Ифтитоҳи Роғун – мотами ТТЭ ҲНИ

Хабарҳо

То ба кор даромадани чархаи аввали НБО Роғун лаҳзаҳои ба шумор мондааст. Воқеан барои миллати тоҷик ин воқеа фараҳбахшу беназир аст. Зеро он рамзу ифодагари тафаккури созанда ва қудрати нерӯи ақлонии инсон аст. Барои миллати пуршарафи тоҷик ифтихору хурсандии бепоён аст, ки ин сохтмони бузарги асрро бо иқтидори хеш ва бо роњбарии Пешвои худ мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳад.

Моҳияти аслии инсон созандагї ва офаринандагї аст. Дар сатҳи умумиятҳои иҷтимоӣ миллате, ки ба тафаккури созандагӣ мерасад воқеан миллати растагор аст. Зеро танҳо миллатҳои офаринанда дар ҷаҳони кунунӣ дорои мавқеъ, обрӯ ва асолат мебошанд. Нерӯгоҳи Роғун бо пурра ба анҷом расидани сохтмонаш ва ба чархиш омадани 6 агрегати он метавонад 600 МВт/соат ва дар 1 сол 17,1млрд килловат соат нерӯи барқ ҳосил кунад ва яке аз бузургтарин НБО-њои љањон хоњад буд. Ҳарчанд сохтмони НБО Роғун чандин сол пештар оѓоз гардида бошад ҳам, вале дар солҳои аввали истиќлолият бо сабаби ба миён омадани гурўњњои бадхоњи миллат, аз љумла ТТЭ ЊНИ дар ин раванд монеаҳо эҷод шуданд. Бо оғози ҷанги шаҳрвандии солҳои навадуми асри гузашта, ки ба дасти нањзатињо ва бо супориши хољањои хориљии онњо роҳандозӣ шуда буд, сохтмони ин иншооти муњим пурра ќатъ гардида буд.
Аммо миллати огоњи мо дар атрофи сиёсати бунёдкоронаю сулњовари Пешвои Миллат муттањид гардид ва кишварро ба масири созандагӣ ворид намуд. Аз аввали солҳои 2000- ум сар карда дар кишвар ҳазорон иншоотњои гуногуни саноатию энергетикї ва коммуникатсионї сохта тадриљан мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар натиљаи чунин фаъолияти ободкоронаи Њукумат ва мардуми шарифи кишварамон Тоҷикистон аз як кишвари ноорому бунбастӣ ба як давлати босубот рушдкунанда, ояндадор, энергетикию саноатї ва транзитӣ табдил ёфт. Дар солњои аввали баъди љанги шањрвандї Роњбарияти кишвар њамчун яке аз њадафњои муњими стратегї истиқлолияти энергетикии кишварро муайян карда буд, ки дар ин замина даҳҳо неругоҳҳои хурду бузург то имрӯз ба фаъолият оғоз намудаанд. Дар аввалин марҳилаи ба миён омадани субботи иҷтимоӣ, ки солҳои 2000 буд дубора шуруъ кардани сохтмони НБО Роғун њамчун авлавияти сиёсии Роҳбарияти кишвар қарор гирифт. Зеро таърихан миллати тоҷик, миллати соҳибтамаддун, бунёдкор ва офаранда аст. Ҳамин аст, ки бо офаридаҳои моддӣ ва зеҳниаш дар тули таърихи ҳазорсолаҳо дар баробари султаҳои бегона истодагарӣ намудааст ва худро аз нобудӣ маҳфуз доштааст. Ҳаминро ба инобат гирифта Пешвои миллат иродаи сиёсии хешро барои бунёди НБО Роғун дар миён гузоштанд ва имрўз пирўз нардиданд. Новобаста аз ҳама монеаҳо, ки бар зидди сохтмони ин НБО равона гардида буданд, Роҳбарияти сиёсӣ ва миллати созандаи тоҷик ба ин рўзи фируз расиданд. Имрӯз барои ҳамаи миллати тоҷик ҷашн аст. Рӯзи ифтихору сарбаландист. Сањифаи навест дар таърихи давлатдории мо. Зеро НБО Роѓун натанњо кишвари мо, балки тамоми минтаќаро ба сўи фатњу зафарњои нав ва тараќќию саодат мебарад.
Ҳарчанд душманони миллат, хусусан нањзатињо дар давоми ҳамаи ин солҳо ба табли бегонагон рақсиданд ва дастовардҳои муҳими замони истиқлолро нодида гирифтанду хостанд аз тоҷик миллати хурофазадю ҷоҳил, нодону террорист созанд, ба ҳадафҳои нопоку шуми хеш нарасиданд. Нањзатињо дар кишварамон љанги дохилиро роњандозї карданд, то Роѓунро насозем, аммо ба маќсад нарасиданд.
Имрўз њам фаъолони нањзатї дар хориља панањ бурда, бо воситаи расонањои ифротии хабарии худ, ба мисли “Паёмнет”, “Ахборком”, “Ислоњнет” ва ѓайра бар зидди манфиатњои миллии Тољикистон бо навиштањои иѓвоангезонаи худ муборизаи нољавонмардона мебаранд, кўшиш доранд, ки садди роњи тараќќиёти кишварамон шаванд. Вале боз ба ин њадафњои нопокашон нахоњанд расид.
Рўзњои наздик тамоми Тољикистон ва кишварњои дўст ифтитоњи фаъолияти НБО Роѓунро њамчун ҷашни бузург ва шодмонию сурур пешвоз мегиранд. Вале барои худбохтагони курдилу нотавонбини ТТЭ ҲНИ ва расонањои хабарии “Паёмнет”, “Ахборком”, “Ислоњнет” ва амсоли инњо имрӯз рӯзи мотам аст. Зеро ба кор даромадани НБО Роѓун ба миллати мо бахту рушної меорад, лекин нањзатињо бадбахтию торикию зулмотро мехоњанд.
Эњсони Илњом, коршинос