Ҳозирини муҳтарам!
Дӯстони гиромӣ!
Имрӯз миллати тоҷик ҳамчун миллати давлатдор, бунёдгар, тамаддунофар ва соҳибиқбол тантанаи фирӯзӣ дорад.
Мо имрӯз се ҷашнро таҷлил намуда истодаем, ки дар раванди инкишофи миллат ва давлат тағйироти куллӣ овардаанд.
Аз он ҷумла, 26-умин солгарди Иҷлосияи таърихии ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президент ва ба истифода додани агрегати аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун» аст, ки расидан ба имрӯзи саидро қудрати шахсияти бузурги таърихӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру ҳидоятҳои ҳадафмандонаи онҳо воқеӣ гардонидаанд.
Ҳозирини арҷманд!
Ҳодисаҳои нохуши солҳои 1992, баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷум-ҳурии Тоҷикистон, талошҳои доимии Пешвои миллат барои ба даст овардани Ваҳдати миллӣ ва рушди минбаъдаи мамлакат моро ҳушдор месозад, ки дар ҳифзи соҳиб-давлатӣ ҳушёру масъулият-шинос бошем.
Дар мисоли мактаби сарварии Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо баръало эҳсос намоем, ки маҳз фаъолияти мақсадноку ҳадаф-мандонаи сарвар қодир аст дар марҳилаҳои тақдирсози таърихӣ боиси наҷот ва таҳкиму рушди давлатҳои миллӣ гардад.
Дар ин замина таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун иди умумиллӣ бесабаб набуда, натиҷа ва нишонаи эътирофи умумихалқии ин шахсияти бузурги таърихӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Инак, соли сеюм аст, ки дар сар то сари кишвар Рӯзи Президент бо шукуҳу шаҳомат ва руҳбаландии махсус қайд карда мешавад.
Арҷ гузоштан ба таърих ва хизматҳои шоистаи фарзан-дони фарзонаи миллат василаи боэътимоди тарбияи худшиносӣ ва ифтихори миллӣ буда, насли ҷавонро барои шинохти арзишҳои муҳими давлатдорӣ роҳнамоӣ менамояд.
Имрӯз ҳамаи мо сидқан эътироф менамоем, ки мактаби ватандории Прези-денти мамлакат мактаби тарбияи насли худшиносу худогоҳ буда, баҳри роҳнамоӣ намудани ҷомеа нақши муҳим дорад.
Ҳозирини гиромӣ!
Дастовардҳои иҷтимоию иқтисодӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, мустаҳкам шудани мавқеи Тоҷикистони азиз дар арсаи байналмилалӣ натиҷаи татбиқи сиёсати дурандешонае мебошад, ки Пешвои муаззами миллат тайи ин солҳо амалӣ намуд.
Аз ҷумла, сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки орзуи деринаи миллати тоҷик мебошад, яке аз ташаббусҳои ҷавонмардонаи Пешвои миллат буда, ба кор даровардани аввалин чарха ё худ агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бешак, дар саҳфаҳои таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, мардуми кишварро бо дастовардҳои нав ба нави таърихӣ рӯ ба рӯ хоҳад сохт.
Мардуми шарифи Тоҷи-кистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳид аст, ки таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷи-кистон ба соҳаи гидро-энергетика ва бунёди иқтидорҳои нави энергетикӣ дар даврони истиқлол ҷиҳати некуаҳволии мардуми кишвар ва таҳкими мавқеи давлати соҳибистиқлоламон, на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар арсаи байналмилалӣ самараҳои нек ба бор оварда истодааст.
Натиҷаи ҳамин иқдомҳо буд, ки бори аввал зимистони солҳои 2017 – 2018 мардуми Тоҷикистон ва соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар бемаҳдудият бо неруи барқ таъмин гардиданд.
Агар ба таърихи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» рӯ оварем, сарнавишти онро бисёр печида ва саршор аз монеаҳои табиию сунъӣ меёбем.
Дар сарчашмаҳои таърихӣ санаи оғози корҳои омодагӣ ҷиҳати сохтмони ин неругоҳ, ки дар Осиёи Марказӣ беназир аст, 10-уми июли соли 1972 сабт гардидааст.
Дар ин рӯз сардори минтақаи сохтмонии Иттиҳодияи умумииттифоқии «Гидроспетсстрой» Борис Петрович Соболёв варақаи оғози корро пур кардааст.
Сохтмони неругоҳ расман соли 1976 оғоз гардида, то соли 1987 ҷараён дошт.
Аммо бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ сохтмони он мавқуф гузошта шуд ва танҳо баъд аз чандин соли соҳибистиқлолӣ ба мо муяссар шуд, ки бунёди неругоҳи Роғунро дубора эҳё намоем.
Агарчи иқдоми дубора бунёд намудани неругоҳ бо мухолифатҳои шадид рӯ ба рӯ шуд, вале бо дарки амиқи аҳамияти ин иншооти азими гидроэнергетикии аср ва дар натиҷаи фаъолияти шабона-рӯзиву дастаҷамъона бо роҳнамоии Пешвои миллат, инак 16-уми ноябри соли равон аввалин агрегати неругоҳ ба кор дароварда шуд.
Иқтидори лоиҳавии Неругоҳ 3600 МВт буда, он аз 6 агрегати 600 МВт иборат хоҳад буд.
Баландии сарбанди он 335 метр муайян шудааст, ки дар ҷаҳон ҳамто надорад.
Неругоҳ дар ҳолати пурра ба кор даромаданаш дар як сол метавонад 13,3 млрд. кВт/соат неруи барқ ҳосил намояд.
Ҳамагон шоҳид ҳастем, ки дар марҳилаҳои сохтмони неругоҳ Сарвари давлат чандин маротиба ба шаҳри Роғун сафари корӣ анҷом дода, аз рафти сохтмон дидан намуда, бо сохтмончиён суҳбатҳои самимӣ доир намуданд.
Ҳар сафари Пешвои миллат такони ҷиддие ба сохтмони ин неругоҳи пур-иқтидор гашт.
Хусусан, санаи 29-уми октябри соли 2016 барои мардуми тоҷик санаи таърихӣ ва фаромӯшнашаванда гардид – рӯзе, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан савори булдозер аз соати 10-и субҳ то 11:30 дақиқа, расо якуним соат дар манзури ҷомеаи ҷаҳонӣ бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро баста, ба бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳусни оғоз бахшид.
Маврид ба таъкид аст, ки барои ба даст овардани истиқ-лолияти энергетикӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, барои сохтмони иқтидорҳои энергетикӣ бар-номаҳои гуногунро амалӣ намояд.
Ин барномаҳо иборатанд аз сохтмони неругоҳҳои хурд, миёна ва бузург дар рӯдҳои мамлакат, неругоҳҳои аловӣ ва инчунин истифодаи нерӯи офтоб.
Мутобиқи нақшаҳои Ҳуку-мати Ҷумҳурии Тоҷикистон, то соли 2020 дар мамлакат бояд 71 адад неругоҳи хурд сохта шавад.
Ҳоло зиёда аз 10 адад чунин неругоҳҳо бо кумаки Бонки рушди исломӣ ва аз ҳисоби ширкати «Барқи тоҷик» бунёд гардидааст.
Илова бар ин, неругоҳҳои Сангтӯда-1 бо иқтидори 2,7 млрд кВт/с ва Сангтӯда – 2 бо иқтидори 930 млн кВт/с ҷиҳати таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар фаъолият мекунанд.
Ҳарчанд ин неругоҳҳо эҳтиёҷи энергетикии мамлакатро қисман таъмин намоянд ҳам, талаботи рӯзафзуни ҷумҳуриро пурра қонеъ карда наметавонанд.
Сохтмони пурраи Неру-гоҳи барқи обии «Роғун» барои ҷумҳурии мо ҳаётан муҳим арзёбӣ мегардад.
Бидуни он сохтмонҳои дар боло зикргардида танҳо чораю тадбирҳои нимаю нимкора боқӣ мемонанд.
Тоҷикистон бо сохтмони пурраи Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба се ҳадафи стратегӣ ноил шуда, аз ҷумлаи кишварҳои пешрафта дар минтақа ва ҷаҳон хоҳад гашт.
Инак, мо бо сарварии Пешвои миллатамон ба ин орзуи неки худ расидем.
Пешвои миллат Неругоҳи оби барқии Роғунро масъалаи ҳаёту мамот дониста, аз ҷумла таъкид доштаанд: «Бунёду барқарорсозии ин иншооти муҳиму стратегӣ барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу оянда хизмат мерасонад.
Он барои рушди иқтисодиёт ва дар маҷмӯъ барои пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад.
Баъди ба истифода додани неругоҳ имкон аст, ки дар кишвар даҳҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ифтитоҳ ва ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис ёбад».
Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои он пешбинӣ шудааст, ки асрҳои аср ба мардуми шарифи Тоҷикистон ва минтақа хидмат намуда, оламеро чароғон созад.
Бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» исботгари он аст, ки халқи тоҷик халқи тавоно ва созандаю бунёдкор буда, қодир аст бо азми қавӣ, меҳнати садоқатмандона ва ваҳдату ҳамбастагӣ ба ҳама хостаҳо ва ормонҳои таърихии хеш ноил гардад.
Рӯзи Президенти Ҷум-ҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани агрегати аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба шумоён ва дар симои Шумо ба кулли мардуми вилоят ва кишвари азизамон муборакбод гуфта, пеш аз ҳама ба Пешвои муаззами миллат ва шумоён тансиҳатӣ, хонаободӣ, бахту иқболи баландро таманно намуда, хоҳони онам, ки ҳамеша Тоҷикистони биҳиштосо гул – гул шукуфон бошад!
Саломату хонаобод бошед!