ЭЪЛОН: МОТАМ ДАР ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМӢ

Хабарҳо

Вой ҳизбакаме, вой обрӯи дурӯғакаме, вой дирамакои барбодрафтаи хӯҷаинҳоме, эй вой 1 млн.200 ҳазор доллари фурурафта дар ошӯби ҳалимаке, эй вой ғарибие, во ғарибе, во ғариб…. (ҳамин хел 100 (сад) бор ғариб, бинобар сарфаҷӯии коғаз аз такрори ёвагӯйиҳои ин ҷунунӣ парҳез шуд).
Гуфтугӯ бо худ (наҳзатӣ бо шайтон, айнан оварда мешавад): Ин чи зиндагист, мо бадбахтҳои наҳзатӣ, аз ҳар фоҷиаи миллат, шод мешавем. Хоре ба пойи бузе халид 3 рӯз тӯй доштем. Қоматамон рост шуд, ки ӯ бузи наҳзатӣ нест. Бузҳои мо ҳушёр ва айёр, гурезпо.

Он рӯз мардаке аз хар афтида буд, як ҳафта дар «Паём.нет» васфи хар буд. Мардум ош хурд, «ошталошӣ» ном кардем, дарк накардем, ки сари дастархони мардуми серу пур наззора кардан аз рӯйи одоб нест, ба мо ғарибҳо намезебад. Ун рӯз шамол вазид дар Ҷуйбодом, чунон ҳангома кардем, ки бодаш аз Литва баромад. Ун рӯз ду занак хархаша карданд. Масъули расонаи наҳзат, онро сенсатсияи сатҳи минтақавӣ вонамуд кард. Ҳарчи ин миллатро хурсанд мекунад, дар гулуи мо устухон аст. Роғунро намегӯед. Маҷбурем 3 рӯз аз 16-уми ноябр сар карда, мотам эълон кунем. Фоҷиа аз ин бештар ва пештар намешавад.
Дарди дили наҳзатиҳоро дар поён меорам:

Марсия дар васфи ҳизбаки саргардони наҳзатӣ:

Аҷаб ҳизбаки хуб буд, қанду асал барин буд,
Долларҳои эронӣ дар ҷайбакош вофир буд.
Эй Вой аламои ҳизбмурӣ,
Ҳизб надошта бошӣ мемурӣ.

Ин дарди дилама ба ки бигум охир. Ғарибӣ кӯи сахт асте эй бародарое. Аҳа, аҳа, аҳа, аҳа (садои девонавори гиря аз сӯйи гӯшии телефони наҳзатӣ (ба гумони ғолиб Кабирӣ) аз Варшава меояд). Инак, онро барои хонанда ҳамчун ҳуҷҷати таърихӣ нарезонда ва начаконда меорем. Бошад ки хонанда худ қазоват кунад, ки бо кӣ ва чи гуна оппозитсия сару кор дорад:
Кабирӣ аз он сӯи гӯшӣ (ба сифати баёнот ҳуҷҷатгузорӣ шавад): Ҳарчанд бародарии дигар ҳам намондае… Ин сари овораамро куҷо бизанаме. Роғун сохта шуд эй ихвонҳову муҷоҳидон мефаҳмед, сарҳомонро дар сангҳо дигар бизанем, мо абадан бенавову гурезаву муҳоҷиру дарбадару мунофиқу муханнасу мушрику мулҳиду музтар мемонеме. Ин бадабахтти рӯзгора бине, дар 10 км Файзободи шамолакоша садқа, ин нерӯгоҳ қадам рост карде (ҳаракатҳои чархзании сӯфиёна шунида мешавад: Ё ҳу, ё манҳу, ё ҳу….. 50 бор).
Кабирӣ: Одама алам мекунад. Орзу доштем, ки саҳмияке ки ба мо ғарибо бирасад, ки нарасид. Дар кунҷи дилакам, мехостъм дар обанбори Роғун ғута бизанам, ки нашуд. Дар обҳои Оби Гарм ғусли таъмид бикунам, ки нашуд. Авратҳои зудбовара, ки ҳамааш ба зуди зуд аврупоимақом шуданд, сайру гашт бибарам, ки нашуд. Ҳазор ормонҳо ҳам ба гӯр рафт…. Ормони олиам- сохтани давлати исломӣ ва дар зери ин ниқоби динӣ, айшу ишрати давраи аморати манғитиро ба роҳ монданам, нашуд, ки нашуд. Нашуд, нашуд…нашуд…. Нашуд (садои РЭП-и лаҳистонӣ аз забони Муҳаммадтиллоҷон меояд: Пан Ка-би-рӣ есть здрава желава….Нашуд, нашуд пан ки пан нашуд).
Кабирӣ Акоша: Авратои гирои акаш Ҳу…..ву Ҳа…… ҳам чизро мебахшанд, бомж будани акои додоша Муҳиддинҷони қандро дар ғарибӣ ҳаргиз намепазиранде… Ана бадбахтӣ. Ана саргардонӣ.
Писари Кабирӣ бо тела додани падару амак ба суҳбат ҳамроҳ мешавад: Роҳ як тост, ки хонахез ҳама ба Афғонистончон биравем, ҳичрат мисли салафи солеҳамон дар солҳои 90, ҳазратаки ансорулло сад сола шавад, агар намурда бошад, дар ҳамон ҷост, ягон илоҷ мекарда бошад…
Эй мо шаб дуздӣ биравем, боз аз бадбахтии рӯзгора маҳтобшабай., ин ҳам нашуд.
Кабирӣ: Дупа дуруст. Ақалан аз вилояти Қундуз, шамоли Файзободҷона ламс мекарда бошем. Дуруст, қобили ламс ҳаст.
Эй вое, эй вое. Роғуне, Роғуне, Роғуне (100000 бор)…

ЭЪЛОНИ ФАВТӢ ба тамоми хоҳишмандон:

Намози ҷанозаи ҳизби наҳзати исломӣ АЗ СОАТИ 05:00 ТО СОАТИ 20:00 САНАИ 16-УМИ НОЯБР ДАР КУЧАИ Старый гради Варшава 41, гузаронида мешавад. Даромад ройгон аст.Хаёл накунед, ки эшону мулло ин ҷо иртишпарврӣ мекунанд. Барои нишон додани ухвати исломӣ, бародарони муллоҳои салафӣ, ки дар гирду атроф бисёр мехазанд, имоматии намозро ба уҳда доранд. Аз ин рӯз эътиборан 16-уми ноябр ҳар сол ҷашн гирифта мешавад.

Бинобар нигоҳ доштани лафзи муаллиф ва ҳолати рӯҳии ӯ, бо хоҳишаш матн бе таҳрир гузошта шудааст.

Раёсати олии ҲНИ