Санаи 24 ноябри соли ҷорӣ пойгоҳи “Ахбор.ком” матлаберо бо номи “Нашрияи амрикоӣ ҲНИТ-ро ба даст доштан дар куштори сайёҳон айбдор кард” интишор дод. Дар матлаб сухан дар бораи гузориши видеоии Андрей Циганов (“Настоящее время”) дар робита бо қазияи куштори сайёҳони хориҷӣ дар Данғара меравад. Маълум аст, ки бар асари ҳамлаи террористӣ, ки 29 июли соли ҷорӣ дар ноҳияи Данғара иттифоқ афтод, 4 куштаро бо шумули сайёҳони хориҷӣ аз Амрикову Ҳолланд ва Швейтсария ба ҷо гузошт. Муаллифи гузориши видеоӣ ба шарҳи қазия мепардозад ва даст доштани ТТЭ ҲНИ-ро дар он ошкоро баён менамояд.
Бо он ки қазияи ҳамлаи террористӣ ба сайёҳони хориҷӣ, ки тобистони имсол дар ноҳияи Данғара ба вуқўъ пайваст, барвақт ошкор шудааст, расонаҳои хабарию иттилоотии мустақил то имрўз онро пайгирӣ мекунанд ва ҷузъиёти ҳодисаро пайгирӣ менамоянд. Лозим ба ёдоварист, ки ҷиҳати тафтиши қазияи мазкур масъулини ниҳодҳои тафтишӣ-ҷустуҷўйии кишварҳои аврупоӣ, минҷумла амрикоӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд ва чуноне ки аз расонаҳо медонем, мақомоти зиддахли давлатӣ тамоми мадорики заруриро дар иртибот ба қазия дар ихтиёри бозрасони хориҷӣ қарор доданд. Имрўз, ки телевизиони муштараки радиои “Озодӣ” ва “Садои Амрико” “Настоящее Время” ба таври ошкор ТТЭ ҲНИ-ро ба даст доштан дар қатли 4 сайёҳи хориҷӣ дар ноҳияи Данғара айбдор кард, ҷойи баҳсу мунозира нест. Мақомотҳои тафтишии ғарбӣ, аз ҷумла амрикоӣ то ин замон аллакай масъаларо баррасӣ карда, хулосаҳои таҳлилӣ бароварда буданд. Афзун бар ин, ҳанўз баъди чанд рўзи ҳамлаи террористӣ ба сайёҳони хориҷӣ дар Данғара ҷониби Амрико ба мақомоти қудратии Тоҷикистон ҷиҳати тафтиши мунсифонаи қазия ва ёфтану ба ҷавобгарӣ кашидани омилони ҳодиса изҳори ташаккур карда буд. Албатта, нашри маводи телевизионӣ дар робита бо қазияи ҳамлаи террористӣ дар асоси мадорики тафтишӣ ва далелҳои шайъӣ сурат гирифтааст ва табиист, ки ба тарроҳони тарҳи телевизионӣ мақомоти тафтишӣ кумак кардаанд. Фаразан, агар кумаке дар барномаи мазкури телевизионӣ аз ҷониби сохторҳои тафтишӣ сурат намегирифт, ҳатман расонаҳо эродоти худро дар ин замина манзур месохтанд ва муаллифи гузоришро ба бесалоҳиятӣ айбдор мекарданд. Ин аст, ки гузориш ихтисосӣ буда, муҳтавои он бар асоси мадорики зарурии тафтишӣ бунёд ёфтааст.
Он чи ки ба унвони суол дар қазия пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии “Ахбор.ком” ироа менамояд, ба изҳори назари тарафи пуштибонон ва омилони ҳодисаи террористӣ –ТТЭ ҲНИ дахл дорад. Муаллифи гузориши видеоии “Настоящее время” Андрей Циганов ба ин нукта басанда карда, изҳор медорад, ки: “Ҳамлагарон бо супориши кураторашон – узви фаъоли ҲНИТ Қорӣ Носир муддати зиёде гуруҳи бузурги сайёҳони велосипедсаворро дар саросари Тоҷикистон меҷустанд. Шоҳидон монеи куштани ҳамаи сайёҳон шуданд.” Гўшзади тарафи муҷрим дар қазия кореро дар ҷараёни тафтиш ҳал намекунад, зеро ки пуштибонон ва тарроҳони саҳнаи террористӣ ҳеҷ гоҳ худро фош намесозанд ва мутмаинан, гунаҳкор намеҳисобанд. Бигзарем, мақоли мардумӣ дар тавзеҳи ин масъала сидқ мекунад ба ин мазмун “касе дўғи худро турш намегўяд”. Ба ин далел муаллифи гузориш изҳориназарҳо ва мавқеъгириҳои масъулини ТТЭ ҲНИ-ро дар шарҳи қазия зарур наҳисобид.
Муҳим ин аст, ки гузориши видеоӣ бар пояи воқеяитҳои имрўзӣ таҳия гардидааст ва таҳиягар-рўзноманигор — муаллифи гузориши видеоии “Настоящее время” Андрей Циганов дунболи ин ки кӣ чӣ мегўяд, намегардад. Гузоришгар корашро дар сатҳи профессиноналӣ иҷро намуд. Табиист, ки сари он баҳсҳои иттилоотию расонаӣ идома меёбанд, вале он дар бозкушоии иловагии қазия (албатта, барои корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва хонандагони матолиби расонаӣ) кумак мекунад.
Фаридун Ориёӣ