Чанд рӯзе қабл тавассути хабаргузории сомонањои нањзатї аз ҷониби муаллифи гумном Сиддиқи Акбар роҷеъ ба як ҷузъиёти сафари давлатии Роњбари кишварамон ба Ҷопон маводи муғризона ва бадхоҳонае интишор дода шуд. Дар ин мавод рӯзноманигор бидуни эътибор ба муқаррароту меъёрҳои одоби рӯзноманигорӣ ва ҳатто бидуни риояи ҳадди одоби инсонӣ аз камоли баддиливу бадниятӣ иттилоотро оид ба садамаи як мошини корвон (кортеж)-и мошинҳои Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Токио куллан таҳриф дода онро хушхабар унвон додааст ва дар зимн гуфтааст, ки гӯё мардуми Тоҷикистон бо шунидани хабари ба садамаи фоҷеабор дучор шудани сарвари худ хушҳол шудаанд. Баъдан ин рӯзноманигор, ки бо интишори ин ахбори дурӯғу ғайриинсонии худ солимақл будани хешро зери суол бурдааст, бо камоли беадабӣ дар ҳаққи раҳбари кишвари мо носазо гуфта талош кардааст, ки нақши Пешворо дар ҷомеаи мо манфӣ арзёбӣ кунад. Аммо ин рӯзноманигори ҳарзагӯ, ки барои таҳқиру тавҳинаш нисбат ба Пешвою Қаҳрамони миллат ва Президенти кишвар ҳатман бояд муҷозот шавад, фаромӯш кардааст, ки Пешвои миллї будани Эмомалї Рањмон як мансаб ё як унвон нест, балки он як љойгоњ ва мақоми волоест, ки онро мардум ба раҳбари қаҳрамони хеш сазовор донистааст.
Ин хабарнигори бехабар аз ҳақиқати таърихи муосири тоҷикон бояд бидонад, ки маҳз Эмомалї Рањмон њамчун мубаллиғ ва пуштибони сулњу вањдати миллї дар он замони бисёр ҳассос ва мураккаби ҷанги шаҳрвандӣ давлатдории миллии тољиконро аз вартаи нобудї наљот дод, тамомияти арзии Тољикистонро њамчун давлати ягона њифз кард, аркони асосии сиёсї, идорї ва ќудратии давлатдории миллии моро барќарор намуд, миллати тољикро њамчун воњиди ягонаи сиёсию этнофарњангї эњё ва њифз кард, вањдати миллиро дар Тољикистон бунёд гузошт ва зерсохторњои зарурии онро барќарор намуд, сохти давлатї ва самти сиёсии давлатдории тољиконро дар замони муосир мушаххас кард, ба барќарор шудани соњањои асосии хољагии халќи мамлакат шароит фароњам овард, Тољикистонро њамчун давлати соњибистиќлол дар арсаи байналмилалї муаррифї намуд, мактаби давлатдории миллии муосири тољиконро њамчун омили кафолатдињандаи рушд, амну субот ва љовидонагии давлатдории мо бунёд гузошт ва фарњангу арзишњои миллї ва симои як силсила абармардони арсаи таъриху сиёсат ва фарњанги миллатро эњё карда ба ташаккули рўњияи ягонаи миллї ва таќвияти хештаншиносиву ватанпарастї заминаи устувор гузошт.
Ин хидматҳои Пешвои мо хидматҳои бисёр арзишманди таърихиест, ки онро миллати тоҷик ва таърихи миллати мо ҳамеша дар ёд хоҳад дошт. Ин нақши таърихиро ҳар хабарнигори бехабари ҳангомаҷӯ ва фурӯхташудаву хоин ҳаргиз наметавонад бо ҳарзагӯӣ ва ҳарфҳои пӯчи худ таҳриф кунад.
Хусрави Шерзод