ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ ХУРОСОН МУҲТАРАМ РАҲМАТУЛЛО САФАРЗОДА БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ 25-УМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Хабарҳо

Муҳтарам афсарону сарбозон!     Ҳозирини гиромӣ!

     Бисту панҷ сол боз муҳофизони Ватан, ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ва кулли мардуми кишвари азизамон ҳамасола рӯзи 23 февралро бо ҳисси ифтихор ва ҳуввияти ватандорӣ, бо дарки масъулияти бузург дар назди рӯҳи гузаштагони фарҳангпарвару тамаддунофар ва имрӯзиёну ояндагони ҷузъи ҷомеаи тараққихоҳи ҷаҳонӣ бо шукргузорӣ аз амри таърих ва сиёсати хирадмандонаи ояндасози давлату Ҳукумат бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил менамоянд.

     Таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷлосияи таърихиву сарнавиштсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаи ногусастанӣ дорад. Маҳз дар ҳамин иҷлосия Қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид ва заминаи қонунии ташкили Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро фароҳам овард, ки мо ҳар сол ин санаи таърихиро бо самимият ва шукӯҳи хоса қайд менамоем.

     Ба ин муносибат ҳамаи шумо, ҳозирини гиромӣ, афсарону сарбозон ва кормандони ҳифзи ҳуқуқро самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо дар ҷодаи ҳимояи амнияту оромии давлати соҳибистиқлоламон сиҳатмандиву хушбахтӣ ва сарбаландиву барори кор орзу менамоям.

     Ҳозирини арҷманд!

     Сарвари давлат Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбӣ вазифаҳои нав гузошта, таъмини амнияти кишвар ва ҳаёти осоиштаи ҷомеаро аз вазифаҳои аввалиндараҷа меҳисобад.  Бисту дуюми декабри соли 2017 зимни суханрониашон дар Паёми худ ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ёдовар шуданд, ки “Дар шароити мураккабу печидаи ҷаҳони муосир хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадоранд, ки барои ҳимояи марзу буми давлати соҳибистиқлоламон, ҳифзи суботи сиёсӣ ва қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ доим омода бошанд”.

     Давоми 25 сол ба зиммаи хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат иҷрои вазифаҳое гузошта шуда буданд, ки ба тақдири миллат ва ҳифзи истиқлолият пайванди мустақим доштанд. Хушбахтона, афсарону сарбозони шуҷои тоҷик ин рисолати бузургро содиқона анҷом дода, дар амалӣ намудани ҳадафҳои давлату миллат саҳми босазо гузоштанд.

     Ташкил ва таъмини тавоноии Артиши миллӣ яке аз комёбиҳои бузурги Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Ҳифзи истиқлолият, ҳар лаҳза омода будан ба ҳимояи марзу буми Ватан, посдории сулҳ, тинҷию оромӣ, осмони беғубори Ватан, роҳ надодан ба ҳар гуна бадхоҳӣ ба мисли терроризм, экстремизми сиёсӣ, динӣ ва дигар бадхоҳиҳо вазифаи муқаддаси Артиши миллӣ аст. Артиш мактаби мардонагӣ, камолот ва омӯзиши касбу ҳунар буда, осоишу оромии халқу  Ватан ба ҳамин хизмати содиқона вобастагии ногусастанӣ дорад.

     Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, ки: “Ҳифзи Ватан, хизмат дар сафи Артиши Миллӣ  қарзи виҷдон ва ҳаққи фарзандии ҳар як ҷавони диёр мебошад. Имрӯз, ки ҷумҳурии соҳибистиқлоламон дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қарор дорад, ғояи ватандустӣ муҳимтарин фишанги ҳаракатдиҳандаи пешрафт маҳсуб мешавад. Модар-Ватан бо ҳазорон орзую умед моро ба воя мерасонад, ки ҳангоми таҳдид кардани хатаре, пеш омадани бадбахтие аз як гиребон сар бароварда, бо дилу ҷон ва тамоми вуҷудамон онро ҳифз кунем, нагузорем, ки душман қадами номубораки хешро ба ин хоки муқаддас гузорад. Дар ин роҳ, агар зарур ояд, ҷон супорем”.

     Ватан фарзандони қаҳрамон, шаҳидони озодипарасти хешро ҳаргиз фаромӯш намекунад. Номи онҳо ҳамеша зиннатбахши дурахшонтарин саҳифаҳои таърихи халқамон мебошад. Қаҳрамониҳои Спитамен, Шерак, Муқаннаъ, Темурмалик, Восеъ ва бисёр дигарон ҳаргиз фаромӯш нахоҳад шуд.

     Ҳозирини арҷманд!

     Имрӯз ҷавонони зиёди ноҳия бо майли худ дар Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои низомии ҷумҳурӣ хизмат кардан мехоҳанд, зеро дар он ҷо тамоми шароит барои хизмат муҳайё аст. Ҳоло мардуми тоҷик дар симои Қувваҳои Мусаллаҳ ҳомию муҳофизи худро дида, рӯ ба бунёдкорию созандагӣ  овардааст.

     Мо ҳама дар назди халқу Ватан вазифадор ҳастем, ки сулҳи пойдор ва тамомияти арзиву якпорчагии Тоҷикистони азизро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем.  Зеро хизмат кардан ба Ватан шарафи бузург ва қарзи шаҳрвандии ҷавонони   бо нангу номуси миллат аст.

     Имрӯз ҳар яки мову шумо маҳз бо шарофати сарбозони Артиши миллии ҷумҳурӣ дар хоки Ватани худ бе ягон хавфу хатар, дар фазои осоишта кору зиндагӣ карда, кишвари озодамонро торафт ободу зебо мегардонем. Бо ифтихор иброз медорам, ки Қувваҳои Мусаллаҳи мо яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони истиқлолияти давлатӣ буда, вазифаҳои муқаддасу пуршарафи дар назди онҳо гузошташударо вобаста ба ҳифзи амнияту оромии давлат ва ҷомеа, пойдории аркони давлатдорӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи мардуми шарифи кишвар сарбаландона иҷро карда истодаанд.

     Ҳозирини гиромиқадр!

     Ҳимояи неъматҳои муқаддасу бузургтарин – озодиву истиқлолият ва манфиатҳои милливу давлатӣ вазифаи муҳими ҳар як фарди бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар ва худшиносу худогоҳ, дар навбати аввал, хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад.

     Дар ин раванд фаромӯш набояд кард, ки таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризм ва экстремизм сарҳад надоранд.

     Мубориза бо ин вабои аср на танҳо вазифаи давлат, балки вазифаи муҳими ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад, зеро он на фақат ба давлат ва асосҳои конститутсионии он, балки ба рӯзгори ободу осуда, ба тарзи зиндагии ҳар як шахс ва аҳли оилаи ӯ таҳдид мекунад.

     Чуноне  ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар Паёми навбатии худ қайд намуданд: “Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад».

     Вобаста ба ин, имрӯз дар назди ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои мубориза бар зидди ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ, қочоқ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ  вазифаҳои басо душвору масъулиятнок гузошта шудаанд.

     Ҳар як ҳомии марзу буми Ватан бояд дар хотир дошта бошад, ки фарзандони далеру шуҷои аҷдоди шарафманди мо дар ҳама давру замонҳо бо ҷасорату матонат ва эҳсоси баланди ватандӯстиву адолатхоҳӣ шаъну эътибори миллати худро ҳифз намудаанд.

     Ҳомиёни шуҷои Ватан!

     Бори дигар ҳамаи шуморо ба ифтихори 25 – солагии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо дар адои хизмати софдилонаву садоқатмандона ва иҷрои вазифаю уҳдадориҳои ҳарбӣ тандурустиву пирӯзӣ, сарбаландӣ ва рӯҳи матину иродаи қавӣ орзу менамоям.

     Бигзор дар сарзамини соҳибистиқлоли мо сулҳу амонӣ ҳамеша пойдор бошад ва мо тамоми саъю кӯшиши худро ба он равона намоем, ки ин неъмати бебаҳо ба хотири ояндаи неки кишварамон устувору ҷовидонӣ боқӣ монад.

     Ҳамеша сиҳатманду сарбаланд ва комёб бошед, ҳомиёни содиқи Ватан!

     Ҷашни таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ муборак , ҳамдиёрони азиз!