УСУЛИ ФИРҚАГАРОӢ ДАР «КИМИЁИ САОДАТ» (ҲУШДОР БА НАМОЯНДАГОНИ ДИН)

Хабарҳо

Кури Саидюнуси Истаравшанӣ, масъули фирории сомонаи «Кимиёи саодат» дар ҷавоб ба олимони шинохта ва рӯҳонияти расмии Тоҷикистон, сангпартоии нораво дорад.

28-уми октябри соли 2018 дар саҳифаи «Кимиёи саодат» мақолаи «Уфули фирқагароӣ» мақолае чоп карда, бо иқтибос ба муҳаррири нашрияи «Атлантик»-Ҳасани Ҳасан, дар бораи таназзули фирқагароӣ ё ба истилоҳе ҷангҳои мазҳабӣ дар Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ ишораҳои сатҳӣ ва ҷоҳилонае доштааст.

Шоистаи зикр медонем, ки мавқеъгирӣ ва сарнавишти С.Истаравшанӣ дар тӯли 20 соли охир ба куллӣ хилофи он чизест, ки ӯ иддао дорад. Манбаъҳои иттилоотӣ аз Эрон мерасонад, ки Истаравшанӣ марбути ҳалқаҳои хатарноки фирқагароӣ гардидааст ва дар пойгоҳҳои ҳавзаи динии Қум ва Гургон ба гаравидани ҷавонони тоҷики муқими ин кишвари исломӣ саъю талошҳои беандоза мекунад. Ҳамин манбаъҳо хабар медиҳанд, ки парастиши мазҳаби асноашария дар чанд марҳила аз дастандаркорони «Кимиёи саодат» сурат мегирад:

Якум, шустушӯйи мағзии атфол ва кӯдаконе, ки волидайнашон бо ҳукми тақдир ва талаботи рӯзгор ба ин кишвар сафар кардаанд дар муҳити хонаводагӣ, муассисаҳои таълимӣ ва дар фазои бегонаи динӣ дар шаҳрҳои калидии ҶИЭ;

Дуюм, тарғиби мазҳаби номбурда бо нашри китоб, маҷалла ва пахши наворҳои видеоии дар лаҳзаи нахуст беғараз, вале дорои фишори тадриҷии зеҳнӣ;

Сеюм, С.Истаравшанӣ гардонандаи сомонаҳои зиёди мазҳабӣ мебошад, дар домени интернетии Эрон ва кишварҳои ҳамсоя онҳоро сабт кардааст ва рӯзвор бо дастаи «содиқу вафодораш» пуррӯёна фаровардаҳои мазҳаби шиаро ташвиқ ва тарғиб мекунад;

Чорум, Саидюнус пойро фаротар аз курпа гузошта, ба мазҳабкунонӣ ва тарбияи афрод дар рӯхияи охундпарастӣ дар маҳалли мушаххас ва дар ҳалқаи муайяни мардумӣ (ш.Истаравшан ва Бухоро) дастдарозӣ мекунад.

Панҷум, Шоҳидони ҳол мерасонанд, ки афроде ки ба кишварҳои шиамазҳаб сафар мекунанд аз теғи хатарофари таблиғоти Саидюнуси Истаравшанӣ дар амон нестанд. Ин шахс мусофирони тоҷикистониву ӯзбекистониро гурӯҳбандӣ карда, бо ҳар роҳу васила, таҳти таъсиррасонии мазҳабӣ қарор медиҳад. Бо тоҷирон бархӯрдаш аз ин қарор аст: ба онҳо дар мадди аввал таваҷҷуҳи молӣ мекунанд ва пешниҳоди шарикҳои ба ном боэътимоди тиҷоратиро пешкаш мешавад, рафтуомади доимӣ ва бемамониати онро таъмин менамоянд; ба олимон дар чопи китобҳо кӯмак кунанд; ба ҷавонон «дурнамо»-и хушояндро дар зеҳнашон ҳаккокӣ дар бораи ҷомеаи эронӣ ҳамчун ҷомеаи бебадилу ягона нақш мебанданд.

Ва ҳамаи ин тадбирҳои ғайриисломӣ як ҳадаф доранд ва он ҳам-тасвири ноби биҳиштӣ аз мазҳаби давлатии Эрон ва тарбияи насли вафодори охундҳо дар кишварҳои пасошӯравӣ.

Бинобар нағунҷидани далелҳои дигари мазҳабикунонии С.Истаравшанӣ дар ҷомеаи тоҷик, тафсири онҳоро ба даъфаи дигар ҳавола мекунем.

Дар фарҷоми сухан гуфтанием, ки С.Истаравшанӣ наметавонад улгу ва намоди боризи тоҷики ҳанафимадор бошад. Чӣ тавр ба худ иҷозат медиҳад, насиҳатгари афроди поку беолоиш бошад, он ҳам дар мавзӯи фирқагароиву мазҳабпарастӣ?!

Бурҳонов Аъзам, исломшинос.