“ОЗОДАНДЕШОН”-И ҒУЛОМ ВА “ДЕМУКРОСӢ”-И ХУНИН

Хабарҳо

     Ҳар инсони худогоҳу хештаншинос ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистон ин ақидаҳои дуруғини бадхоҳони миллат ва давлатро бинад, хомуш истоданаш аз рӯи виҷдон нест. Дар ин маврид шоири бузурги тоҷик Бедили Деҳлавӣ гуфтааст:

     Чашме, ки надорад назар ҳалқаи дом аст,

     Ҳар лаб, ки сухансанҷ набошад, лаби бом аст.

     Санаи 12 феврали соли 2018 дар шабакаҳои интернетӣ бо дидани баёнияи анҷумане бо ном «озодандешони тоҷик», ки аъзоаш аслан на озодандешанду на тоҷик, огоҳ гардида, дар зери он номи шахсиятҳои дар гузашта бо амалҳои ношоистаашон “машҳур” Алим Шерзамонов, Темур Варқӣ, Равшани Темуриён, Саидюнуси Истаравшанӣ ва ҳам Аюб Эгамовро дида, сари андешае омадам, ки иддаои ин ғамхорони «Тоҷикистони озод» идомаи мантиқии ҳамон андешаҳои муғризонаи «Гурӯҳи 24» ва ТЭТ ҲНИТ мебошанд.

     Ба ифодаи устоди сухан Абулқосим Лоҳутӣ: «Гург ин дафъа дар ҷомаи меш омадааст».

     Онҳо иддао доранд ва худро ҷамъе аз фаъолону донишмандон ва озодандешони тоҷик дониста, мақсади худро тақвияти “демукросӣ” медонанд. Ба ин миллатфурушону мазҳабфурушон мегӯем, ки ба мо “демукросӣ”-и охундҳои эронии шумо лозим нест. Дида истодаем, ки худашон чи гуна “демукросӣ” ҳастанд. Мо ҷонибдори ҳамин демократияе ҳастем, ки имрӯз давлатамон ободу мардумамон осуда аст.

     Дар ин маврид ҳар шахс аз диди воқеият ва адлу инсоф бояд дарк намояд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамаи дигар халқу миллатҳои маскуни он аз баракати сулҳу ваҳдат ба созандагиву ободонӣ машғуланд. Дар ин роҳ заҳматҳои мондагори фарзанди ҷонфидои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки халқ ӯро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат» эътироф кардааст, ба ҷаҳониён равшан намуддор аст.

     Кишвареро, ки бо дассисаву маблағи ғаразноки аҷнабиён шумо ҷонибдорони “демукросӣ” ба коми оташ кашида ва бародарро ташнаи хуни бародар гардонида будед, дар натиҷаи ҳамбастагии азму иродаи халқ бо роҳбарии Сарвари воқеъбину дурандеш ба ҳам омада, кинаро аз дилҳо дур кард, оромию суббот ва пешрафти кишварро таъмин намуд.

     Мо ҷавонони Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр ва рӯ ба тараққӣ муҳтоҷи ҳеҷ гуна маслиҳат ва «ғамхориҳои» хоиноне дар ниқоби “озодандеш” нестем.

     Марг ба шумо курдилон! Мо намегузорем шумо дигарбора рӯзи сиёҳи солҳои навадумро ба сари миллати тоҷик биёред!

 

Диловар ХОЛОВ, роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дарноҳияи Панҷ.