Дар таърихи 16-уми ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Роғун бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва як қаттор меҳмони хориҷӣ ифтитоҳи чархаи нахустини нерӯгоҳи барқиии обии «Роғун» сурат мегирад.
Ба фаъолият оғоз намудани ин нерӯгоҳ Тоҷикистонро ба истиқлолияти комили энергетикӣ мерасонад. Ҳамагон хуб ёд дорем, ки дар таърихи дар таърихи 29-уми октябри соли 2016 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ савори булдозери вазнин аз соати 10-и субҳ то 11:30 расо якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро баста, ба бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки барои мардуми Тоҷикистон ҳаёту мамоташ аст, ҳусни оғоз бахшида буданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки бунёду барқарорсозии ин иншооти муҳиму стратегӣ барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу оянда хизмат мерасонад. Он барои рушди иқтисодиёт ва дар маҷмуъ барои пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад. Баъди ба истифода додани нерӯгоҳ имкон аст, ки дар кишвар даҳҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ифтитоҳ ва ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис ёбад. Имрӯз бошад ин суханони Пешвои миллат ҷомаи амал мепӯшад.
Нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар силсилаи неругоҳҳои руди Вахш аз боло нӯҳум буда, дар минтақаи 110 километр дуртар аз шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Неругоҳ аз 6 чарха иборат аст, ки қудрати ҳар кадом 600 мегаваттро ташкил медиҳад. Сарбанди нерӯгоҳи «Роғун» бо баландии 335 метр баландтарин садди заминӣ (гиливу сангӣ) дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт — соат) калонтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд, ки ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсолии нерӯгоҳи барқи обии «Норак» якуним баробар зиёд мебошад.
Инак нури Роғун ба хонадони ҳар як тоҷикистонӣ ворид шуда, барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ қадами ниҳоӣ гузошта мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати дурандешона ва башардӯстонаи худ барои мардуми кишвар ғамхорӣ менамоянд.
Аммо, дар ин замина ҳастанд гурӯҳу ҳизбҳое, ки ин ҳама пешравии кишварро намебинанд ё аниқтараш дидан намехоҳанд ва дидаву дониста даст ба хиёнату хиёнаткорӣ мезананд. Хиёнат ба миллат, хиёнат ба давлат, хиёнат ба дин, хиёнат ба худу оилаашон. Ғайр аз пулу мол, давлату сарват, мансабу вазифа дигаре чизе барояшон қадру манзалате надораду ҳамаи арзишҳои одаму одамгариро беарзиш медонанд.
Ҳадаф аз чунин суханҳо фаъолияти зидди сохти конститутсионии ҳизби фаъолияташ мамнӯи наҳзати исломӣ мебошад. Онҳо аз замони таъсисёбияшон то ба имрӯз танҳо гирди як ҳадаф давр мезананд. Он ҳам бошад аз байн бурдани сулҳу субот ва оромии кишвар мебошад.
Мувофиқи нақшаи наҳзатиҳо бояд Тоҷикистон мисли Суриву Ироқ, Украинаву дигар кишварҳо ба ҷанги шаҳрванди меғутиду хоҷагони наҳзатӣ тамоми ашёи хоми моро бурда, ба нафъи худ истифода мебурданд. Бо баҳонаи ташкили сохти исломӣ Тоҷикистони тоза аз ҷанги шаҳрвандӣ баромадаро дубора вориди он мешуд. Мисли Ироқу Сурия бо ташкили давлати исломие мусалмононро байни худ низоъ меандохтанд. Онҳоро ба наҳзативу ғайри наҳзатӣ қисмат мекарданду байни ҳам оташи низоъро равшан мекарданд. Вале, корашон дар дохили кишвар барор нагирифт. Акнун соли дуюм аст, ки дар хориҷи кишвар истода мубориза бурда истодаанд. Наҳзатиҳо бо кумаки хоҷагонашон сомонаҳои интернетӣ таъсис дода истода, ҳамарӯза мардумро алайҳи ҳукумат таҳрик доданист. Аммо ин ҳама «меҳнат»-ҳои наҳзатиҳову ёронаш натиҷа надод. Тоҷикистон пеш меравад, қадам ба қадам, зина ба зина. Ин ҳама пешравиҳо барои наҳзатиҳо мотам аст. Аз рашк, ҳасрат, адоват, ҳасудӣ мағз андар мағзашон месӯзад, оташ мегирад, бо худ мепечанд. Аммо чорае надоранд.
Сомонаҳои «Паём.нет», «Востокнюз», «Кимиёи саодат», «Озодандешон» ва дигарон, ки натиҷаи маҳсули «меҳнат»-и онҳо мебошад, имрӯзҳо мотам доранд. Мотам аз кушодашавии НБО «Роғун», аз даст ёфтани Тоҷикистон ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ, аз қадами бузурги Тоҷикистон ба сӯйи пешравӣ ва ободкорӣ.
Баҳром Қодиров