиёнро аз асорати «Али беспалый» раҳо кунад. Маҳз ҳамин тариқ мо озод карда шудем. Дертар Султон Ҳамад назди кормандон лоф зада буд, ки барои раҳоии мо гӯё ӯ низ «миёнадароӣ» карда бошад, ки дурӯғи маҳз буд.

     – Аз ин ҷо бармеояд, ки хатари воқеӣ ба ҳаёти роҳбарону кормандони мақомоти амният вуҷуд дошт. Баъдан чӣ шуд?

     – Баъди оне, ки ба ҳаёт ва амнияти шахсии Р. Маҳмадалиев ва аҳли оилаи ӯ хатари воқеӣ таҳдид кард, ӯ бо супориши роҳбарият ба шаҳри Қурғонтеппа рафт. Султон Ҳамадов аз ин ба баъд худро роҳбари шуъба муаррифӣ намуда, бо баҳонаи мураккабшавии вазъият ва таҳдиди хатар ба ҷони кормандони амният, маро, ки ронанда будам, котиба ва ҳатто қаровулҳоро аз кор озод намуда, ҷавоб дод. Капитан Сергей Чистяков ном кормандро низ, ки ба ҳайси ваколатдор таъин гашта буд, ҷавоб дод ва аз ӯ таппончаи табелии тамғаи «Макаров»-ашро гирифт. Чистяков бо аҳли оилааш, бо дастгирии Исмат-ака ва Асад ном намояндагони Фронти халқии минтақаи Қубодиён, тавассути ноҳияи Шаҳритуз ба шаҳри Термизи Ӯзбекистон ва аз он ҷо ба Федератсияи Россия фирор кард.

     – Пас аз ин ҳама фирорҳо ва нобасомониҳо, оё дар шуъбаи амният нафаре боқӣ монда буд?

     – Дар шуъба танҳо С. Ҳамадов монда буд ва аз ҳисоби мухолифин ба худ ронандае интихоб кард. Гумон дошт, ки дар сурати ғалабаи мухолифин ӯро ба вазифаи калони мақомоти амният таъйин мекунанд. Тибқи маълумотҳо, роҳбарони ҲНИТ ва иттиҳоди неруҳои оппозитсионии тоҷик чандин маротиба дар дохили шуъба ҷамъ омада, ҳамроҳ ҷаласа мегузаронданд ва нақшаҳои душманонаи худро тарҳрезӣ мекарданд.

     – Пас чунин бармеояд, ки «муҷоҳидон» тамоми молу амволи шуъбаро ғорат кардаанд?

     Агар «муҷоҳидон» ғорат мекарданд, аламовар набуд. Гап сари он аст, ки ба амонати шуъба худи Султон Ҳамад хиёнат кард. Тақрибан моҳи ноябри соли 1992, Султон Ҳамад 2 автомобили хизматии шуъба – УАЗ-469-ро, ки дар ҳолати хуби техникӣ қарор доштанд, инчунин як АК, ду ПМ, 10 ҷуфти сару либоси ҳарбӣ, 4 қуттии тирро дуздида, баъдтар бо худ ба Ҷумҳурии исломии Афғонистон бурд. Дертар маълум мешавад, ки ҳамаи онро ба ивази маблағи калон фурӯхтааст. Зеро талаботҳои манфиатхоҳона ва тамаъҷӯёнаи ӯ доим дар ҷойи аввал меистоданд.

     – Яъне Султон Ҳамад – корманди КГБ бо «муҷоҳидон» мепайвандад ва ба ҶИА фирор мекунад. Ман як чизро намефаҳмам, Шумо дар боло ишора кардед, ки «Султон Ҳамад бисёр менӯшид, дарду алами худро бо арақ мебаровард». Пас чӣ гуна «муҷоҳидон» ба ин «арақхӯр» бовар карданд?

     Барои чунин афрод иваз кардани мавқеъ ва хислат кор саҳлу осон аст. Аз эҳтимол дур нест, ки дар он сӯи Омӯ Султон Ҳамад «шайх»-у «эшон» низ шуда бошад, ки медонад?! Ин ҷо беихтиёр шеъре ба ёдам мерасад, ки:
     Эй, ки дар масҷид равӣ баҳри суҷуд,

     Сар биҷунбад, дил наҷунбад, ин чӣ суд?

     Боиси таассуф аст, ки чӣ гуна хатмкардаи мактаби бонуфузи КГБ, нафаре, ки барои таъмини амнияти миллии халқу ватани худ замоне қасам хӯрда, аз ин мақомот музди маош гирифтааст, тавонист молу амволи давлати худро дуздида, ба муқаддасоти давлатии худ хиёнат кунад, вале чун замона дигар гашт (яъне чун сулҳи деринтизор ба Ватан баргашт), ӯ низ дигар гаштаву ба ин мақомот ба кор баргашт. Ҳоло бошад аз ҳисоби ҳамин ниҳод давлати пирӣ меронад.

     – Барои суҳбат сипосгузорем, ташаккур!