РИШЕНАК РАҚҚОСАЙ дар Австрия барои НБО «Роғун»

Хабарҳо

РИШЕНАК РАҚҚОСАЙ, рақси халқии рӯшонӣ мебошад. Ришенак рақкосай, рақси бешитоби хиромони дукасаи мардона буда, танҳо дар ноҳияи Рӯшон ва баъзе деҳаҳои Шуғнон иҷро мешавад. Дар нақши раққосон бахшида ба ҷашни НБО «Роғун»-Алим Шерзамонов ва Темур Варқӣ.

Дар доира-Шабнам Худойдодова, ҳамсари Стивчик Свердлов. Дар яккарақс Мавҷудахонум Соҳибназарова. Маст шав Бача, Аса. Резаш гир.
Раққосон дар масофаи якуним метр, рӯбарӯи ҳамдигар истода, дастонашонро афшонда, аз дараҷаи китф васеъ боло мебардоранд. Банди дастонро чарх занонда, пайкараи худро гоҳ ба пеш ва гоҳ ба қафо хам мекунанд. Агар яке ба тарафи рост гардад, дигаре ба тарафи чап рӯ меорад.
Пойҳо ҷафсанду ҳаракат намекунанд. Сипас ҳар яке дастҳояшро поин мефурорад, қомташро ба пеш хам мекунад (астағфрило) в аду се бор чарх меравад.
Баъд раққосон боз дар ҳамон масофа рӯ ба рӯ истода, дастонашонро дар ду барашон часпонда, қадамҳои хурд-хурд гузошта, мавзун гашта, пушт ба пушт мешаванд (астағфрулло).

Эй ёри мо баромаде,
Роғуни мо баромаде…

Раёсати пешини холии ҲНИ