Миёни мо ҳаме кина набояд,
Ки кин бо дӯстон неку наояд. Фахриддини Гургонӣ
Таассурот оид ба навиштаи «Пайвандони Ҳайдар Қосимов: «Қатли Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ ҳалқае дар занҷири кушторҳои чеҳраҳои саршинос аз ҷониби наҳзатиҳост».Ҷумҳурият, 14-ноябри соли 2017. № 232.
Одамон давоми солҳои сипаришуда оиди инқилобҳо ва таърихи давлатҳои гуногун маълумотҳои зиёде гирифта бо раванд ва сабабҳои бавуҷудоии давлатҳо, аз байн рафтани онҳо, бо қувваҳои ҳаракатдиҳанда, равандҳои таъсиррасонандаи хориҷӣ, буҳронҳои сиёсиву иқтисодӣ, сабабу натиҷаҳои корҳои ба сомон расонида ошноӣ пайдо намудаанд.
Баъди таҳлили ҳар ҳодисаву воқеа, хулосаи таърихнигорон ҳамин аст, ки ягон ҳодисаву воқеа ва руйдодҳои таърихӣ худ аз худ ба вуҷуд наомада балки омилҳо, сабабу ҳолатҳо ва қувваҳои алоҳидаи манфиатҳоҳ аз камиву костӣ ва дигар манбаъҳо суистифода намуда, дар охир мақсадҳои ғаразноки худро амалӣ менамоянд. Мақоли маъмуле миёни ҷомеа маълум аст, ки «шохи дарахт беҳуда намеҷунбад». Дар ягон давру замон, дар ягон кишвари дунё табаддулоту инқилобҳо дар ҷои холӣ, ҳамту ба миён наомадаанд. Ба онҳо гуруҳ ва шахсони алоҳида, бо мақсаду маром, бо сарпарасту маблағҳои бениҳоят калон, аз руи нақшаҳои тарҳрезишуда амалӣ мешаванд. Дар рафти амалишавии он ҷони азизи ҳазорҳо нафар одамон аз даст рафта, мардум бе хонаву ҷой, кӯдакон ятиму модарон бе шаҳвар ва бадбахтиҳои зиёде аҳли ҷомеаро фаро гирифта, касративу норасогӣ, ва ноадолатиҳои бекарон мардумро дунболагирӣ менамоянд. Дастандаркорони ин раванд ва ҳаракатҳо дар тули солҳо таҷрибаи калони корӣ андӯхта ин тамоюлро ба тиҷорат (бизнес) табдил додаанд. Ин раванд маъмӯлтарин корест ки хоҷагон бо воситаи «табақлесон»-и дохила дар ин ва ё он кишвари дунё амалӣ месозанд. Воқеаҳои нангину фоҷеабори ба сари мардуми Тоҷикистон омадаи авали солҳои навадум, ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997, хиёнат ва дасисаҳои Маҳмуд Худойбердиев, кушиши табаддулоти давлатӣ намудани Ҳоҷӣ Ҳалим ва ба воситаи хоҷагон, истифода бурдани минбарҳои калони исломӣ аз тарафи намояндагони собиқ ҲНИТ ва дар ин замина бурдани ҷанги идеологӣ, аслан нақша ва дурнамоҳои барномаҳои тарҳрезишудаи душманони миллату давлати мо буда бо дастгирии кишварҳои хориҷа руи кор омадаанд.
Баъди мутолеаи мақолаи «Пайвандони Ҳайдар Қосимов; «Қатли Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ ҳалқае дар занҷири кушторҳои чеҳраҳои саршинос аз ҷониби наҳзатиҳост». (Чумҳрият, 14-ноябри соли 2017,№ 232) бори дигар вазифаи шаҳрвандии худ ҳисобидам, ки фикру ақидаҳои худро бо чанд ҷумла манзури хонандагони азизи кишвар намоям. Аслан таҳлилу баррасӣ ва пешниҳоди фикр чандон мушкилие надорад, аммо хуб мебуд ҳар нафар зимни таҳлил ва баррасӣ, манфиатҳои шахсии худро як тараф гузошта зиёдтар баҳри оромиву якпорчагӣ, ваҳдату ободӣ, инкишофу тараққиёти Ватан, ояндаи дурахшони фарзандон, амнияти саросарии кишвар ибрози ақида намуда, мулоҳиза, нуқтаи назар ва пешниҳодот бояд холисонаву беғаразона иброз карда шавад. Қонунҳои ҷории Тоҷикистони азиз низ мухлоифи ин раванд нест. Аммо, мақсад ва мароми ман имрӯз бори дигар сари андеша фуру рафтану манзури аҳли ҷомеа сохтани саҳву хатоҳо, камбудиву норасогиҳо ва хулоса намудан аз он ки иддае дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ ва имрӯз низ қисмати ночизе аз ҳамватанони мо басо фиребхурдагонанд, мавриди суҳбат қарор дода, бори дигар он ҳолатҳое, ки қисмате аз ҳамватанони мо бо дасти ифлоси хориҷиён ба сари мардум бадбахтӣ оварда, зомини рушду нӯмуи кишвар ва қатли ҳазорҳо ҳамватанони бегуноҳи мо гаштаанд, бори дигар ёдовар шавам.
Ҳақиқат он бувад, ки мо басе фиреб хурдаем,
Ду саф, ду пора гашта, айбу ҷурми ҳам шунидаем,
Дигар чӣ ҷои баҳс, мурдаем ё намурдаем
Ватан! Гуноҳи ҷумла тоҷикони хешро бубахш,
Ватан! Гуноҳи миллати Ватанпарешро бубахш!
Бахшишу гузашткарданҳо роҳи аз ҳама фарроху ростин байни бародарон буд, амлӣ шуд. Сари болои тоҷикон аз фарҳанги воло, омехта ба писандидатарин ва марғубтарин арзишҳои инсонӣ, ҳидоятгарӣ аҳли ҷомеа гашта, тавону зурмандиамон дод. Ин буд, ки мо ҷавонмардона сӯи ҳам дасти мардиву эътиқод, дасти дӯстиву рафоқат ва Ваҳдат дароз намудем. Дар таҷрибаи таърих беназиртарин корро сомон додем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаро бахшид, ба хотири оромиву осудагии кишвар, ба хотири фардои дурахшони ин миллату сарзамин. Пас чаро иддае боз носипосиву курнамакӣ намуда, теша ба пояҳои истиқлолияти давлатӣ зада истодаанд. Минбарҳои гуногуни итилоотиву сиёсӣ ва диниро интихоб намуда берун аз Ватан даъвои ватанхоҳӣ намуда, ибрози ақидаҳои тарҳрезишуда ва сиёҳ сохтани миллату давлатро доранд. Онҳо муқтадиру тавоно нестанд, на аз ҷиҳати сиёсиву на аз ҷиҳати ақл ва зеҳн. Онҳо иҷрокунандаанд, монанди нақшофарии ҳунармандон дар таҳияи «коргардонҳо», монанди нафаре ки рақс менамояду моҳияти ҳаракат ва мазмуни рақсашро намефаҳмад. Монанди нимчамуллоҳое, ки пораҳои Қуръони Маҷидро қориёна аз худ намудаву дарки маънӣ намекунанд. Мутолеаи асари Виктор Гюго «Одаме, ки механдад», барои ҳамагон аз манфиат холӣ нест. Матбуоти Ғарб, аниқтараш журнали «Шпигел» менависад, ки; «Мусулмонҳо аҷиб инсонҳо ҳастанд. Онҳо монанди соатҳои механикианд. Мурваташонро то ҷои лозима омода ва пур намоед бе ист кор иҷро менамоянд». Ин нуқтаи назар ба қисмате аз сокинони Ватани мо низ таалуқ дорад.
Аммо чи бояд, кард ки тамоми ҷомеа аз кӯдакону наврасон сар карда то ҷавонону пиронсолон, ҳама новобаста аз тоҷиру ронанда, деҳқону коргар, муҳоҷиру варзишгар, зиёиву табиб, мувоҷеҳи он бошанд, ки дубора саҳву хатоҳоро мо ҳамагон такрор накунем! Ба карахтиву барҷомонии иддае аз аҳли ҷомеа чӣ чораандешӣ намоем? Бараъло мебинем, ки нафароне чашм аз кирдорҳои ҳасудон гурезонида, гушро ношунавою мушкилот мушкилоти ман нест гуён бетарафиро ихтиёр менамоянд. Солҳои навадуми асри гузашта маҳз хамин бетарафиҳо ва аз ҷиҳати фардӣ ва сиёсӣ, таҳлили амиқ накарданҳо, нисбати ҳар даъвату гуфторҳо бе хулосагирии аниқ равон шуданҳо буд, ки кишвари азизи мо оғуштаи носозгориҳо ва оқибат ба ҷанги таҳмилӣ кашида шуд.
Он бадбахтиву нобасомониҳои ба сари мардуми Тоҷикистон омадаро наметавон бо ягон хел маблағ ҷуброн намуд. Мо метавонем андешамандона аз таърихи талхи худ сабақҳо гирифта, ояндаи дурахшони фарзандонамонро барпо намоем. «Инсон танҳо бо роҳи тарбия инсони ҳақиқӣ шуда метавонад». (И. Кант) Ӣмрӯз зарур аст, таълиму тарбияро аз оила оғоз намоем, зеро «Оила муҳити аввалинест, ки дар он инсон бояд накӯкорӣ карданро омӯзад». (В.А. Сухамлинский) Сипас онро дар боғча, марказҳои инкишофи кӯдакон, муассисаҳои таълимӣ, техникуму колеҷҳо, донишгоҳу донишкадаҳо дар корхонаву муассисаҳо, масҷиду қасрҳои фарҳанг, толору варзишгоҳҳо, хулас дар ҳама ҷо ва ҳамавақту доимӣ ҷонок намоем. Идеалогияи дурусти ҳамзистии осоиштаро дар мағз – мағзи кӯдакону наврасон, ҷавонону аҳли ҷомеа дуруст ҷой намуда, такя ба фарҳанги қадиму адабиёти ғанӣ намуда, истеъдоди азалиро инкишоф ва ғайрати адонашавандаи эҷодии миллатро ҳамеша дар ҳоли рушд нигоҳ дорем. Агар, тамоми сокинони ҷомеа, комилан дурусту бовиҷдонона паи ислоҳи камбудӣ ва пешравии ҷомеа гарданд, мо метавонем дар ҷомеа сулҳу салоҳи комил ва инкишофи ҳамаҷонибаи тамоми равандҳои ҷомеаро таъмин намоем. Дар ин росто зарурияти амиқи фаҳмиши инсонгароёна аз ҳама муҳим буда, дарки ҳаққоният ва воқеият дар баробари ҳамаи масоилҳои рӯзмарра дар мадди аввал меистад.
Воқеаҳои дар солҳои навадум рӯх дода аз хориҷи кишвар роҳандозӣ шуда мардуми ноогоҳу зудбовари моро бераҳа намуданд. Он замон бо ҳар роҳу восита намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои нав, роҳи иртиҷоиро пеш гирифта, зери шиорҳои мухталиф, аз қабили барои «фарҳанги аҷдодӣ» тамоили эронпарастиву бунёдгаронаи диниро авҷ гиронда, пояҳои сохтори сиёсии ҷумҳуриро дар ҳамон вақт давра ба давра суст ва фалаҷ менамуданд ва имрӯз низ ин раванд пардапӯшона бо роҳу василаҳои дигар кору амалиёт намудаистодаанд.
Дар раванди омодасозиву дигаргуниҳо ва бозсозии ҷомеа, ба майдон демократҳо ва исломиён омада, истифода аз барҷомониҳо, барномаҳои тарҳрезишудаи худро паи амал қарор доданд. Ба бадахтии миллати мо тамоми намояндагони собиқ Ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ моликияти меросмондаро тақсим ва азони худ менамуданд. Мо бошем ба даъвоҳои авомфиребонаи иддае аз «ватанхоҳон» гуш дода, «Мулки ғоратзадаро, ғорати дигар кардем, Сарварӣ хоставу сарбуриро сар кардем». (Л.Шералӣ)
12-декабри соли 1990 аз тарафи Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон қабул шудани қарор «Дар бораи Иттиҳодияҳои ҷамъиятии РСС Тоҷикистон» роҳи фарроху баромаданро аз фаолияти пинҳонӣ ба як қатор ҳизбу созмонҳо муҳайё намуд. Дар камтарин муддат Ҳизби демократии Тоҷикистон, Ҳизби наҳзати ислом, созмони «Лаъли Бадахшон» ва Қозиёти ҷумҳурӣ бо ташаббус ва дастгирии ҳамаҷонибаи хориҷиён «Ситоди наҷоти Ватан»-ро ташкил дода вазъро дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе мутташаниҷ сохта, заминаҳои ҷанги шаҳрвандиро ба миён оварданд. Руи кор омадани ҲНИТ, ки асогузорону маблағгузоранаш, мухлисону тарафдоронаш хориҷиён буданд, дар манотиқи вазъдоштаи бисёр муфиди ҳамонвақтаи Тоҷикистон барои наҳзатиён, аз назари коршиносон фаолиятро оғоз намуда, диққати ҳар чи бештари мардумони ноогаҳро ба худ ҷалб намуданд. Бе даъвати расмӣ, шаҳрдори Санкт-Петербург Анатолий Собчак ва академики соҳаи физикаи ядроӣ Евгений Велихов рӯзҳои 6-9 октябри соли 1991 ба Душанбе омада вазъро дар баробари намояндагони Эрон ва Афғонистон як бора вазнину тоқатфарсо намуданд. Барканор намудани пайкараи В.И Ленин аз шаҳри Душанбе бо таври вандалона мавқеи сиёсиро дар қаламрави кишвар дигаргун намуд.
Баъд аз воқеаҳои фоҷеабори моҳи феврали соли 1990 ҲНИТ пурра аз пинҳонкорӣ баромада, мунтазам байни шаҳрвандон корҳои сиёсиро оғоз намуд. Оғоз аз моҳи майи соли 1992 муқобилистии думоҳаи майдонҳои Озодӣ ва Шаҳидон ба ҷанги бемаънии бародарон табдил ёфт. Иғвоҳои сиёсӣ, гаравгонгириҳои намояндагони мардумӣ, ноадолативу сиёҳкуниҳои беасос аз рӯи сенарияҳои пешакӣ бо дастур ва роҳандозии хоҷагон ба оғози задухӯрдҳо ва ҷанги шаҳрвандон асос гузошт. Дар кутоҳтарин муҳлат ҳазорҳо одамони бегуноҳ ҷони худро аз даст дода, садҳо ҳазор бехонумон гардиданд. Ин ҷанг зиёдтар аз 10 миллиард доллари амрикои ба хоҷагии халқ зарар расонид. Даҳсолаҳо раванди тараққиёти мамлакатро боз дошт. Сари муҳаррик ва ҷамбараки ин ҳаводису бадбахтиҳои таҳмилшуда киҳо истода буданду, имрӯз низ «ҷон» коҳонида истодаанд, ба ҳама маълум аст. Намояндагони ҲНИТ дар рафти ҷанги шаҳрвандӣ ҳамаи дастурҳои хоҷагони худро бе чуну чаро иҷро менамуданд, зеро маблағҳо ва имтиёзҳо онҳоро намегузоштанд, ки супоришҳоро иҷро накунанд. Ин ҷо бори дигар иброз медорам, ки ин намояндагон аз мактаби давлатсозии миллӣ огаҳӣ надошта бо назари танги сиёсиву идеалогӣ ва фикриву фарҳангӣ, мафкуравию ахлоқӣ, имрӯзу ояндаи худ ва атрофиёнашонро доғдору сиёҳ намудаанд.
Дод, сад дод аз ин хидмати фарзандии мо,
Оҳ, сад оҳ аз ин хешиву пайвандии мо, (Л. Шералӣ)
Барои гуреза кунонидани табақаҳои ҷомеа, пеш аз ҳама минтақаҳои даргири ҷануби мамлакат ин ҳизб кӯшишҳои зиёде намудааст. Аз руи маълумотҳои дақиқ намояндагони ҲНИТ дар байни одамон хусусан ноҳияҳои осебпазир ташвиқу тарғиби зидди ҳукуматӣ намуда, дар баъзе ҳолатҳо махсус одамони пешқадам, кормандони давлатӣ ва наздикони онҳоро бо таври махфӣ террор ва шиканҷа дода ин кирдорҳоро ба кормандон ва органҳои давлатӣ нисбат дода, ба ҳар роҳу восита ба дили онҳо тарсу ваҳм ва нобовариро зиёд намуда, ташвиқ менамуданд, ки аҳолӣ ҳар чи зиёдтар ба хоки Афғонистон гузаранд. Ин тадбир ду масъларо ҳал менамуд. Аввалан гурезагон ҳар чи зиёд шуданашон нобовариро нисбати Ҳукумати Тоҷикистон зиёд намуда аз тарафи дигар дар хориҷа мағзшӯии онҳо осон ва ҷалби онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро айни муддао буд. Аз тарафи дигар онҳо ният доштанд, ки аз ҳисоби мардуми водии Қаротегин ва Дарвоз баъдтар тарафдорони худро зиёд намуда, бо убур аз сарҳад, давлати исломиро дар Тоҷикистон барпо намоянд. Бино бар ин то рафтани гурезаҳои тоҷик дар ноҳияҳои Афғонистон лагерҳои махсус барои қабули шаҳрвандони тоҷик омода мегардиданд. Ин ҷо баръло эҳсос мегардад, ки хоҷагони хориҷа бо чи «заҳматҳову талошҳо, меҳрубониҳову чашмитизориҳо» барои мардуми гуреза шароит омода намудаву пешкаш кардаанд. Кормандони махсуси ҷабҳаҳои хориҷӣ ҷавононро аз байни тудаи гурезагон интихоб намуда барои «илмомӯзӣ» ба мадрасаҳои Афғонистон ва Эрон ирсол намудаанд. Дар мадрасаҳо ба таълими ҳарбӣ, аз ҷумла истифодаи яроқҳои ҳозиразамон, омӯзиши технологияи алоқаи махсус, ҳолатҳои корҳои диверсионӣ ва кори идеалогӣ дар мадди аввал меистод. Бо мурури замон шакли ҷалб тағир ёфта, роҳу василаҳои он вобаста ба шабакаҳои интернет тағйир ёфтаистодааст. Барои «беҳтаринҳо» имтиёзҳои гуногун, маблағҳои пулӣ, планшет, кампютерҳои моделҳои охир, сару либос ва дигар шароитҳо муҳайё гардонида мешуд. Ба «толибилм»-они муҳоҷир ва даъватшудагон чунон муносибат менамуданд, ки онҳо роҳи дигари ивазнамудани мафкурра ва интихоби дигар чизро надоштанд. Баъди хатм онҳо ба воситаи намояндагони худ, тамос пайдо менамоянд ва чун занҷири пайваста ҳар нафар «аъзо» бояд панҷ нафар аъзои ҷадидро ба ин гуруҳҳо шомил созад. Он ҷо мағзшӯии «толибилмон» оғоз шуда, барои даҳсолаҳо идеологҳои худро омода намудан яке аз вазифаҳои ниҳоии ин ҳизб ба ҳисоб меравад, ки ба зарари инсонҳо дар ин ҷода мувафақ низ шудаанд.
Тули солҳои сипаришуда мардумони шарафмади кишвари азиз, пурра дарк намуданд, ки мо ба муҳимтарин дастоварди башарӣ – сулҳу суббот ва амнияту ваҳдат бо заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон расидем, ба қуллаи мурод. Дар ин кори сангину мушкилтарин тамоми мардуми кишвар дар паҳлуи Сарвари давлат истода, талош ва кушиш намуданд, ки бародарон ба ҳам оянд. Имрӯз мо бо эҳсоси баланди Ватанхоҳӣ бояд сарҷамъона ин дастоварду музаффариятҳои хешро чун гаҳвараки чашм дифоъ намем. Набояд халқи азизи кишвар ба дасисаву суханбозиҳои наҳзатиён гӯш диҳанд. Зеро «кур як маротиба асояшро гум мекунад», дубора гум кардани асо, маънии ба фано расиданро дорад.
Меоем ба қисмати нигоштаҳои «Пайвандони Ҳайдар Қосимов: «Қатли Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ ҳалқае дар занҷири кушторҳои чеҳраҳои саршинос аз ҷониби наҳзатиҳост». Иборзи он, ки «пайвандон ва дӯстони Қаҳрамони СССР аз Тоҷикистон Ҳайдар Қосимов, иддао доранд, ки ҳодисаи қатли ваҳшиёнаи ӯ ҳалқае аз занҷири кушторҳои силсилавии чеҳраҳои саршиноси тоҷик аз ҷониби ҲНИТ дар солҳои 90-уми асри гузашта аст. Онҳо мегуянд, ки Ҳайдар Қосимовро низ дар қатори Сафаралӣ Кенҷаев, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Муҳиддин Олимпур, Минҳоҷ Ғуломов, Исҳоқӣ ва дигар ходимони маъруфи давлатию ҷамъиятӣ афроди дастнишинони ҲНИТ ба хотири ангеза додани ҷонибҳои даргир ва ба шӯр овардани мардуми осоишта ба қатл расониданд.»
Айни ҳол ёдам давраҳои мактабхониро саҳифагардонӣ намуда омӯзиши таърихи давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ пеши чашмам ҳувайдост. Солҳои ҳафтодуми асри гузашта, давраи рушду тараққии давлати овозадори СССР буд. Дар мактабҳо, хар як синф бо номи (отряд) шахсони бузург, аз ҷумла бо номи Қаҳрамонҳои СССР номгузорӣ шуда будаанд. Номи Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Ҳайдар Қосимов мансуби синфи мо буд. Дар вақти линейкаҳои тантанавӣ ҳолати (рапорт) муаррифии отрядҳо бо завқ ва фахр сардори отряд бо овози баланд : «отряди ба номи (мо ҳама якҷоя) Ҳайдар Косимов гуён, баланд садо менамудем…,
Мехостам иқтибоси дигарро аз китоби «Таърихи РСС Тоҷикистон», нашриёти «Маориф», 1986 саҳ 102 манзури хонандагон гардонам: «Дар ҷангҳо баҳри Днепр ҷанговари миномиётчӣ Ҳайдар Қосимов корнамоии далерона нишон дод. Дар айни авҷи аз дарё гузаштан вай командири захмдоршударо иваз намуда, ҷанговарон, хӯрокворию аслиҳаро бо маҳорат ба соҳил гузаронда, ба душман оташ кушод. Гитлерчиён қарор доданд, ки бо кадом роҳе набошад, платсдармро нобуд кунанд. Ба гурӯҳи аскарони мо артиллерия ва авиатсияи душман паси ҳам зарба мезад.Ҷанговарони советӣ ҷасурона ва суботкорона худро муҳофизат менамуданд, вале сафи онҳо кам мешуд. Ҳайдар Қосимов ба муқобили душмани сершумор танҳо монд, бо гранатаҳо душманро зада мегардонд. Ниҳоят худаш маҷрӯҳ шуд. Дере нагузашта ёрӣ расид. Платсдарм дар дасти аскарони мо монд. Моҳи сентябри соли 1943 ба Ҳайдар Косимов номи Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ дода шуд».
Мақсад аз овардани иқтибоси мазкур аз он иборат аст, ки Ҳайдар Қосимов дар баробари дусад ҳазор фиристодагони мардуми Тоҷикистон далериву қаҳрамонӣ нишон дода, соҳиби номи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ гардидаст ва ин шарафмандӣ ва ифтихори тамоми мардуми Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Дар баробари Ҳайдар Косимов 54 нафара Тоҷикистониён ба ин унвони пуршараф ноил гаштаанд, ки аз ин шумора танҳо 14 нафарашонро тоҷикон ташкил медоданд. Аз шумораи умумии ҷанговарони тоҷикистонӣ зиёда аз 59 ҳазорашон дар муҳорибаҳои шадид ҷони худро аз даст додаанд. Он давраҳои мудҳиш низ мутаалиқ ба таърихи мост. Мо ҳуқуқи маънавӣ надорем, ки нисбати гузаштагонамон носипосӣ намуда, ҳама чизро инкор намоем.
Дар сини 71-солагӣ аз дасти ҳаммиллатони худ ба таври ваҳшиёна куштани як нафар Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ хеле нангину ноҷавонмардист. Агар он нафарон заррае ифтихори милливу нангу номӯси Ватандорӣ медоштанд, ҳеҷ гоҳе ба ин ҷинояти разилона даст намезаданд. Ҳайфу сад ҳайф ки он замон қисмате аз ҳамватанони мо натанҳо ҳисси миллӣ надоштанд, инчунин бо иллати асосии ноогаҳӣ қарор доштан дар буҳронҳои сиёсиву фикрӣ, ахлоқӣ, мафкуравӣ ва фарҳангӣ, таъсиргузор ба ҳама самтҳои зиндагӣ ва фаолияти рузмара, дучори нокомиҳову бадбахтиҳо қарор гирифтем.
Лоиқ Шералӣ бо сад дарду ҳасрат, он лаҳзаҳо барҳақ иброз дошта буд;
Ману ту ё туву ман? Хуб, чӣ коре кардем?
Бо дили халқ чӣ сон гуфтугузоре кардем?
Чӣ навӣ дар бари ин кӯҳнадиёре кардем?
Ҳеҷ! Гулзори Ватанро чу мазоре кардем
Халқи ғафлатзадаро сахт ба танг овардем,
Аз сари роҳ варо бар сари ҷанг овардем
Чун ба ҳукми дигаронем, амон аз ману ту! .
Баски фарҳанг надорем, амон аз ману ту!
Олӣ мебуд агар имрӯз иддае аз ҳамватанони мо, ки зиёдтар аз хориҷи кишвар ҳангомаи Ватанхоҳӣ ва «обод»-ии кишвар менамоянд аз ҳукми хоҷагон берун шаванду рӯй ба адолату маърифат оварда, шукрона аз Ватани озоду соҳибихтиёр намоянд. Мо ҳамагон фаромӯш насозем, ки масъулият барои ободиву пешрафти Ватани аҷдодӣ бар дӯши ҳар кадоми мо қарор дорад. Агар мо дар ҳақиқат хоҳони пешравии Ватани азизамон – Тоҷикистон бошем, дар оянда ободу осудагӣ, ваҳдату амнияти комил, инкишоф, тараққӣ ва пешравии босуръти онро дидан хоҳем, имрӯз кинаву ғаразҳоро аз дилҳо дур намуда барои фарзандонамон шароит муҳайё намоем. Танҳо татбиқи пурра ва ҳамаҷонибаи вазифаҳои муҳими дар пеш истода ба мо имкон медиҳад, ки ҳамагон ба ҳадафҳои миллии хеш дар ҳама самтҳо ноил шавем.
ЮСУФИ АСРОРИЁН
ноҳияи Ёвон