(Мусоҳибаи мухбири мо бо собиқ раиси бахши ноҳиявии ҲНИТ дар ноҳияи А.Ҷомӣ Талбак Рустамов, ки аз хориҷи кишвар ба Ватан баргашт)
Акои Талбак, бозгашти Шуморо табрик мегӯям. Ба фикрам пеш аз ҳама зану фарзандон аз бозгашти Шумо хурсанданд…
– Пеш аз ҳама, худам хурсандам. Фироқ аз оила, машаққати зиёд, рӯзи сахт, дандонҳои рехта, мӯйи сар ва риши сафедгашта, гирифторӣ ба дарди гурдаву ҷигар, набзи нобаробари қалб, ҳазорон пушаймонӣ ва маризиҳои дигар…, чизе, ки аз ҲНИТ ба ман «мерос» монд.
Чаро ин «мерос»-ҳоро моли ҲНИТ мешуморед?
– ҲНИТ на танҳо ҷисму рӯҳи ман, балки умеду ниятҳои садҳо нафари дигарро шикаставу барбод дод. Садҳо пиру ҷавони тоҷикро раҳгум, рӯзгори садҳо нафари дигарро тираву хира кард. Мардумро то ҳол сарсону саргардон намуда, ба мулки бегонаҳо кашида истодаанд. Боқӣ аъзоёнаш, ки бо макру фиреби «доҳӣ»-ёни ҲНИТ аз қаламрави кишвар берун рафтаанд, то ҳол зери фишор ва таъсири рӯҳии мубаллиғони фурӯхташудаи ин ҳизб қарор доранд.
Фурӯхташуда мегӯед? Ба кӣ фурӯхта шудаанд? Далел доред?
– Садҳо далел дорам. Вақти дар Федератсияи Русия қарор доштанам, қавл дода будам, ки аз саҳни сиёсат пурра дур мешавам. Ҳамин тавр ҳам кардам. Ҳатто номи ҲНИТ-ро шунидан намехостам, куҷо монад ба «амри маъруф»-ҳои Кабириву дигару дигараш…. Лекин нафароне пайдо гаштанд, ки моро дар ғарибӣ ҳам кофтанду ёфтанд ва талаб карданд, ки ба ҳар як кори Ҳукумат вокуниши сарду муқовимати солим нишон диҳем. Натарсем, зеро моро кишвари бузурги ҳамзабон ҳимоят мекунад. Аксарият собиқ аъзоёни наҳзатро, ки мешинохтам, ба онҳо мегуфтанд «мо ҳам аз худат, ҳам аз кишвари бузургат безорем. Дигар ба мо кордор нашавед». Шахсан худам дубора бовар ҳосил кардам, ки ҶИЭ ба фаъолияти ҲНИТ манфиатдору маблағгузор будааст.
Чаро дубора?
– Шарҳ медиҳам. Ёд дорам, солҳои 1997-1998 тибқи кадом «шартнома»-е ҷавонони тоҷикро барои таҳсили илми динӣ ба ҶИЭ даъват мекарданд. Аммо аъзоёни ҲНИТ аз имтиёзҳои фарохтар бархурдор буданд. Аз ин фурсату имконият ман низ истифода бурда, соли 1999 бародарам Рустамов Шамсулло Зуҳуровичро барои гирифтани таълимоти динӣ ба он ҷо фиристодам. Шамсулло, ки зеҳни хуб дошт ва зирак буд, дар яке аз мадрасаҳои шаҳри Теҳрон ба таҳсил қабул шуд. Тобистони соли 2000-ум ӯ дар таътили тобистона ба хона омад. Дар муддати як сол рафтору гуфтор ва хислаташ ба куллӣ дигар гашта буд. Кӯшиш мекард бо нармиву оромӣ ва хушгуфтории хос чизеро аз доираи рукнҳои Шариат ба мо, ба аҳли хонавода бифаҳмонад. Хостам имтиҳонаш кунам, ки то кадом дараҷа арзишҳои диниро аз худ кардааст. Аз 2-3 ҷумлаю калимаҳояш аллакай дарк кардам, ки ӯро ба мазҳаби барои тоҷикон бегона моил кардаанд. Ба зеҳну тафаккураш ончунон таъсир расонидаанд, ки мазҳаби аҷдодии худро инкор мекард. Баъди ин тасмим гирифтам, ки ба ҳар баҳонае ӯро аз рафтан ба Эрон боздорам.
Садди роҳаш шудан тавонистед?
– Бале, лекин ба сад душворӣ. Шиносномаашро пинҳон кардам. Таблиғоти мазҳабӣ ончунон ба тафаккураш таъсир расонида буд, ки ба бемории рӯҳӣ гирифтор шуд. То ин замон ӯро муолиҷа мекунем. Ва хуб ҳам шуд. Бемори рӯҳӣ будан хеле беҳтар аст аз мазҳабфурӯш гаштан.
Хуб, мегузарем, ба фаъолияти сиёсии Шумо. Кай ба он шурӯъ карда будед?
– Баъд аз истиқрори сулҳ банда ба фаъолияти ҳизбӣ шурӯъ кардам, яъне аъзои ҲНИТ шуда будам. Маълумоти олӣ ва ихтисосе ҳам надоштам. Мактаби миёнаро ба зӯр хатм кардам. Саводи кофии дунявӣ надоштам, каму беш аз оятҳои Қуръон бархурдор будам. Маънии онро ҳам дуруст дарк намекардам, зеро забони арабиро намедонистам. Арабиро, ки надонӣ, Қуръонро танҳо қориазёд мекуниву халос. Маҳз «қориазёд» шудани Қуръон, надонистани ҷавҳари аслӣ ва маънии он сабаби бадбахтиҳо мегардад.
Сараввал аъзои қаторӣ будам, баъдтар яке аз фаъолони ҳизб шудам. Тадриҷан маро ба ҳайси раиси бахши ноҳиявии ҲНИТ дар н.А.Ҷомӣ таъин карданд. Ҳарчанд дарк мекардам, ки ҳизб дар пешрафти ҷомеа ягон саҳме надорад, асоси оинномааш танҳо аз тезисҳои маънавию динӣ иборат аст, новобаста аз ин, бо амру супоришҳои роҳбарияти ҳизб ҳамагонро ба аъзогӣ ҷалб мекардем. Ин кор ба душворӣ ба даст меомад.
То соли 2015-ум, замони баргузории интихоботи парлумонӣ, ҲНИТ аллакай худро чандин маротиба бадном карда буд. Ошӯби Мирзо-Ҷага дар ноҳияи Тавилдара, қатли беш аз 30 сарбози қаторӣ аз тарафи гурӯҳҳои силоҳбадасти Али Бедакиву мулло Абдулло дар дараи Камарови Рашт ва ғайра. Ин ҷиноятҳо корҳои ташвиқотии моро дар байни мардум хеле душвор месохтанд. Маҷбур мешудем, ки дар омориҳои худ изофанависӣ кунем. Яъне, теъдоди аъзоёни худро бардурӯғ зиёд нишон диҳем. Роҳбаронамон дар марказ низ ҳаминро мехостанд ва тақозо мекарданд.
Мардум аз ин амали Шумо огоҳ набуд?
– Не, огоҳ набуданд. Вақте, ки фаҳмиданд, қариб ришамро меканданд. Ёд дорам, тахминан 10-15 нафар занони нохия маро дар назди бинои Ҳукумат боздоштанду кадомаш аз ришам гирифта, ҳақорат дод, ки «чаро маро ба рӯйхати аъзоёни ҲНИТ навиштаӣ?». Дигар занон низ ба ӯ ҳамроҳ шуда хеле таҳқиру тавҳинам карданд. Зеро дар ҳақиқат онҳо хабар надоштанду ман онҳоро ҳамчун узви ҲНИТ номнавис карда будам. Корҳои таблиғотии мо бо мушкилоти зиёд мувоҷеҳ мешуд. Мо бояд натиҷаҳои фаъолияти ҲНИТ-ро дар 10-15 соли охир нишон медодем. Лекин чиро нишон дода метавонистем? Ягон натиҷаи назаррас надоштем. Маблағе ки аз хориҷа меомад дар ҷайби роҳбаронамон медаромад. На роҳе сохта будему на мактабе, не купрукею не корхонае. Оё бо «амри маъруф»-у фатвоҳои дурӯғин метавонӣ ҳоҷати мардумро бароварда мешавад? Ҳамин буд ки охири корамон шармандагӣ буд.
Дар ин росто, боз кадом омилҳо кори Шуморо мушкил месохтанд?
– Ба фисқу фасод даст задани фаъолон ва роҳбарони наҳзат. Баъзе аз нафарони воломақоми ҲНИТ ба амалҳои зишт, аз қабили айшпарастӣ, зиною ҳамҷинсгароӣ (манзурам роҳбарони ҲНИТ дар ноҳияҳои Турсунзодаву Восеъ мебошанд), ҷодугарӣ ва моил намудани занону духтарон ба ҳамхобагӣ даст заданд, ки ҳамаи он дастраси мардум гашт. Баъзеҳо, аз ҷумла худам, тахмин мезадем, ки ин кори мақомот аст ва барои бадном кардани ҲНИТ анҷом додаанд. Аммо ба тадриҷ ҳама боварӣ ҳосил кард, ки агар чунин набошад, сабтҳо аз куҷо пайдо шуданд? Ин айбй шармандагӣ буд? Вале роҳбарони ҲНИТ ба ҷои тарбия ва боздории аъзоён аз чунин амалҳои нангин, онҳоро баръакс ҳимоя мекарданд, зеро худашон чунин амалҳои кассифро анҷом медоданд. Ҳамаи ин як далели муътамаде буд, нафрат ва бадбинии мардумро нисбати мо зиёд карда буд. Ин буд, ки дар интихоботи моҳи марти соли 2015, ҲНИТ дар ноҳияи А.Ҷомӣ як овоз ҳам нагирифт.
Шумо сабабҳои мағлубияти ҲНИТ-ро боз дар чӣ мебинед?
– Як ҳақиқатро бояд қайд намоям, ки наздик ба 80 фоизи аъзоён дар арафа ва баъди баргузории интихоботи парлумонӣ дилашон аз Кабириву ХНИТ монда буд. Худ шоҳид будам, ки туда-туда аъзоёнамон рӯзи интихобот бар зидди ҲНИТ овоз доданд. Зеро ҳизб бадном гашта буд.
Аксари наҳзатиён аз ибтидо медонистанд, ки роҳи нодурустро интихоб кардаанд, оқибати кор ба хайр нест, аз он бӯи хун, бӯи сӯхтор, бӯи даҳшат меояд. Лек худро ба кадом як боварии ботиле мутақоид месохтем, ки «бояд ҳамааш хуб шавад». Ҳазор афсӯс, ки оби рехта дубора ҷамъ намешавад.
Фикр мекунам аз карда сахт пушаймонед?
– Дар урфият мегӯянд «вақт – довари адолатпеша» аст. Дар ҳақиқат, муддате, ки паси сар шуд, пардаро аз рӯи фиребу найранг бардошт, ҳақро ба ҳақдор расонид. Мани фиребхӯрда, хатои дар гузашта содир кардаи худро дарк кардам, шабҳои дароз худро сарзаниш мекунам. Зеро ман низ замоне дар қатори он бехирадону бешарафон, ки теша бар решаи худ мезаданд, ба ташвиқу тарғиби ақидаҳои ифротгароӣ, исломи радикалӣ ва табдили ҷомеаи исломӣ саъйу кӯшиш намуда будам. Мо мухолифин, ки дар майдони «Озодӣ» шӯру балво бардошта, бо ҳайкали Ленин ҷанг мекардем, гоҳе аз ҳамдигар мепурсидем, ки мақсади мо чист, боз чи хел шиорпартоӣ кунем, номи киро гирем, киро ба истеъфо равон кунем. 90 фоизи митингчиён, ки ҳама ришдору мӯйсафедон будем, асли воқеаро намедонистем. Подаеро мемондем, ки чӯпон куҷое, ки пеш мекард, ҳамон тараф мерафтем, намедонистем, ки чӣ мехоҳем?! Худо моро гумроҳ карда буд.
Баъди митингҳо чӣ нақша доштед?
– Баъди чаппа кардани ҳайкали Ленин, ба хона баргашта будам. Вазъ дар ҷумҳурӣ батадриҷ мураккаб гашта истода буд, мубаллиғони ҷанг амр дода буданд, ки «аз роҳи худ барнамегардем». Лекин ин чи роҳ буд, чи тадбир буд, чи нақшаи сархӯре буд, намедонистем.
Соли 1992 оғоз ёфт. Фасли баҳор, марди деҳқон бояд миён баставу ба замин зироат мепошид. Аммо боз ҳамон мубаллиғони ҲНИТ пайдо шуданду деҳқонони асил ва марди кӯҳистонии содаи тоҷикро бо сад ҳазор фиребу найранг ва дасиса боз ба майдонҳои пойтахт кашиданд, хаймаҳо устувор намуданд.
Наход касе пайдо нашуд, ки Шуморо аз хатар ҳушдор диҳед?
– Домулло Ҳикматуллои тоҷикободӣ бо бародари марҳумаш, ки аз найранги наҳзатиён огоҳ буданд, ҳамагонро ҳушдор месохтанд, ки «ин роҳ роҳи шайтон аст, баргардед. Ба амнияти мардум халал ворид накунед, ки оқибати ногувор дорад, ин кори Шумо ба Ислом рабте надорад». Барои чунин даъваташ баъзе ҷоҳилони наҳзатӣ омода буданд, ки ӯро бикушанд.
Баъде, ки ҷониби ҲНИТ аввалин шуда, хуни ноҳақи Муродулло Шерализода – сармуҳарири рӯзномаи «Садои мардум» рехта шуд, чандин нафари дигарро дар ноҳияи Рудакӣ, сокинони баъзе маҳалаҳои ноҳияи Вахшро ба таври ваҳшиёна ба қатл расонида шуданд ва оташи ҷанги бародаркуш аланга гирифт. Ҳамаи ин даъвату митингбозиҳо ба чӣ анҷомид, ҳама медонанд. Иқтисодиёти Тоҷикистон даҳсолаҳо ба таназзул рафт, даҳҳо ҳазор кушта шуданд, беш аз миллион нафар бе хонаву дар, фирорӣ ва сарсону саргардон шуданд…
Тааҷчубовар он буд, ки роҳбарони наҳзатӣ худро гунаҳкор намеҳисобиданд, «тақдир»-у «навиштаи пешонӣ»-ро пеш меоварданду меоранд. Яъне кардаҳои худро бори тақдир мекунанду кори шайтон.
Шумо низ номзадиятонро дар интихобот монда будед, ҳамин тавр не?
– Бале, дар ин интихобот номзадии ман низ ба ҳайси вакили мардумӣ аз ҷониби ҲНИТ гузошта шуда буд. Ман бо маълумоти миёна даъвои вакилӣ доштам. Гоҳе, дар танҳоӣ аз худ суол мекардам, модоме, ки ҲНИТ ман барин номзадҳоро ба вакилӣ пешбарӣ мекунад, фардо чӣ мешуда бошад (инро мегӯяду ханда мекунад)?
Чӣ Шуморо маҷбур сохт, ки ба ин ваҷҳ изҳори ақида кунед?
– Метавонистам, мисли чандин нафари дигар ба лабам қулфи хамӯшӣ занаму сукутро ихтиёр кунам. Лекин натавонистам. Зеро баъд аз ин қадар носипосӣ ба Ватани худ, аъзоёни ҳизби наҳзат, ҳадди ақал ин дафъаву ин маротиба ношукрӣ накунем. Чуноне, ки мегӯянд «Каҷ шину рост гӯй!» Бо чашмони сар дидам, ки ҳеҷ манфиате аз ҲНИТ нест. Ин ҳизби сохташудаи хориҷа аст ва танҳову танҳо бадбахтӣ меорад.
Далели шиорпартоиҳои 5-6 нафар ҷавонони тоҷик дар давлатҳои Ғарб алайҳи Тоҷикистонро чи гуна шарҳ медиҳед?
– Шахсан амалу кирдори ин 2-3 раҳгумзадаро, ки бар ивази 2 пули пучак, дар даст шиору плакатҳо, дар кӯчаву пасткучаҳои Аврупо, мисли дарвеши ватангумкарда доду фиғон мекунанд, маҳкум мекунам. Кулли онҳо ягон муассисаи олӣ, ғайр аз мактаби миёнаву мадрасаро хатм накардаанд. Куҷо монад онҳоро ба сиёсат?
Айни ҳол бо чӣ кор машғулед?
– Ман, ки бо даъвати оилаву ёру дӯстонам баргаштам, тайи 3 моҳ мешавад, ки аз пайи ризқу рӯзиам, дар иҳотаи фарзандону аҳли байтам, рӯзгори хуберо паси сар карда истодам. Ягон фишореро эҳсос накардаам. Баръакс, атрофиён баргаштанамро ба назди оила бо фараҳмандӣ қабул карданд ва ҳар яке чун оину одати хуби тоҷикона ба аёдати ман омада истодаанд.
Хоҳиши Шумо ба дигарон чист?
– Замоне ман дӯсту ҳамнишини Кабирӣ ва дигар роҳбарони ҲНИТ будам, ӯро шахси сиёсатмадору дурандеш меҳисобидам. Лек, сад афсӯс, ки хато кардам. Имрӯз ӯ бо аҳли оилаи худ ба кайфу сафо машғул асту онҳое, ки фиребашон доду ба пайроҳаи ҷиноят телаашон дод, азияти виҷдону имон ва азоби зиндон мекашанд. Фарзандони ӯ дар кӯчаҳои Аврупо бо мошинҳои гаронарзиш мегарданду фарзандони инҳо бо мушкилиҳои зиёд рӯзгор гирифторанд. Бародарони азизу гиромии ман, дигар аз пайи ин «доҳии раҳгумзада» наравед, ҷониби миллати худ, Ватани худ, хонаву дари худ аз хориҷа санг напартоед. Ҳеҷ ҷои бегона барои мо Ватан, Тоҷикистон шуда наметавонад. Ба Ватани худ баргардед!
Ташаккур барои сӯҳбати самимӣ!
Аз нашрия: Рустамов Талбак Зухурович, санаи таваллудаш 13.02.1962, зодаи нохияи Хисор, истиқоматкунандаи деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Дустии ноҳияи А. Ҷомӣ, миллаташ тоҷик, маълумоташ миёна, собиқ раиси бахши ноҳиявии ҲНИТ дар ноҳияи А.Ҷомӣ, баъди интихоботи парлумонии соли 2015 ба Федератсияи Россия фирор карда, охири соли 2017 ба Ватан баргашт.
Хуршеди Зафар