ИСЛОМ ИН СУЛҲУ ВАҲДАТ

Хабарҳо

     Ислом мусалмононро дар баробари ибодат намудан ба ҳаёти дунявӣ низ мукаллаф месозад ва дар кору ободонӣ, инчунин хизмат ба мардум ва ҷамоъат ташвиқ менамояд. Ҳамчуноне, ки Худованд дар сураи “Ҳуд” ояти 61 фармуд: “Ӯст, ки шуморо аз замин падид овардааст ва хост, ки ободаш гардонед”. Аз ин оят, маълум мешавад, ки кори дунё низ аз ҷумла обод кардани роҳ, пул, мактаб, беморхона неругоҳ ва ё шинондани дарахт, ободу зебо кардани ҷойҳои ҷаъмиятӣ ва дигар амалҳои монанди инҳо дар назди Ислом аризишҳои волое доранд. Дар ривоятҳои ҳазрати Алӣ (р) чунин омадааст, ки “Беҳтарини банда он аст, ки фоидааш ба ҷомеа мерасад”.

     Агар мо ба дастуроти Қуръон назар кунем метавон гуфт, ки маънии Қуръон ибодат барои Худо, хизмат ба халқи Худо мебошад. Ҳатто Худованд пайғамбарро фармудаанд: “Мо шуморо раҳмат барои аҳли олам офаридем”.

     Аз ин ояти дар боло зикр гардида чунин бармеояд, ки хидмат ба мардум, ваҳдат дар байни мардум, дӯстиву бародарӣ, тарбияи фарзанд дар руҳияи ватандорӣ, ҷалби ҷавонон ба хизмати ватан, ҳимояи манфиятҳои миллию давлатӣ ва ғайра мебошад. Вале мутаассифона имрӯзҳо гуруҳе аз номи муқаддаси Ислом истифода намуда, ҳизбу ҳаракатҳои терористиву экстирмистӣ ташкил намуда, ба хотири расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худ дар байни мардуми мусулмон кинаву парокандагӣ эҷод намуда инчунин тухми адовату нифоқ мекоранд, ки натиҷаашро ҳамарӯза дида истодаем.

     Боиси ифтихор аст, ки Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Созмони миллали мутаҳид ба самъи ҷаҳониён расонид, ки “терорист на дин, на мазҳаб ва на ватан дорад”.

     Дар кишвари мо низ ин гуруҳҳои ғаразҷу пайдо гардида, мехоҳанд оромии кишвари моро аз байн бибаранд. Аммо хушбахтона давлату ҳукумат ва мардуми бедордили Тоҷикистон бо пешвои ҳушёру оқил пеши роҳи ин падидаи номатлубро гирифтаанд. Мо бояд ҳамеша ҳушёру огоҳ бошем барои оромии ин сарзамини биҳиштосоямон дар атрофи Пешвои миллат ҷамъ омада сиёсати хирадмандонаи ӯро дастгири намоем.

     Қаламкаш бо қаламаш, сарбоз бо фидокориву хизматаш, пирону донишмандон бо хирадмандиашон ва уламои дин бо панду андарзашон ҳама бо ҳам барои ҳимоят аз ватани аҷдодиамон камари ҳиммат бандем то бар ояндагонамон дарс биомӯзонем ва бояд Исломи воқеиро, ки саршор аз сулҳу ваҳдат ва муҳаббат ба мардум аст биомӯзем. Исломи ҳақиқиро бишносем ва роҳи ҳаққу ботилро ҷудо карда тавонем. Онҳое, ки бо номи Ислом мардумро мефиребанд ва гуруҳҳои мардумро бо номи ҷиҳод ва мубориза ба ҷангу хунрезӣ мефиребанд бишносем ва маьлум намоем.

     Бояд бидонем, ки ҷиҳод мубориза бо нафс аст. Навъи дигари ҷиҳод ҳимоят аз марзу буми ватан, номуси ҳар шаҳрванди тоҷик аст, ҷиҳод истодагарӣ дар муқобили душмани ватан мебошад. Пас, мо ҷиҳоди дар Исломро нафақат бо тиру туфанг муаррифӣ намоем, балки дар муқобили ҳар падидаи номатлуб истодагариро навъе аз ҷиҳод гуфта тавонем.

     Маънии Ислом ин сулҳу ваҳдат, дӯстиву бародарӣ, инчунин таслим шудан ба авомири Илоҳӣ мебошад, ки Аллома Муҳаммад Иқбол чи хуб фармудааст:

     Фитрати муслим саропо шафқат аст,

     Дар ҷаҳон дасту забонаш раҳмат аст.

     Он, ки маҳтоб аз сарангушташ ду ним,

     Раҳмати ӯ ому ахлоқаш азим.

     Тибқи фармудаи Ислом бани одам аъзои як пайкаранд. Ҳамчуноне, ки ҳазрати пайғамбари Худо (с) дар ҳадисе фармудааст: «Муъминон дар дӯстӣ ва тараҳҳум бар якдигар чун аъзои як пайкаранд». Воқеъан Ислом арзишҳои ахлоқию маънавӣ дорад. Зеро оини муқаддаси Ислом динест, ки барои осудагиву амнияти башар мебошад ва ҳар як аъмоле, ки дар аснои ибодат сурат мегирад қалби инсонро ба шафқату муҳаббат, силаи раҳм доштан водор месозад. Агар инсоният ба чеҳраи воқеии поки Ислом назар кунад эҳсос мекунад, ки дар он дуруштиву ситам, таҷовузу ифрот ва дигар аъмоли зидди исонӣ вуҷуд надорад.

     Дар асл ҳамин аст, ки муъмини асил ҳамон аст, ки доимо рамзи сулҳу салоҳ ва муҳаббату бародарӣ дар дилаш ҷо бошад .

Имомомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи “Имом Ҳусейн”-и Ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон Холлов Маҳдӣ